ВидеоМуҳоҷирон

ФАЛАК, ФАРЗОНАГОНРО КУШТАНАТ ЧИСТ? ХУДКУШИИ ТАБИБИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ (4 АКС)

Фалак, фарзонагонро куштанат чист?

Ҳама якдонагонро куштанат чист?

Ту худ девона кардӣ оқилонро,

Пас он девонагонро куштанат чист?

Журналисти тоҷик Шервони Умриддин бо зикри ин мисраъҳои устод Лоиқ Шералӣ хабар дод, ки Ҳеҷ бовар нокарданист, ки боз як пизишки тоҷикро дар Русия аз даст додем… Ин пизишк Зубайдулло Нуров ҳаст, ки дар синни 34 моро тарк кард… Сад дареғ, ки ҳамдеҳаам, инсони хоксор ва донишманд Зубайдулло Нуров низ рӯй бар ниқоби хок кашид ва бо ин ҷаҳони бе бақо видоъ гуфт.

Шервони Умриддин дар бораи сабабҳои марги табиби тоҷик дар чунин синни ҷавон чизе нагуфтааст, вале бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Зубайдулло Нуров рӯзи 15 июн дар шаҳри Маскав дар пайи як муноқишаи оилавӣ худро ба дор овехтааст.

Зубайдулло Нуров зодаи деҳаи Рукнободи ҷамоати Ворӯи Панҷакент Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм карда, се соли охир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскави Русия ба ҳайси табиби ортопед (шикастабанд) кор мекард. Ӯ аз худ ду фарзанд: як писар ва як духтари хурдсолро ба ҷо гузошт.

Интизор меравад, ҷанозаи Зубайдулло Нуров рӯзи 18 июн бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шуда, дар зодгоҳаш деҳаи Рукнобод ба хок супурда шавад.

Аз аввали соли 2021 ин алакай сеюмин зодаи танҳо деҳаи Рукнобод аст, ки риштаи умрашон дар мулки ғурбат ва танҳо дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Рӯзи  20 январи соли ҷорӣ журналист Дониёр Масеҳоев дар Маскав  дар зери чархи мошин ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт. Дониёр – хатмкардаи риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва собиқ устоди кафедраи телевизион ва радиошунавонии риштаи журналистика, 10 соли охир ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар Маскав ба пухтани оши 1 ба 1 Панҷакент машғул буд. Аз Дониёр Масеҳоев  4 фарзанд – 1 духтар ва 3 писар боқӣ монд.

Рӯзи 21 март Меъроҷиддин Иноятов, як зодаи дигари Рукнободро дар Маскав барқ зад ва чунон сахт, ки ҷобаҷо ҷавонмарг шуд. Меҳроҷиддин ҳамагӣ 28 сол дошт ва  муҷаррад аз дунё рафта, нишоне аз худ боқӣ нагузошт.  Аз ӯ ягон нишонае намонд. Меъроҷиддин Иноятов хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буд, вале тӯли 5 соли охир кӯи мардикорӣ дар Русияро пеш гирифта буд…

Шервони Умриддин даргузашти табиб Зубайдулло Нуровро  талафоти бузург номида, навиштааст:

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид монд, мурданаш осон куҷост…

Шервони Умриддин, бознашр аз гуруҳи Covid-19: Тоҷикистон дар Фейсбук

Фалак, фарзонагонро куштанат чист?

Ҳама якдонагонро куштанат чист?

Ту худ девона кардӣ оқилонро,

Пас он девонагонро куштанат чист?

Устод Лоиқ Шералӣ

Ҳеҷ бовар нокарданист, ки боз як пизишки тоҷикро дар Русия аз даст додем…

Ин ҷасад пизишк Зубайдулло Нуров ҳаст, ки дар синни 34 солагӣ моро тарк кард… Сад дареғ, ки ҳамдеҳаам, инсони хоксор ва донишманд Зубайдулло Нуров низ рӯй бар ниқоби хок кашид ва бо ин ҷаҳони бе бақо видоъ гуфт.

Даргузашти пизишк Зубайдулло Нуров на танҳо барои пизишкони тоҷик, балки барои соҳаи тандурустӣ талафоти бузург аст.

Сад дареғ… Худо раҳмат кунад! Пизишк Зубайдулло Нуров ҷойгоҳат дар биҳишт ва хонаи охиратат обод бошад! Ба падару модар, ҳамсару фарзандонат ва ба аҳли оила тасаллият изҳор мекунам!…

Пизишк Зубайдулло Нуров хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Пизишк Зубайдулло Нуров оиладор ва соҳиби 2 фарзанд – 1 писар ва 1 духтар мебошад.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид монд, мурданаш осон куҷост…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button