
Дар се моҳи аввали соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик 329 миллион доллар пул фиристода шудааст. Ин назар ба 359 миллион долларе, ки моҳҳои январ-марти соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ирсол шуд, 30 миллион доллар, ё 9% камтар аст.
Ин арқом аз омори расмиест, ки Бонки марказии Русия рӯзи 17 июн нашр кард. Ин омор ҳокист, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамчунон паёмадҳои пандемияи коронавирусро ҳанӯз пушти сар накардаанд. Дар семоҳаи дуюм шояд вазъияти онҳо билохира тағйир ёбад, чунки Русия аз 1 апрел марзашро барои парвозҳо аз Тоҷикистон ва табъан ба рӯи муҳоҷирони тоҷик кушод.
Бар асоси омори расмии Бонки марказии Русия, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар байни кишварҳои СНГ дар мақоми сеюм аст. Аз ҳама бештар имсол аз Русия ба Ӯзбекистон (967 миллион доллар) пул фиристодаанд. Дар ҷои дуюм боз як кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – Қирғизистон истодааст, ки имсол аз Русия ва низ асосан бо шарофати муҳоҷиронаш 407 миллион доллар пул дарёфт кардааст.
Ҷолиб ин аст, ки ба фарқ аз Тоҷикистон, имсол ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Барои муқоиса ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон 208 миллион доллар (967 миллион ба ҷои 759 миллиони як сол пеш) ё 27,4 фоиз ва ба Қирғизистон 48 миллион доллар (407 миллион ба ҷои 359 миллиони як сол пеш) ё 14% афзудааст.

Кишварҳои дигари СНГ: Озарбойҷон (185 миллион доллар), Арманистон (151 млн), Украина (106 млн), Қазоқистон (100 млн), Молдова (64 млн), Беларус (59 млн) назар ба Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон, се кишвари асосии муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ аз Русия имссол хеле пули камтар дарёфт кардаанд. Ба Туркманистон, ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки аз пули муҳоҷиронаш дар Русия вобастагӣ надорад, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз Русия ҳатто камтар аз 1 миллион доллар пул фиристода шудааст, ки ба қавле, ҳатто кирои гуфтан надорад.

Дар умум дар семоҳаи аввал аз Русия ба хориҷ 8,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки аз он танҳо 2,3 миллиардаш ба кишварҳои СНГ ва 6,4 миллиарди боқимонда ба кишварҳои хориҷаи дур ва асосан ба Ғарб рафтааст. Барои муқоиса, ҳаҷми интиқоли пул ба ҳамаи кишварҳои СНГ ҳатто камтар аз пулест, ки дар ки моҳҳои январ-марти соли 2021 аз Русия танҳо ба ду кишвари Ғарб – Швейтсария (қариб 1,8 миллиард доллар) ва Амрико (658 миллион доллар) рафтааст. Вале агар ба кишварҳои СНГ маоши бо заҳмат бадастовардаи муҳоҷиронашон фиристода шавад, миллиардшое, ки ба Ғарб мераванд, сармояҳоест, ки аз Русия “мегурезонанд.”
Дар умум соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли то пандемия, 800 миллион доллар, ё 32%камтар буд. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон, қариб баробари Тоҷикистон, 1,7 миллиард доллар пул интиқол дода буданд.
Барои ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.

Перечисления из России1 | |||||||||
осуществленные физическими лицами, всего | осуществленные физическими лицами-резидентами | осуществленные физическими лицами-нерезидентами | |||||||
сумма переводов, млн долларов США | средняя сумма одного перевода, долларов США | сумма переводов, млн долларов США | средняя сумма одного перевода, долларов США | сумма переводов, млн долларов США | средняя сумма одного перевода, долларов США | ||||
Всего по странам | 8 744 | 340 | 7 200 | 340 | 1 544 | 341 | |||
Страны дальнего зарубежья | 6 377 | 467 | 5 874 | 434 | 503 | 3 511 | |||
из них2: | |||||||||
ШВЕЙЦАРИЯ | 1 772 | 16 349 | 1 733 | 16 077 | 40 | 61 953 | |||
СОЕДИНЕННЫЕ ШТАТЫ | 658 | 212 | 603 | 194 | 55 | 10 853 | |||
СОЕДИНЕННОЕ КОРОЛЕВСТВО | 587 | 227 | 554 | 214 | 33 | 13 755 | |||
ГЕРМАНИЯ | 274 | 875 | 250 | 809 | 24 | 6 111 | |||
ИСПАНИЯ | 265 | 8 625 | 254 | 8 663 | 11 | 7 811 | |||
ТУРЦИЯ | 228 | 1 277 | 180 | 1 197 | 48 | 1 704 | |||
ЛЮКСЕМБУРГ | 216 | 198 | 211 | 194 | 4 | 69 050 | |||
ЯПОНИЯ | 215 | 2 847 | 209 | 2 795 | 6 | 9 806 | |||
АВСТРИЯ | 181 | 23 405 | 163 | 23 273 | 19 | 24 635 | |||
МОНАКО | 173 | 217 998 | 170 | 233 227 | 3 | 49 784 | |||
КИПР | 147 | 986 | 141 | 950 | 6 | 14 392 | |||
ОБЪЕДИНЕННЫЕ АРАБСКИЕ ЭМИРАТЫ | 146 | 2 452 | 119 | 2 026 | 27 | 34 071 | |||
ИТАЛИЯ | 143 | 6 350 | 128 | 6 419 | 15 | 5 813 | |||
ГРУЗИЯ | 110 | 405 | 96 | 394 | 14 | 498 | |||
ИЗРАИЛЬ | 103 | 5 048 | 98 | 4 988 | 6 | 6 404 | |||
ФРАНЦИЯ | 90 | 3 358 | 73 | 3 011 | 17 | 6 803 | |||
ЛАТВИЯ | 74 | 30 | 70 | 28 | 4 | 3 840 | |||
СИНГАПУР | 44 | 56 | 42 | 53 | 2 | 18 040 | |||
НИДЕРЛАНДЫ | 41 | 414 | 34 | 341 | 7 | 10 572 | |||
ИРЛАНДИЯ | 16 | 13 | 15 | 12 | 1 | 6 445 | |||
Страны СНГ | 2 367 | 196 | 1 326 | 173 | 1 041 | 237 | |||
УЗБЕКИСТАН | 967 | 347 | 469 | 328 | 498 | 366 | |||
КИРГИЗИЯ | 407 | 155 | 250 | 151 | 157 | 161 | |||
ТАДЖИКИСТАН | 329 | 126 | 96 | 104 | 233 | 139 | |||
АЗЕРБАЙДЖАН | 185 | 273 | 150 | 260 | 36 | 338 | |||
АРМЕНИЯ | 151 | 252 | 117 | 243 | 34 | 289 | |||
УКРАИНА | 106 | 310 | 80 | 288 | 26 | 404 | |||
КАЗАХСТАН | 100 | 53 | 69 | 37 | 30 | 3 172 | |||
МОЛДОВА, РЕСПУБЛИКА | 64 | 223 | 49 | 204 | 15 | 314 | |||
БЕЛАРУСЬ | 59 | 232 | 47 | 210 | 12 | 391 | |||
ТУРКМЕНИЯ | 0 | 237 | 0 | 214 | 0 | 417 | |||