ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ПАНҶУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ РАШТ БАРОИ ХУДКУШИИ АРӮСИ ҶАВОНАШ ДАР РӮЗИ ОШИҚОН

Додгоҳи ноҳияи Рашт сокини деҳаи Машконаки ин ноҳия Искандаршо Саймаҳмадовро бо ҷурми ба худкушӣ расондани  ҳамсари ҷавони ҳамагӣ 19-солааш Додова Н.Н. ба 5 солу 6 моҳи зиндон бо адои ҷазо дар колонияҳои низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Додова ҳамагӣ 7 моҳу  7 рӯзи баъди арӯсиаш ва иттифоқан рӯзи 14 феврал, ки дар дунё ҳамчун Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад, худро ба дор овехта буд…

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16 июн бо нашри тафсилоти ин парванда навишт, санаи 14 феврали соли 2021, тахминан соати 08:30 ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт ҷасади шаҳрванд Додова Н.Н., санаи таваллудаш 28 сентябри соли 2002, бо аломатҳои худовезӣ дохил гардид, вале зимни азназаргузаронии ҷасад хешовандони марҳум барои кушодани ҷасад розигӣ надода, ҷасадро маҷбуран гирифта бурда, ҳамон рӯз дафн кардаанд.

  Прокурори ноҳия, рӯзи 19 феврал дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 109, қисми 2 (Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар рафти тафтиши парванда, бино ба гузориши маркази  матбуоти Додситонии кул, “муайян карда шудааст, ки Саймаҳмадов Искандаршо Нуралиевич, бо Додова Н.Н. 08 августи соли 2020 ақди никоҳ баста, муддати 7 моҳи зиндагии якҷоя мунтазам Додова Н.Н.-ро таҳти лату кӯб қарор дода, рӯзи 13 феврали соли 2021 бошад, бо баҳонаи он, ки бидуни иҷозат ба хонаи волидонаш рафтааст, бо мақсади додани озори ҷисмонӣ ба дасту пойҳо, миён ва қафаси синаи Додова Н.Н. зарбаҳо зада, таҳқирҳо кардааст. Додова Н.Н. ба ранҷу азобҳои мунтазами шавҳараш тоқат накарда, 14 феврали соли 2021, тахминан соати 7:25 дақиқа худро бо банд дар ошхонаи ҳавлии истиқоматии шавҳараш, воқеъ дар деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт овехта, ба ҳалокат расонидааст.”  

Ҳарсол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Беш аз нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Муноқишаҳои оилавӣ, камбудиҳои рӯзгор, афсурдагӣ, ноумедӣ ва хушунат дар оила аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарони тоҷик ном бурда мешаванд. Вале ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани шавҳарон ва дигар аъзои оила бо ҷурми ба худкушӣ расондан дар кишвар то ҳол ками дар кам аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button