ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 16 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 16 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ПАНҶУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ РАШТ БАРОИ ХУДКУШИИ АРӮСИ ҶАВОНАШ ДАР РӮЗИ ОШИҚОН

АДВОКАТИ ТОҶИК АБДУЛМАҶИД РИЗОЕВ БАРОИ ИҚТИБОСИ ЯК ШЕЪРИ ШОИРИ КЛАССИК БА 5,5 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

ЯК ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ ХОҲАРАШРО БО КОРД КУШТ, ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ АМАКАШРО  ҚАТЛ КАРДААСТ

ИСТЕЪФОИ ДУ МАНСАБДОРИ ӮЗБЕК БАЪДИ НАШРИ ВИДЕОЯШОН БО РАҚҚОСАҲОИ НИМАУРЁН

ДАРГУЗАШТИ ҲАБИБУЛЛО ХОЛҶӮРАЕВ – ШОГИРДИ СОДИҚИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ДУ ҒАРҚШУДА ДАР ЯК РӮЗ.  ДАР СУҒД ВА ДУШАНБЕ. ЯКЕ НАҶОТ ЁФТ, ДУЮМӢ ҲАЛОК ШУД

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 2 БАРОДАР ВА ЯКБОРА ДУ КАСРО КОРД ЗАДАНИ ЯК НАВРАС

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи ноҳияи Рашт сокини деҳаи Машконаки ин ноҳия Искандаршо Саймаҳмадовро бо ҷурми ба худкушӣ расондани  ҳамсари ҷавони ҳамагӣ 19-солааш Додова Н.Н. ба 5 солу 6 моҳи зиндон бо адои ҷазо дар колонияҳои низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Додова ҳамагӣ 7 моҳу  7 рӯзи баъди арӯсиаш ва иттифоқан рӯзи 14 феврал, ки дар дунё ҳамчун Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад, худро ба дор овехта буд….

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16 июн бо нашри тафсилоти ин парванда навишт, санаи 14 феврали соли 2021, тахминан соати 08:30 ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт ҷасади шаҳрванд Додова Н.Н., санаи таваллудаш 28 сентябри соли 2002, бо аломатҳои худовезӣ дохил гардид, вале зимни азназаргузаронии ҷасад хешовандони марҳум барои кушодани ҷасад розигӣ надода, ҷасадро маҷбуран гирифта бурда, ҳамон рӯз дафн кардаанд.

  Прокурори ноҳия, рӯзи 19 феврал дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 109, қисми 2 (Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахе) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар рафти тафтиши парванда, бино ба гузориши маркази  матбуоти Додситонии кул, “муайян карда шудааст, ки Саймаҳмадов Искандаршо Нуралиевич, бо Додова Н.Н. 08 августи соли 2020 ақди никоҳ баста, муддати 7 моҳи зиндагии якҷоя мунтазам Додова Н.Н.-ро таҳти лату кӯб қарор дода, рӯзи 13 феврали соли 2021 бошад, бо баҳонаи он, ки бидуни иҷозат ба хонаи волидонаш рафтааст, бо мақсади додани озори ҷисмонӣ ба дасту пойҳо, миён ва қафаси синаи Додова Н.Н. зарбаҳо зада, таҳқирҳо кардааст. Додова Н.Н. ба ранҷу азобҳои мунтазами шавҳараш тоқат накарда, 14 феврали соли 2021, тахминан соати 7:25 дақиқа худро бо банд дар ошхонаи ҳавлии истиқоматии шавҳараш, воқеъ дар деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт овехта, ба ҳалокат расонидааст.”

 Ҳарсол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Беш аз нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Муноқишаҳои оилавӣ, камбудиҳои рӯзгор, афсурдагӣ, ноумедӣ ва хушунат дар оила аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарони тоҷик ном бурда мешаванд. Вале ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани шавҳарон ва дигар аъзои оила бо ҷурми ба худкушӣ расондан дар кишвар то ҳол ками дар кам аст.

ххххххххх

Ризоев Абдулмаҷид

Рӯзи 14 июн додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуқуқшиноси созмони “Ампаро” Ризоев Абдулмаҷидро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Ризоевро бар асоси моддаи 307, иловаи 2, қисми 2 ба даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи Интернет гунаҳкор шинохт.

Дилафрӯз Самадова, адвокати Ризоев гуфт, ки онҳо бо ҳукми додгоҳи Шоҳмансур розӣ нестанд ва аз он шикоят хоҳанд бурд. «Ягон ҳуқуқдон набояд барои иҷрои вазифаи касбиаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, ягон нафар набояд барои озодии баён ба ҷавобгарӣ кашида шавад», – изҳор дошт Самадова  дар як шарҳи парвандаи Ризоев дар саҳифааш дар Фейсбук.

Худи Ризоев  низ иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо шадидан рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ду моҳи охир фаъолона машғули ҳимояти ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухоро буд ва ба зидди ӯ бар асоси шикояти ширкати ҶДММ «Пӯлодӣ Плаза», ки мехоҳад дар ҷои бинои №49 бинои нав бисозад, парванда кушодаанд.

«Онҳо ду рӯз пеш аз боздоштам бо ман мулоқот карда, таҳдид карда буданд, ки агар ман шикоятамро нагирам, маро ба зиндон меандозанд», – гуфт дар рафти мурофиау Ризоев.Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки «ман ҳеҷ гоҳ ифротгаро набудаму нестам, ман ҳуқуқдонам. Аз ман барои як шеъри «Падаре гуфт бо писар», ки ман дар саҳифаам гузоштам, ифротгаро сохтанд. Ин шеъри машҳур аст ва онро ҳама – шоирон, ҳунарпешаҳо қироат мекунанд, он дар Ютуб ҳам нашр шудааст. Вале коршиносон ба хулосае омаданд, ки дар ин шеър даъвати пинҳонӣ ба ифротгароӣ вуҷуд дорад …»

Абдулмаҷид Ризоев нахустин адвокати тоҷик нест, ки барои иқтибос аз ашъори шоирони классик маҳкум ба зиндон мешавад.

Моҳи марти соли 2017 Додгоҳи олии Тоҷикистон адвокат Бузургмеҳр Ёровро, ки он вақт алакай ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, барои дар толори додгоҳ баъди эълони ҳукми якумаш қироат кардани як дубайтии Абӯалӣ Ибни Сино боз ба 2 соли иловагии зиндон маҳкум кард.

Ин дубайтии машҳури Сино, ки Ёров дар додгоҳ хонд, ин аст:

Бо ин ду-се нодон,ки чунин медонанд,

Аз ҷаҳл,ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош,ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

Додгоҳи олӣ гуфт, Ёров  бо қироати ин дубайтии Сино додрас ва айбдоркунандаи давлатиро таҳқир кардааст.

ххххххххххххххххх

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, рӯзи 15-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:00, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо хоҳараш, ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 5-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Дар бораи сабаби ҷанҷоли акаю хоҳар, ки бо чунин фарҷоми хунин поён ёфт, чизе гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин ҷавон барои қатли хоҳараш то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти ВКД ҳамчунин аз ошкор шудани як ҳодисаи одамкушӣ дар Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилоияи расмӣ, марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст ва соли 2014 бар асоси моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми авбошӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни ҳол дар колонияи ислоҳии сукунатӣ адои ҷазо мекард,  ин дафъа даст ба одамкушӣ задааст.

“Номбурда, 14-уми июни соли 2021, тахминан соати 19:00-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо амакаш марди 48-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас бо корд 2 -маротиба ба қисмати дилаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – гуфта мешавад дар хабари ВКД.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон хабарҳо дар бораи куштори хешовандони наздик ва ҳатто аъзои оила зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон инро ба коста шудани сатҳи ахлоқии ҷомиа ва аҳамияти қаблии худро аз даст додани арзишҳои суннатие, чун риштаҳои хешутаборӣ, бастагӣ медиҳанд, рӯҳониён аз арзишҳои динӣ дур шудани мардумро муқассир мешуморанд.

ххххххххххххххххх

Муовини раиси ноҳияи Сирдарёи Узбекистон оид ба рушди саноат ва сохтмон Нуралӣ Мирзоев ва сардори шуъбаи ободонии ин ноҳия Нозир Муродов рӯзи 14 июн “бо хоҳиши худ аз мақомҳояшон истеъфо додаанд”. Дар ин бора нашрияи “Хабарҳои Сирдарё” аз қавли хадамоти матбуоти ҳокимияти Сирдарё хабар додааст.

Исми ин мансабдорони маҳаллӣ дар пайи нашри видеои дар як тарабхона бо раққосаҳои нимаурён истироҳат карданашон вирди забонҳо шуд. Дар видео дида мешуд, ки ба назди мансабдорон, ки дар тарабхона шом мехӯрданд, як гуруҳи раққосаҳо бо либоси нимаурён ҳозир мешаванд ва барояшон мерақсанд. Мансабдорон хушҳолона ин лаҳзаҳоро бо телефон ба навор мегиранд ва ба раққосаҳо пул мечаспонанд.

Ин видео дар байни корбарони ӯзбек чунон сарусадои зиёд ба по кард, ки мақомоти ҳокимияти вилояти Сирдарё маҷбур шуданд, ки дар канали расмии худ дар Телеграм дар ин бора шарҳи расмӣ чоп кунанд. Вале шарҳе ки узри бадтар аз гуноҳро мемонад.

Бино ба иттилои расмӣ, ин видео дар нимаи моҳи октябри соли 2020, тахминан соати 21 дар тарабхонаи “Евро Азия” сабт шудааст. Дар ин ҷо кормандони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла сардори идораи ободонии ноҳия, сармутахассиси нозироти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, сардори корхонаи фаръии давлатии “Сувоқова”, сардори идораи роҳсозӣ ва муовини кунунии ҳокими ноҳияи Сирдарё, ки он вақт ҳанӯз ёрдамчии ҳокими ноҳия буд, гӯё баъди кор ҷамъ шуда, якҷоя хӯроки шом мехӯрданд.

Ва гӯё баногоҳ ба назди мизе, ки онҳо нишаста буданд, раққосаҳои балети “Шов”, ки дар ин тарабхона кор мекарданд, омада, дар пешашон рақс кардаанд.

Бино ба фарзияи мақомот, гӯё ба мансабдорон ин рафтори раққосаҳо хуш наомадааст ва онҳо ба раққосаҳо пул дода, аз онҳо хостаанд, ки толорро тарк кунанд.

Вале дар видеое, ки нашр шудааст, дида намешуд, ки мансабдорон аз пайдо шудану барояшон рақсидани раққосаҳои нимаурён гӯё нороҳат шуда бошанд. Баракс дида мешуд, ки онҳо бо хушҳолӣ барояшон рақсидани раққосаҳоро бо телефон ба навор мегиранд ва ба онҳо фаъолона пул мечаспонанд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Ҳабибулло Холҷӯраев, доктори илми таърих, асосгузор ва директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва маркази илмии “Ғафуровшиносӣ” дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Холҷӯраев аз шогирдони содиқи Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров буд ва як умр барои пос доштани номи муаллифи шоҳасари “Тоҷикон” талош кард.

Ҳабибулло Холҷӯраев 5 декабри соли 1933 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Хуҷанд) таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ӯ дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсент дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҳабибулло Холҷӯраев яке аз муассисон ва Директори ҳозираи Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ин осорхона дар шаҳри Ғафуров соли 1998 таъсис ёфт. Холҷӯраев аз ҳисоби маблағи хеш осорхонаи шахсӣ барпо намуда дар он гӯшаҳои “Шахсиятҳои маъруфи кишвар”, “Олимони барҷастаи кишвар”, “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол” ва ғ. кушодааст.

Ҳабибулло Холҷӯраев рисолаи номзадӣ ва докториашро дар риштаи илми таърих, таҳти роҳбарии академики АИ ИҶШС Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Москва ба анҷом расонида, дифоъ намудааст. Кашфиётҳои илмии ӯ ҷанбаҳои гуногуни илмҳои таърихи Осиёи Миёна ва Тоҷикистон, таърихи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷатнигориву шарҳиҳолшиносиро дар бар мегиранд. Бо ташаббуси ӯ дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва маркази илмии “Ғафуровшиносӣ” дар назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст.

Ҳабибулло Холҷӯраев муаллифи зиёда аз 500 қомусу асар, монографияҳо ва маҷмӯаҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ (аз ҷумла беш аз 50 рисолаҳои илмӣ) мебошад. Сермаҳсултарин олими ҷумҳурӣ аст. Таҳти роҳбарии профессор Ҳабибулло Холҷӯраев зиёда аз 30 нафар аспирантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Ҳоло 8 нафар аспирантон ва унвонҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии ӯ рисолаи илмӣ менависанд.

ххххххххххххххххх

Акс аз сомонаи КҲФ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи 15 июн дар обанбори Сомғор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як ҷавони 19-соларо аз ғарқ шудан наҷот додаанд. Вале дар Душанбе як ҷавони 22-сола ҳангоми оббозӣ дар кӯли сунъии маъруф ба номи “Мехкарйер” дар маҳаллаи Чимтеппа ғарқ шуда, ҷон бохтааст.

Бино ба гузориши КҲФ, сокини 19-солаи ноҳияи Б.Ғафуров рӯзи 15 июн, соати 14:30 вақте ғарқ шуд, ки дар як макони барои оббозӣ қатъиян мамнӯъ дар обанбори истгоҳи обкашии Сомғор оббозӣ мекард.  Бино ба ин манбаъ, наҷотдиҳандагони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ки дар обанбори Сомғор навбатдорӣ мекарданд, “шахсеро диданд, ки дар об ғарқ мешуд ва дар талошаш барои берун омадан ноком мешуд. Онҳо хеле зуд ба маҳалли ҳодиса расиданд ва писари дар ҳоли ғарқ шуданро берун кашиданд. Ба ҷабрдида ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд, вале барои бистарӣ шудан дар бемористон майл накард.”

Аммо дирӯз, боз ҳам баъд аз зӯҳр, як ҷавони 22-сола дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер” воқеъ дар маҳалли Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар ғарқ шудааст.

Ин хабар аз тариқи Шумораи ягонаи “112” ба Қисми навбатдорӣ расид ва гуфта мешуд, ки шахси ношиносе дар кӯли сунъии Мехкарйер ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ин ҷавонро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Ин ниҳод бори дигар аз шаҳрвандон хост, дар ин рӯзҳои гарме, ки ҳама худро ба соҳили обҳо мезанад, кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое оббозӣ ва шиноварӣ намоянд, ки иҷозат дода шудаанд.

Оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ хатари зиёд ба ҷони шумо дорад”, – таъкид мекунад КҲФ.

Бино ба ҳисобҳо, аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон беш аз 40 нафар ҷон бохтаанд. Тақрибан нисфи онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

хххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Шаби 14 июн, соати 22:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Хайруллозода Азимҷон, сокини 27-солаи ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар километри 218-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати Калъачаи Калон аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шарифов Абубакр Абдуллоевич, с.т. 2004, сокини ҷамоати  Сомони шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ дар ҷойи ходиса ба ҷон додааст.

Мутаассифона, субҳи 15 июн, соати 05:40, дар 283-ум километри роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати Деҳмой дар натиҷаи бархӯрди мошини тамғаи «Мерседес», таҳти идораи Бурҳонов Мубинҷон, с.т. 1996, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, бо мошини “Портер”-и марбут ба сокини Деҳмой Қаландаров Дилшод, с.т. 1983,  ки мошинаш дар қисми рости роҳ беҳаракат меистод,  ронандаи “Портер” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 15 июн, соати 11:00,  ронандаи «Мерседес», Сафарзода Фирӯз, с.т. 1996, сокини ҷамоати Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Б.Бурунов, аз уҳдаи идора набаромада, мошинро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда Сафарзода Ф.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бародараш Сафарзода Намози Аброриддин, с.т. 1998, маҷруҳ шудааст.

ххххххххх

Як ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин наврас рӯзи 15 июн, тахминан соати 11:40, бо ду ноболиғи 16-солаи сокинони пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҳиссиётӣ авбошӣ бо корди дасташ 1-маротибагӣ ба қафаси синаашон задааст.
Дар натиҷа, ҳарду ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, пас аз муоинаи тиббӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд.
ххххххххххх

Як сокини 32-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соли 2016 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз як ҷавони 21-солаи сокини Душанбе 7500 доллар гирифта, ваъда додааст, ки пас аз 2 моҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст.
Ҳамин нафар инчунин ба он гумонбар мешавад, ки бо ҳамин роҳ соли 2018, дар кӯчаи Лохутӣ аз марди 31-солаи сокини пойтахт 42 ҳазор доллар гирифта, ба ӯ ҳам ваъда додааст, ки пас аз 2 моҳ пулашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button