ТоҷикистонҲуқуқи инсон

РЕПОРТАЖ АЗ ТОЛОРИ СУД: 7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ “ОСИМ – МУДЖАХЕД” БАРОИ ЧАНД ЛАЙК ЗЕРИ МАТЛАБҲОИ ТАНҚИДӢ (ВИДЕО+4 АКС)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ Осим Аюбзода ном шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси моддаи 307, иловаи  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тамошо кардан ва лайк мондан дар зери матлабҳои танқидӣ ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Ҷараёни ин мурофиаи додгоҳиро барномаи телевизионии “Мурофиа” сабт ва тавассути Ютуб-канали Қонун ТҶ нашр кардааст. Ин видеои 43-дақиқагӣ дар сомонаи додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ низ нашр шудааст.

Муаллифи барнома дар суҳбат бо “Бомдод” тасдиқ кард, ки ин видео саҳнасозӣ нест ва чунин мурофиа дар ҳақиқат баргузор шуда, шаҳрванд барои лайк мондан ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ҷараёни мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, ки Осим Аюбзода ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанаш бо номи мустаор ё никнейми “Осим – Муджахед” дар шабакаҳои Одноклассники, Фейсбук ва Ютуб саҳифа кушода, барномаҳои “созмонҳои террористиро,  ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад, мунтазам тамошо ва ҷонибдорӣ мекард.”

Тавре дар навор дида мешавад, худи Осим Аюбзода дар додгоҳ мегӯяд, фикр мекард, ки азбаски бо номи мустаор вориди шабакаҳо мешавад, ӯро намеёбанд.  Ӯ гуфт, барномаҳоеро тамошо мекард, ки дар онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ин кишвар интиқод мекарданд. 

Исми созмоне, ки Осим Аюбзода гӯё барномаҳояшонро тамошо мекард ва зераш лайк мегузошт, гуфта намешавад ва айбдоршаванда танҳо аз Аҳрор ном нафаре ном мебарад, ки гӯё ба ӯ дар ивази видеоҳои танқидӣ дар бораи мақомоти Тоҷикистон пул ваъда додааст. Аюбзода гуфт, “онҳо барои лайк гузоштан ё паҳн кардани видеоҳояшон пул намедоданд, вале Аҳрор гуфт, ки агар ман видеоҳои нав барояшон пайдо кунам, пулашро медиҳанд.”

Ҳомиёни ҳуқуқ барои лайк гузоштан ё бознашри матлабҳо дар Интернет ба чандин соли зиндон маҳкум кардани афроди бо чунин иттиҳом дастгиршуда дар Тоҷикистонро ҷазои беш аз ҳад шадид мешуморанд ва бар инанд, ки чунин қазияҳо номи Тоҷикистонро дар чашми ҷомиаи байналмилалӣ ҳамчун саркӯбгари ҳуқуқи инсон намудор месозад.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ахиран ҷазоро барои лайк мондан дар зери матлабҳои “ифротӣ” сабуктар карданд.

Маъмулан шаҳрвандон дар Тоҷикистон барои бознашр ё лайк гузоштани маводи марбут ба созмонҳои ифротие, чун ДОИШ, равонаи зиндон мешуданд. Аммо мурофиаи Осим Аюбзода аз нахустин мавридҳоест, ки як нафар дар Тоҷикистон барои тамошои барномаҳои танқидӣ маҳкум ба зиндон мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button