ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СОКИНОНИ СЕЛЗАДАИ НАВОБОДУ ИТТИФОҚ (13 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 июн, дар рӯзи аввали сафари кориаш ба водии Вахш дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқот карда, ба чанд оилае, ки манзилҳои навашон алакай пурра сохта шудааст, калиди хонаҳоро тақдим кард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, “хонаҳои бунёдгардида, 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд.”

Сокинони ин гӯшаи ноҳияи Вахш бар асари селу боришоти шадиди рӯзи 11 май зарар диданд ва мақомот он вақт тасмим гирифтанд, ки барои онҳое, ки хонаҳояшонро сел зад, манзилҳои нав бунёд мекунанд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуот, сокинони зарардида “аз ғамхорӣ ва кӯмаку дастгириҳои хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, …дар назди Сарвари давлат ваъда доданд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар ободӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.”

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 июн ҳамчунин бо сокинони аз офати табии рӯзи 11 май зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ мулоқот кард. Рӯзи 11 май бар асари фурӯ рафтани як масоҳати бузурги замин дар Навобод ҳудуди 20 хона ва 100 гектар замин ба зери хок рафт. Мақомот барои оилаҳои зарардида 20 хонаи нав бунёд мекунанд. Интизор меравад, сохтмони ин хонаҳо моҳи июл ба анҷом расонда шавад.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ барои ташриф ба ин мавзеъ ва шахсан бохабар гардиданашон аз ҳолу аҳволи зарардидагон, дастгирии моддию маънавии мардум  ва “ғамхории падарона ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки “бо меҳнати худ оянда ин мавзеъи навбунёдро ба яке аз маконҳои сарсабзу хуррам табдил хоҳанд дод.”    

Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15.06.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button