ВидеоДин ва боварҳо

МУФТӢ САИДМУКАРРАМ: ИМСОЛ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАҶ ФАРЗ НЕСТ

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, ба далели хатари паҳншавии коронавирус “барои ҳеҷ фарди Тоҷикистон имсол рафтани ҳаҷ фарз нест.”  Ӯ ба онҳое, ки имсол ба Ҳаҷ рафта натавонистанд машварат дод, то пули сафарашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла барои ободонии хонаҳои худ ё кумак ба мардуми ниёзманд сарф кунанд.  Абдулқодирзода гуфт, чунин иттифоқ, яъне манъи сафари Ҳаҷ дар таърих инак бори панҷум рӯй медиҳад. Арабистони Саудӣ, мизбони маросими Ҳаҷ инак ду сол паиҳам маросими Ҳаҷро танҳо ба теъдоди маҳдуди зоирони сокини худи ин кишвар иҷозат дода, вуруди зоирон аз кишварҳои дигарро манъ мекунад.

«Имсол низ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мусулмонони ҷаҳонро барои рафтани ҳаҷ манъ кардааст ва қабул намекунад. Дарвоқеъ, барои ҳеҷ фарди Тоҷикистон имсол рафтани ҳаҷ фарз нест, ба хотире, ки дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Гап дар бораи хуруҷи COVID-19 меравад, ки ҳанӯз хавфи он аз байн нарафтааст. Мардуми Тоҷикистон бояд хотирҷамъ бошанд ва аз ин ҷо дуо кунанд, то ки Худованди азза ва ҷалл ҳарчӣ зудтар ин балову вабову хатарро бартараф кунад ва  фарз ё ҳарам дубора барои мусулмонон  кушода шавад», — изҳор дошт муфтӣ.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат дод, онҳое, ки нияти ҳаҷ  намуда,  сафархарҷиашонро ҷамъ намудаанд, хуб мешавад, агар он маблағро барои ободонии манзили зисти хеш ва  атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд.

Муфтӣ  аз  як ҳадиси Пайғомбари ислом (с.а.с) мисол овардааст: «Агар мехоҳед, ки Худованди азза ва ҷалла ба шумо саодати доимӣ биёрад, ҳамеша дастгири ниёзмандон бошед ва барои саодатмандии дигарон саъю талош ва кумак кунед».  Яъне бояд   мусулмон корҳои хайр ва садақаҳои ҷорияе анҷом диҳад, то ин ки ба мақсадҳои аслӣ ва саодати абадӣ бирасад.

«Ман аз ҳамаи онҳое, ки азми сафари муборак карда буданд, хоҳиш мекунам маблағҳои  пасандозашонро, ки дар даст доранд, барои ободонӣ ё корҳои хайр анҷом бидиҳанд ва  фурсатро ғанимат дониста, аз ин савоб худро маҳрум насозанд»,- таъкид намуд муфтӣ.

Ёдовар мешавем, ки  Арабистони Саудӣ рӯзи 12 июн эълом дошт, ки  имсол  танҳо ба 60 ҳазор сокини  сиинашон аз 18 то 65,  ки гирифтори бемориҳои сироятӣ нестанд ва аз коронавирус эм шудаанд, барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад.  Дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта танҳо 10 000 нафар ширкат намуданд, ки 70% онҳо хориҷиён ва 30% — саудиҳо буданд.

Барои муқоиса, соли 2019, дар маросими ҳаҷ 2,5 миллион нафар иштирок карда буд.

“Ховар” менависад, Ҳаҷи акбар ва ҳаҷи умра, ки тамоми сол идома меёбад, то даврони коронавирус ҳар сол ба Арабистони Саудӣ тақрибан 12 миллиард доллар фоида меовард.

Саудӣ моҳи октябри соли 2020 баъди ҳафт моҳ бори аввал Масҷиди Ҳарамро барои адои намоз боз кард ва ҳаҷҷи умраро қисман иҷозат дод.

Дар Арабистони Саудӣ то имрӯз  тақрибан 460 ҳазор мавриди сироят ба коронавирус ва беш аз 7500 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудаааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button