ВидеоТоҷикистон

ХУШХАБАР БАРОИ МУҲОҶИРОН!!! ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 15 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими сешанбе, 15 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ПУТИН ЗАМОНИ БУДУБОШИ МУҲОҶИРОНРО ДАР РУСИЯ ТО 30 СЕНТЯБР ТАМДИД КАРД

7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ “ОСИМ – МУДЖАХЕД” БАРОИ ЧАНД ЛАЙК ЗЕРИ МАТЛАБҲОИ ТАНҚИДӢ МУФТӢ САИДМУКАРРАМ: ИМСОЛ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАҶ ФАРЗ НЕСТ

АБӮ ЗАБӢ ТОҶИКИСТОНРО АЗ “РӮЙХАТТИ САБЗ” ХОРИҶ КАРД/КОРОНАВИРУС ҲАСТ Ё НЕСТ?

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СОКИНОНИ СЕЛЗАДАИ НАВОБОДУ ИТТИФОҚ

ДАРГУЗАШТИ ШОИРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САЛИМШО ҲАЛИМШО

БОЗДОШТИ КОРМАНДИ МБТИ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 4 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ЯК КОРАФТОДА

ҲУШДОРИ КҲФ АЗ БОРОНУ РАЪДУ БАРҚ ДАР КӮҲИСТОН ВА ГАРДУ ЧАНГБОД ДАР ВОДИҲО

ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 60 ҲАЗОР ДОЛЛАР ДАР ДУШАНБЕ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 15 июн бо имзои як фармон муҳлати имтиёзҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар даврони пандемияи коронавирусро то 30 сентябр тамдид кард.

Матни фармони Путин дар сомонаи Кремл нашр шудааст.

Тибқи ин фармон, муҳлати сабти номи муҳоҷирон ба таври автоматӣ то 30 сентябр тамдид шуда, то поёни моҳи сентябр ҳамчунин ихроҷ ё берун кардани хориҷиён аз қаламрави Русия  низ манъ карда мешавад. Ба истиснои онҳое, ки аз маҳбас ҷавоб мешаванд ва онҳое, ки барои амнияти миллии Русия хатар эҷод мекунанд.

Бо фармони Путин ҳамчунин ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС)  ҳақ дода мешавад, ки сарфи назар аз ҳадафи эъломкардаи сафарашон ба Русия то 31 декабри соли 2021 қарордодҳои корӣ ва шаҳрвандию ҳуқуқӣ имзо кунанд. Ба шаҳрвандони дигар кишварҳо иҷозат дода мешавад, ки муҳлати патенти худро то 30 сентябр тамдид кунанд.

Ин фармони Путин аз 16 июн ба иҷро медарояд.

Чанд моҳи охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо итминон ба инки Путин дигар фармонаш дар мавриди тамдиди замони будубоши муҳоҷиронро тамдид намекунад, боисрор талаб доштанд, ки муҳоҷирон то 15 июн ё худро сабти ном кунанд ваё тарки қаламрави Русия кунанд.

Бо наздик шудани 15  июн дар марказҳои сабти асноди муҳоҷирон аз ҳисоби онҳое, ки мехостанд то ин муҳлат будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд, навбатҳои хеле бузург ба вуҷуд омад.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро хеле зиёдтар аз арқоми воқеӣ мешуморанд.

ххххххххххххххххх

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Осим Аюбзода ном шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси моддаи 307, иловаи  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тамошо кардан ва лайк мондан дар зери матлабҳои танқидӣ ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Дар ҷараёни мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, ки Осим Аюбзода ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанаш бо номи мустаор ё никнейми “Осим – Муджахед” дар шабакаҳои Одноклассники, Фейсбук ва Ютуб саҳифа кушода, барномаҳои “созмонҳои террористиро,  ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад, мунтазам тамошо ва ҷонибдорӣ мекард.”

Тавре дар навор дида мешавад, худи Осим Аюбзода дар додгоҳ мегӯяд, фикр мекард, ки азбаски бо номи мустаор вориди шабакаҳо мешавад, ӯро намеёбанд.  Ӯ гуфт, барномаҳоеро тамошо мекард, ки дар онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ин кишвар интиқод мекарданд. 

Исми созмоне, ки Осим Аюбзода гӯё барномаҳояшонро тамошо мекард ва зераш лайк мегузошт, гуфта намешавад ва айбдоршаванда танҳо аз Аҳрор ном нафаре ном мебарад, ки гӯё ба ӯ дар ивази видеоҳои танқидӣ дар бораи мақомоти Тоҷикистон пул ваъда додааст. Аюбзода гуфт, “онҳо барои лайк гузоштан ё паҳн кардани видеоҳояшон пул намедоданд, вале Аҳрор гуфт, ки агар ман видеоҳои нав барояшон пайдо кунам, пулашро медиҳанд.”

Ҳомиёни ҳуқуқ барои лайк гузоштан ё бознашри матлабҳо дар Интернет ба чандин соли зиндон маҳкум кардани афроди бо чунин иттиҳом дастгиршуда дар Тоҷикистонро ҷазои беш аз ҳад шадид мешуморанд ва бар инанд, ки чунин қазияҳо номи Тоҷикистонро дар чашми ҷомиаи байналмилалӣ ҳамчун саркӯбгари ҳуқуқи инсон намудор месозад.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ахиран ҷазоро барои лайк мондан дар зери матлабҳои “ифротӣ” сабуктар карданд.

Маъмулан шаҳрвандон дар Тоҷикистон барои бознашр ё лайк гузоштани маводи марбут ба созмонҳои ифротие, чун ДОИШ, равонаи зиндон мешуданд. Аммо мурофиаи Осим Аюбзода аз нахустин мавридҳоест, ки як нафар дар Тоҷикистон барои тамошои барномаҳои танқидӣ маҳкум ба зиндон мешавад.

ххххххххххххххххх

Департаменти фарҳанг ва сайёҳии Абӯ Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб, Тоҷикистон ва Бритониёро аз “рӯйхатти сабз”-и кишварҳое, ки сайёҳонашон метавонистанд бидуни карантини  10-рӯза аз ин аморат дидан кунанд, берун кард. Нашрияи Khaleej Times хабар дод, ки ин қарор рӯзи якшанбе, 13 июн содир шудааст. Дар айни замон, дар “рӯйхатти сабз”-и Абӯ Забӣ даҳҳо кишвар, аз ҷумла аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия, Молдова, Озарбойҷон ва ду ҳамсояи наздики Тоҷикистон– Қирғизистон ва Ӯзбекистон боқӣ мондаанд.

Пойгоҳи хабарии «Русские Эмираты»  менависад, ба сайёҳон аз кишварҳои “рӯйхатти сабз” ҳангоми вуруд ба Абӯ Забӣ 10 рӯз карантин нишастан шарт нест, вале онҳо бояд баъди 6 рӯзи омаданашон тест супоранд. Сайёҳон аз кишварҳои хориҷ аз “рӯйхатти сабз” дар Абӯ Забӣ бояд 10 рӯз карантин бишинанд ва рӯзи 8-уми вурудашон тести коронавирус супоранд.

Сабаби аз “рӯйхатти сабз”-и Абӯ Забӣ берун кардани Тоҷикистон гуфта нашудааст. Вале ин тасмим дар пасманзари хабарҳои афзоянда дар бораи мавҷи нави бемории коронавирус дар Тоҷикистон аст. Аммо вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунон пойфишорӣ дорад, ки аз аввали соли 2021, инак беш аз 5 моҳ боз дар ин ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Иддаое, ки кам касе бовараш мекунад.

Сухангӯи вазорати тандурустӣ пойфишорӣ дорад, ки “танҳо гумонбарон ҳастанд, вале ташхисҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар асл гирифтори зуком ё пневмония шудаанд ва бемориашон рабте ба коронавирус надорад.”

Вале дар рӯзҳои охир манобеи нашрияҳо дар озмоишгоҳҳои ғайридавлатие, ки низ тестҳои коронавирусро анҷом медиҳанд, аз ошкор шудани даҳҳо ҳолати нави олудашавии сокинон ба коронавирус хабар медиҳанд. Танҳо дар озмоишгоҳи “Диамед” дар Душанбе ва танҳо дар як рӯзи 8 июн, ба гуфтаи як манбаи “Азия Плюс”, ҳудуди 100 ҳолати коронавирус ошкор шудааст.

Сокинони зиёд аз ҷумла дар суҳбат бо “Бомдод” низ дар бораи ба коронавирус гирифтор шудани наздиконашон хабар медиҳанд.

Ба ақидаи коршиносон, як сабаби асосии пойфишории мақомоти Тоҷикистон ба ин ки “коронавирус дар Тоҷикистон ба нестӣ расонда шуд” азми онҳо барои кушодани роҳи муҳоҷирони тоҷик ба Русия буд. Русия дар ҳақиқат аз 1 апрел ба далели “беҳтар шудани вазхи эпидемиологӣ” ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод ва алакай ҳазорон муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки як сол боз мунтазири кушодани шудани роҳи Русия буданд, худро ба он кишвар расонданд.

Дар баҳори соли 2020 низ мақомоти Тоҷикистон фақат рӯзи 30 апрел, он ҳам дар арафаи ба Душанбе омадани ҳайъати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ба ҳисоботи Тоҷикистон дар бораи гӯё дар ин кишвар набудани ягон ҳолати коронавирус шубҳа кард, аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирусро тасдиқ карданд. Ҳоло низ интизор меравад, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд, ки расидани мавҷи нави коронавирусро билохира эътироф кунад, вале зоҳиран мунтазири иҷозати роҳбарияти сиёсии кишвар аст, ки аз “боло” чӣ хоҳанд гуфт?

ххххххххххххххххх

Саидмукаррам Абдулқодирзода. Акс аз “Ховар”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, ба далели хатари паҳншавии коронавирус “барои ҳеҷ фарди Тоҷикистон имсол рафтани ҳаҷ фарз нест.”  Ӯ ба онҳое, ки имсол ба Ҳаҷ рафта натавонистанд машварат дод, то пули сафарашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла барои ободонии хонаҳои худ ё кумак ба мардуми ниёзманд сарф кунанд.  Абдулқодирзода гуфт, чунин иттифоқ, яъне манъи сафари Ҳаҷ дар таърих инак бори панҷум рӯй медиҳад. Арабистони Саудӣ, мизбони маросими Ҳаҷ инак ду сол паиҳам маросими Ҳаҷро танҳо ба теъдоди маҳдуди зоирони сокини худи ин кишвар иҷозат дода, вуруди зоирон аз кишварҳои дигарро манъ мекунад.

«Имсол низ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мусулмонони ҷаҳонро барои рафтани ҳаҷ манъ кардааст ва қабул намекунад. Дарвоқеъ, барои ҳеҷ фарди Тоҷикистон имсол рафтани ҳаҷ фарз нест, ба хотире, ки дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Гап дар бораи хуруҷи COVID-19 меравад, ки ҳанӯз хавфи он аз байн нарафтааст. Мардуми Тоҷикистон бояд хотирҷамъ бошанд ва аз ин ҷо дуо кунанд, то ки Худованди азза ва ҷалл ҳарчӣ зудтар ин балову вабову хатарро бартараф кунад ва  фарз ё ҳарам дубора барои мусулмонон  кушода шавад», — изҳор дошт муфтӣ.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат дод, онҳое, ки нияти ҳаҷ  намуда,  сафархарҷиашонро ҷамъ намудаанд, хуб мешавад, агар он маблағро барои ободонии манзили зисти хеш ва  атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд.

Муфтӣ  аз  як ҳадиси Пайғомбари ислом (с.а.с) мисол овардааст: «Агар мехоҳед, ки Худованди азза ва ҷалла ба шумо саодати доимӣ биёрад, ҳамеша дастгири ниёзмандон бошед ва барои саодатмандии дигарон саъю талош ва кумак кунед».  Яъне бояд   мусулмон корҳои хайр ва садақаҳои ҷорияе анҷом диҳад, то ин ки ба мақсадҳои аслӣ ва саодати абадӣ бирасад.

«Ман аз ҳамаи онҳое, ки азми сафари муборак карда буданд, хоҳиш мекунам маблағҳои  пасандозашонро, ки дар даст доранд, барои ободонӣ ё корҳои хайр анҷом бидиҳанд ва  фурсатро ғанимат дониста, аз ин савоб худро маҳрум насозанд»,- таъкид намуд муфтӣ.

Ёдовар мешавем, ки  Арабистони Саудӣ рӯзи 12 июн эълом дошт, ки  имсол  танҳо ба 60 ҳазор сокини  сиинашон аз 18 то 65,  ки гирифтори бемориҳои сироятӣ нестанд ва аз коронавирус эм шудаанд, барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад.  Дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта танҳо 10 000 нафар ширкат намуданд, ки 70% онҳо хориҷиён ва 30% — саудиҳо буданд.

Барои муқоиса, соли 2019, дар маросими ҳаҷ 2,5 миллион нафар иштирок карда буд.

“Ховар” менависад, Ҳаҷи акбар ва ҳаҷи умра, ки тамоми сол идома меёбад, то даврони коронавирус ҳар сол ба Арабистони Саудӣ тақрибан 12 миллиард доллар фоида меовард.

Саудӣ моҳи октябри соли 2020 баъди ҳафт моҳ бори аввал Масҷиди Ҳарамро барои адои намоз боз кард ва ҳаҷҷи умраро қисман иҷозат дод.

Дар Арабистони Саудӣ то имрӯз  тақрибан 460 ҳазор мавриди сироят ба коронавирус ва беш аз 7500 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудаааст.

хххххххххххххххх

Салимшо Ҳалимшо, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 15 июн дар синни 85 аз олам чашм пӯшид. Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи марҳум соати 16 баргузор мешавад ва устод Салимшо Ҳалимшоро сипас дар оромгоҳи Сариосиё ба хок месупоранд. Дар бораи иллати марги шоир чизе гуфта нашудааст.

Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада, мактаби миёнаро дар Хоруғ ва соли 1960 риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаааст.

Салимшо Ҳалимшо ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва ҳам дар мақоми мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ дар солҳои 60 вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш “Киштии Инқилоб” (1960)  ва «Роҳи қуллаҳо» (1965) ба истиқболҳои гарм рӯбарӯ шуд ва соли 1965, вақте ҳамагӣ 29 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта шуд.

Аз Салимшо Ҳалимшо ҳамчунин чанд китоби дигари шеър, аз ҷумла «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003) ва «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006), ҳамчунин  драмаи «Кабӯтарони сафед» ба ёдгор мемонад. Намунаҳое аз ашъори Салимшо Ҳалимшоба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худи ӯ ҳам намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ шудаанд.

ххххххххххххххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи Шавкатҷон Ҳотамов, мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ) дар ноҳияи Рӯдакиро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Ҳотамов бар асоси бандҳои “в” ва “г”-и қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ  бо сӯиистифода аз мансаб бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ рӯзи 15 июн дар иттилоияш гуфт, “Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Чунончӣ, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ  ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ  талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номабурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд.”

 Ҳотамовро дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда, ин маблағро аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Акнун бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ба Шавкатҷон Ҳотамов ҳамчун муҷозот ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ)  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 июн, дар рӯзи аввали сафари кориаш ба водии Вахш дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқот карда, ба чанд оилае, ки манзилҳои навашон алакай пурра сохта шудааст, калиди хонаҳоро тақдим кард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, “хонаҳои бунёдшуда 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд.”

Сокинони ин гӯшаи ноҳияи Вахш бар асари селу боришоти шадиди рӯзи 11 май зарар диданд ва мақомот он вақт тасмим гирифтанд, ки барои онҳое, ки хонаҳояшонро сел зад, манзилҳои нав бунёд мекунанд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, сокинони зарардида “аз ғамхорӣ ва кӯмаку дастгириҳои хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, …дар назди Сарвари давлат ваъда доданд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар ободӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.”

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 июн ҳамчунин бо сокинони аз офати табии рӯзи 11 май зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ мулоқот кард. Рӯзи 11 май бар асари фурӯ рафтани як масоҳати бузурги замин дар Навобод ҳудуди 20 хона ва 100 гектар замин ба зери хок рафт. Мақомот барои оилаҳои зарардида 20 хонаи нав бунёд мекунанд. Интизор меравад, сохтмони ин хонаҳо моҳи июл ба анҷом расонда шавад.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ барои ташриф ба ин мавзеъ ва шахсан бохабар гардиданашон аз ҳолу аҳволи зарардидагон, дастгирии моддию маънавии мардум  ва “ғамхории падарона ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки “бо меҳнати худ оянда ин мавзеъи навбунёдро ба яке аз маконҳои сарсабзу хуррам табдил хоҳанд дод.”    

ххххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи  Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки “рӯзҳои наздик, бахусус дар соатҳои шабонгоҳиву субҳгоҳӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеъи марказ ва қисмати ғарбии ВМКБ боронҳои шадид ва раъду барқ пешбинӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари бодҳои шадид эҳтимоли гарду чанг вуҷуд дорад.”

Дар робита ба ин, КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз ҷумла риояи фосила дар  ҳаракати мошинҳо хеле муҳим аст. “Дар ин гуна обу ҳаво резиши санг ва омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф имкон дорад”, – ҳамчунин ҳушдор додааст КҲФ.

Бо мақсади пешгирӣ аз тағйири авзоъи гирифторони бемориҳои дилу раг, қанд ва ғайра КҲФ хостааст, то чунин беморон дар ин чанд рӯзи оянда бештар мутаваҷҷеҳи вазъи саломатии худ бошанд. “Ҳамеша бо худ доруҳои заруриро дошта ва тавсияҳои духтуронро дар ин гуна ҳолатҳои ҷиддан риоя намоед”, – тавсия додааст КҲФ ба чунин беморон.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду мавриди қаллобӣ ба маблағи дар умум 60 ҳазор доллар хабар дод. Яке аз гумонбаршавандаҳо зани сокини пойтахт мебошад.

Бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми майи соли 2021, дар назди бинои идораи нотариалӣ дар кӯчаи Н.Махсум, зани 40-солаи сокини ноҳияи Сино бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 800 доллари амрикоӣ ва 1 адад мошини тамғаи «Тойота-Королла»-ро ба маблағи 24 ҳазору 500 доллар нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки пас аз 2-моҳ маблағҳоро бармегардонад. Аммо, мегӯяд даъвогар, ин зан пули ӯрото ҳол барнагардондааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. ВКД гуфт, ин шаҳрванд ба он гумонбар мешавад, ки  тахминан моҳи майи соли 2017, дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ҷамоати ба номи Ҳамробоеви шаҳри Конибодом даромадааст ва аз ӯ 35 ҳазор доллар гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
ВКД гуфт, нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва тафтишот идома дорад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button