ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ КҲФ АЗ БОРОНУ РАЪДУ БАРҚ ДАР КӮҲИСТОН ВА ГАРДУ ЧАНГБОД ДАР ВОДИҲО

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи  Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки “рӯзҳои наздик, бахусус дар соатҳои шабонгоҳиву субҳгоҳӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеъи марказ ва қисмати ғарбии ВМКБ боронҳои шадид ва раъду барқ пешбинӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари бодҳои шадид эҳтимоли гарду чанг вуҷуд дорад.”

Дар робита ба ин, КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз ҷумла риояи фосила дар  ҳаракати мошинҳо хеле муҳим аст. “Дар ин гуна обу ҳаво резиши санг ва омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф имкон дорад”, – ҳамчунин ҳушдор додааст КҲФ.

Бо мақсади пешгирӣ аз тағйири авзоъи гирифторони бемориҳои дилу раг, қанд ва ғайра КҲФ хостааст, то чунин беморон дар ин чанд рӯзи оянда бештар мутаваҷҷеҳи вазъи саломатии худ бошанд. “Ҳамеша бо худ доруҳои заруриро дошта ва тавсияҳои духтуронро дар ин гуна ҳолатҳои ҷиддан риоя намоед”, – тавсия додааст КҲФ ба чунин беморон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button