ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ШОИРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САЛИМШО ҲАЛИМШО

Салимшо Ҳалимшо, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 15 июн дар синни 85 аз олам чашм пӯшид. Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи марҳум соати 16 баргузор мешавад ва устод Салимшо Ҳалимшоро сипас дар оромгоҳи Сариосиё ба хок месупоранд. Дар бораи иллати марги шоир чизе гуфта нашудааст.

Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада, мактаби миёнаро дар Хоруғ ва соли 1960 риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаааст.

Салимшо Ҳалимшо ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва ҳам дар мақоми мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ дар солҳои 60 вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш “Киштии Инқилоб” (1960)  ва «Роҳи қуллаҳо» (1965) ба истиқболҳои гарм рӯбарӯ шуд ва соли 1965, вақте ҳамагӣ 29 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта шуд.

Аз Салимшо Ҳалимшо ҳамчунин чанд китоби дигари шеър, аз ҷумла «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003) ва «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006), ҳамчунин  драмаи «Кабӯтарони сафед» ба ёдгор мемонад. Намунаҳое аз ашъори Салимшо Ҳалимшоба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худи ӯ ҳам намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ шудаанд.

Ин аз намунаи ашъори марҳум аст:

Аз синаи об дар ҷаҳон ҳаст шудем.

Аз қатраи ноб дар замон маст шудем.

Мо реша яқин дар оби Кавсар дорем,

Бо абр ба офтоб ҳамдаст шудем.

хххх

Дар кишвари ишқ худнамоӣ манамо.

Дар дафтари ишқ худситоӣ манамо.

Бар ҳастии худ нигар зи қутби дили ёр,

Бар раҳбари ишқ раҳнамоӣ манамо.

Ато Мирходжа

Шоири маъруфи тоҷик устод Салимшо Ҳалимшо дар синни 86 олами фониро падруд гуфт.

Ҷанозаи устод Салимшо Ҳалимшо ҳамин рӯз, соати 16 дар назди хонаи марҳум барпо мешавад.

Марҳум дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.

Manzuri Mavlodod

Дар кишвари ишқ худнамоӣ манамо.

Дар дафтари ишқ худситоӣ манамо.

Бар ҳастии худ нигар зи қутби дили ёр,

Бар раҳбари ишқ раҳнамоӣ манамо.

Макони охирати шоири махбубу маьруфи Ватан устод Салимшо Халимшо рушану мунаввар бод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button