ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ КОРМАНДИ МБТИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 4 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ЯК КОРАФТОДА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи Шавкатҷон Ҳотамов, мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ) дар ноҳияи Рӯдакиро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Ҳотамов бар асоси бандҳои “в” ва “г”-и қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ  бо сӯиистифода аз мансаб бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ рӯзи 15 июн дар иттилоияш гуфт, “Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Чунончӣ, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ  ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ  талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номбурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд.”

 Ҳотамовро дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда, ин маблағро аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Акнун бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ба Шавкатҷон Ҳотамов ҳамчун муҷозот ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ)  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button