ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ЗОДАИ ИСФАРАИ ТОҶИКИCТОН ИЛЁС ТЕШАЕВ ЧЕМПИОНИ РУСИЯ ШУД

Варзишгари 19-солаи зодаи Тоҷикистон Илёс Тешаев  дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оида ба муҳорибаҳои омехтаи ҷангӣ СБИ дар шаҳри  Нижний Новгород соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамон ё чемпиони Русия шудааст. Дар ин бора дар Фейсбук Шукуҳ Тешаев хабар дод.

Илёс (номи пурраш: Илёсиддин) Тешаев соли 2002 дар Исфараи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ ҳамноми пурра ва бародарзодаи Илёс Тешаев, сухангӯи собиқи шаҳрдории Исфара аст, ки чанде пеш аз олам чашм пӯшид.

Илёс аз синни 7 то 13 дар зодгоҳаш Исфара машқ карда, баъди кӯчидани оилааш ба Русия, аз соли 2015 дар Липетск дар мактаби дар Русия машҳури Игор Воротинтсев таҳти роҳбарии мураббиёни шинохтае, чун Валерий Коростинский, Максим Сафонов ва Андрей Шишкин машқ мекунад.

Илёс Тешаев соли гузашта дар байни наврасон унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар навъи варзиши панкратион ба даст оварда, моҳи сентябри соли 2020, бо расидан ба синни 18 ба ҳунарнамоӣ дар мусобиқоти байни варзишгарони калонсол сар карда, дар нахустин мусобиқааш: Ҷоми Русия оид ба панкратион ҷои сеюм ва медали биринҷиро ба даст овард.

Моҳи ноябри соли 2020 Илёс Тешаев дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба панкратион байни ҷавонони то синни 19  дар Иркутск соҳиби медали нуқра гардид ва моҳи феврали соли 2021 дар Липетск, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҳавзаи федералии Марказии Русия оид ба панкратион дар вазни то 62 кило дар байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2001-2002 медали тилло ба даст овард. Ҳамин тавр, ин варзишгари ҷавони тоҷик моҳи апрели соли ҷорӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба панкратион байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2001-2002  дар вазни то 66 кило соҳиби медали нуқра шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button