ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ ЯК ҶАВОНИ ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР БАҲРИ ТОҶИК ВА КАНДАНИ ШУДАНИ БОМИ ДУ БИНО ДАР ПОЙТАХТ (2 АКС)

Кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд рӯзи 13 июн, тахминан соати 11:30 як шаҳрванди 21-солаи Ӯзбекистон, муваққатан сокини шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар Баҳри Тоҷик (обанбори Қайроққум)  наҷот додаанд. Бино ба иттилои КҲФ, “бо дарёфти хабари ғарқи об шудани ин ҷавон дастаи зудамали навбатдор дар соҳили Баҳри Тоҷик худро ба ҷойи ҳодиса расонд ва ҷавонро сари вақт аз миёни об ба соҳил овардаву наҷот дод. Ба ҷавон ёрии аввали тиббӣ расонда шуд ва ӯ ба кумаки дигари тиббӣ ниёз надошт”.

КҲФ ҳамчунин хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 13 июн  шамоли сахт боми ду биноро дар Душанбе канда, ба замин афкандааст.

Соати 15:27 ба қисми навбатдории КҲФ хабар додаанд, ки 91 метри мураббаъи боми бинои чорқабатаи № 13/1 дар кӯчаи Фирдавсӣ бар асари шамоли сахт ба замин афтодааст. КҲФ гуфт, 5 кормандаш ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид ва соати 17:50 ҳолати баамаломада аз ҷониби наҷотдиҳандагон бартараф карда шуд.

Ҳамин тавр, соати 16:45 хабар расида, ки боди шадид болопӯши як бинои 9-ошёнаро кандаву тахминан дар масоҳати 270 метри мураббаъ зарар расондааст ва як қисмати бом ба замин задааст. Гуфта мешавад, ки як қисми боми бино ба болои мошини тамғаи Ҳундай уфтодаву мошин ҳам қисман зарар дидааст. Наҷотдиҳандагон бахди тахминан ду соат ин ҳолатро низ бартараф кардаанд.

КҲФ гуфт, хушбахтона, дар ин ду ҳодиса касе осеби ҷисмонӣ надидааст. Ин ниҳод афзуд, ду боме ки бар асари шамол канда шуданд, дар он ду бино аз ҷониби сокинонашон худсарона, бе лоиҳаи сохтмонӣ ва бе мувофиқа бо сохторҳои дахлдори пойтахт сохта шуда буд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 июни КҲФ Тоҷикистон

Наҷоти як шаҳрванди 21-солаи Узбекистон дар Баҳри Тоҷик

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 13-уми июн ҷони боз як нафарро аз хатари ғарқи об шудан наҷот доданд. Ин ҳодиса дақиқан соати 11:30 дарқиқа дар соҳили Баҳри Тоҷик рух дод.

Ғарқшуда як ҷавони 21-сола, сокини Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд мезистааст. 

Бо дарёфти хабари ғарқи об шудани ин ҷавон дастаи зудамали навбатдор дар соҳилҳои Баҳри Тоҷик худро ба ҷойи ҳодиса расонд ва ҷавонро сари вақт аз миёни об ба соҳил овардаву наҷот доданд.

Ба ҷавон ёриҳои аввали тиббӣ расонда шуданд ва ӯ ба кумаки дигари тиббӣ ниёз надошт.

Боди шадид болопӯшҳои худсарона сохтаи сокинони ду биноро дар пойтахт канд. Талафоти ҷонӣ нест

Дирӯз, 13-ми июн, соати 15:27 дақиқа ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки шамоли сахт болопӯши бинои 13/1, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо кандаву, масоҳати 91 метри мураббаъи он ба замин афтодааст. Ин бино аз чор ошёна иборат будааст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада соати 15:30 дақиқа гурӯҳи 1-уми Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар хайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд. Соати 17:50 дақиқа ҳолати ба амаломада аз ҷониби наҷотдиҳандагон батараф карда шуд.

Ҳамзамон соати 16:45 хабар расид, ки боди шадид болопӯши як бинои 9-ошёнаро кандаву тахминан дар масоҳати 270 метри мураббаъ зарар дидааст ва аз миён як қисмати он ба замин задааст. 

Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки як қисми болопӯши бино ба болои автомашинаи тамғаи Ҳундай уфтодаву мошин қисман зарар ҳам дидааст.

Барои рафъи паёмадҳои ҳолати баамаломада соати 16:48 дақиқа наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукобиву наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо дастаи махсуси зудамали раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду соати заҳмат кашиданд, то ҳолати баамаломада бартараф шавад ва бино барои бошандагонаш бехавфу хатар гардад.  

Маврид ба ёдоварист, ки болопӯшҳои шамолканда дар биноҳои мазкур аз ҷониби соҳибмулкон худсарона, бе лоиаҳи сохтмонӣ ва бе мувофиқа бо сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе, сохта шудааст.

Аз ҷараёни ҳодиса ва корҳои рафъи ҳоалти фавқулода санад тартиб дода шудаму ба мақомоти дахлдор ироа гардид.

Ҳодиса дар ду маврид ҳам талафоти ҷонӣ надошт. 

С.Шамсизода, сардори Раёсат, полковник

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button