ВидеоТоҷикистон

ҶАСАДҲОИ ДУ МАРЗБОНИ ТОҶИКРО БАЪДИ 8 МОҲ ПАЙДО КАРДАНД

Ҷасадҳои Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду сарбози марзбонро, ки ҳашт моҳ пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғарқ шуда буданд,  пайдо кардаанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 14 июн хабар дод, ки ҷасадҳои шинохтаношавандаи ин ду сарбозро аввали моҳи июн пайдо карда, пас аз 13 рӯз пас аз шиносоии онҳо тавассути ташхиси ДНК ба хок супурдаанд. Ин ду сарбоз 29 сентябри соли гузашта, ҳангоми кӯшиши наҷоти як хонандаи мактаб аз худкушӣ, дар дарёи Бартанг, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ғарқ шуданд.

Искандар Воҳидов, падари Қандилҷон Воҳидов рӯзи 14 июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади писари ӯро 36 километр ва ҷасади ҳамроҳаш, Сироҷиддин Ятимовро 6 километр поёнтар аз макони ғарқ шуданашон пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, ки об ҷасадҳоро зери қум карда будааст ва ҳоло бо пойин рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Бартанг ҷасадҳо намудор шудаанд. “Ҷасадҳо шинохта намешуд. Қисме аз либосашон ва устухонҳояшон монда буд. 13 рӯз даркор шуд, ки тариқи ДНК исбот кунанд, ки ин ҷасади писари ман аст”,–гуфтааст Искандар Воҳидов.

Ин ду сарбоз, ки то анҷоми хидматашон дар артиш  ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ монда буд, барои наҷоти як хонандаи мактаб, ки мехост худкушӣ кунад, худро ба об андохтанд. Хонандаи синфи 10-и мактаби деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон баъди як ҷанҷоли оилавӣ бо қасди худкушӣ худро дар ҷое, ки рӯди Бартанг ба рӯди Панҷ мерезад, ба об андохта буд.  “Вақте хонандаи мактаб худашро ба об мепартояд, сарбозонро шояд виҷдонашон азоб медиҳад, ки барои наҷоти ӯ ба оби сард медароянд. Мумкин мӯзаҳои вазнини сарбозӣ ва оби сард имкон надод, ки онҳо худ ва ин писарро наҷот диҳанд. Онҳо ҳамчун қаҳрамон ва чун сарбозони дилсӯз рафтор кардаанд”, – нақл карда буд Ҳасан Раҷабов, як масъули қисми марзбонии Рӯшон.

Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари  Сироҷиддин Ятимов гуфта буд, мӯҳлати дусолаи хидмати бародараш ба поён расида буд ва ӯ бояд рӯзҳои наздик ба хона бармегашт.  “Ба мо нақл карданд, ки додарам он бачаро розӣ мекунад, ки худашро напартояд. Он бача дар ҷояш меистад. Ҳамин лаҳза кадом хешашро мебинад, ки ба тарафаш меояд, дигар гапро гуш накарда, саросема худашро ба об мепартояд. Додари ман бисёр бачаи дилсӯз буд. Шояд дигар тоқат накард, ки тамошобин бошад. Ду сол пурра хизмат карда буд ва рӯзҳои наздик бояд бармегашт”,- нақл карда буд  ӯ.

Ҷасади хонандаи мактабро як рӯз пас, 30 сентябри соли 2020 пайдо карданд, вале ҷустуҷӯи ҷасади сарбозон то кунун натиҷа надода буд.

Сироҷиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе ва Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон дар қисми ҳарбии 0410-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ талоши ин сарбозон барои наҷоти ҷони хонандаи мактабро ҳамчун “қаҳрамонӣ” ситоиш мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button