ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАНГИ ДУ ҲАМСОЯ ДАР ТУРСУНЗОДА, ЗАНОЗАНӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ КАМАЗ

Сокини 33-солаи ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки шаби 12 июн, тахминан соати 23, дар ҳолати мастӣ ба хонаи ҳамсояи 45-солааш омада, дар ҷараёни муноқиша ба шиками ӯ як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамин тавр, ду 18-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои он дастгир шудаанд, ки нимаи дуюми 12 июн, тахминан соати 17, як сокини 24-солаи сокини ҳамин ноҳияро дар назди бинои истиқоматиаш лату кӯб намудаанд ва  яке аз онҳо бо корд як маротиба ба пойи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ба ҳамсояи бадхашм ва ин ду ҷавон акнун ҷарима ваё то 2 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

ххххх

Субҳи 12 июн, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини боркаши тамғаи КАМАЗ, Ҷӯраев Маҳкам, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати Ҳамрабоеви шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳамин ҷамоат, дар чорроҳаи кӯчаи Максим Горкий, дучархарони хурдсоли шашсола Хуршедзода Фарзонаро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххх

Ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки шаби 11 ба 12 май, тахминан соати 00:30, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи ҳавлии истиқоматии зани 52-солаи ҳамдеҳааш 3 сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби чорво ба маблағи 4500 сомонӣ зарар расондааст.

ххххххх

Корманди Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат, лейтенанти калони милитсия Саҳобиддин Ризоев дар мусобиқа аз намуди гӯштини тарзи озод байни калонсолон, ки 7-8 июн дар Душанбе доир шуд, дар вазни 92 кг мақоми аввалро соҳиб гашт.
Дастпарвари бошгоҳи «Динамо»-и ВКД Сӯҳроб Абдуллоев дар мусобиқаи гӯштини юнону румӣ, ки 3-4 июн дар пойтахт бо иштироки 8 даста ва ҳудуди 500 варзишгар доир шуд, дар вазни 82 кг сазовори ҷойи якум гардид.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ аз ҷониби ҳамсояи бадмаст

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми июни соли 2021, тахминан соати 23:00, ҳамсояаш марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур, дар ҳолати мастӣ ба хонаи ӯ омада, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми июни соли 2021, тахминан соати 17:00, дар назди бинои истиқоматиаш ду ҷавони 18-солаи сокинони ҳамин ноҳия ӯро лату кӯб намуда, сипас, яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба пойи ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани духтарбачаи хурдсол зери чархи автомашинаи «КАМАЗ»

Рӯзи 12-уми июни соли 2021, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», Ҷӯраев Маҳкам Қарабоевич, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамрабоеви шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, дар чорроҳаи кӯчаи М.Горкий, дучархарони хурдсол Хуршедзода Фарзона, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамрабоеви шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Хуршедзода Ф. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани ноболиғи 17-сола бо гумони дуздии чорво

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки шаби 11 ба 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 3-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Мақомҳои сазовори гӯштингирон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, муайян намудани беҳтарин варзишгарон аз 7-ум то 9-уми июн дар шаҳри Душанбе байни калонсолон мусобиқа аз намуди гӯштини тарзи озод доир шуд.
Дар он дастпарвари Вазорати корҳои дохилӣ, корманди Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат, лейтенанти калони милитсия Саҳобиддин Ризоев ширкат варзида, дар вазни 92 кг мақоми аввалро соҳиб гашт.
Инчунин, бо ин мақсад аз 3-юм то 4-уми июн дар пойтахти мамлакат мусобиқаи гӯштини юнону румӣ ташкил карда шуд.
Дар он дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Суҳроб Абдуллоев иштирок намуда, дар вазни 82 кг сазовори ҷойи якум гардид.
Дар мусобиқаҳои мазкур 8-дастаӣ аз мактабҳои варзишии ҷумҳурӣ бо теъдоди беш аз 60-нафарӣ ширкат варзиданд.

Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи низомномаи Федератсияи гӯштини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои варзишии калонсолон, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button