ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕОИ МАНСАБДОРОНИ ӮЗБЕК БО РАҚҚОСАҲОИ НИМАУРЁН ВА УЗРИ БАДТАР АЗ ГУНОҲИ ОНҲО

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дар як тарабхона бо раққосаҳои нимаурён истироҳат кардани мансабдорони ҳокимияти ноҳияи Сирдарёи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон нашр шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки ба назди мансабдорон, ки дар тарабхона шом мехӯрданд, як гуруҳи раққосаҳо бо либоси нимаурён ҳозир мешаванд ва барояшон мерақсанд. Мансабдорон ин лаҳзаҳоро бо телефон ба навор мегиранд ва ба раққосаҳо пул мечаспонанд.

Ин видео дар байни корбарони ӯзбек чунон сарусадои зиёд ба по кард, ки мақомоти ҳокимияти вилояти Сирдарё маҷбур шуданд, ки дар канали расмии худ дар Телеграм дар ин бора шарҳи расмӣ чоп кунанд. Вале шарҳе ки узри бадтар аз гуноҳро мемонад.

Sirdaryo_uz|Расмий канал

​​Ижтимоий тармоқларда тарқалган Сирдарё тумани ҳокимлиги масъуллари ва давлат ташкилотлари раҳбарлари акс этган видеолавҳа юзасидан расмий муносабат

Видеолавҳада акс этган жараён 2020 йил октябрь ойининг ўрталарида тахминан кеч соат 21:00 да (ишдан ташқари вақтда) Сирдарё туманидаги “Евро Азия” ресторанида юзага келган.

Ишдан ташқари вақтда бошқа фуқаролар сингари ресторанга овқатланиш учун борган масъуллар – туман ҳокими ўринбосари (ўша вақтда туман ҳокими ёрдамчиси) туман ободонлаштириш бошқармаси бошлиғи, туман Экология ва атроф-муҳитни муҳофаза қилиш соҳасидаги назорат бўйича Сирдарё тумани инспекцияси бош мутахассис-давлат инспектори, “Сувоқова” давлат унитар корхонаси раҳбари ҳамда Сирдарё тумани йўллардан фойдаланиш унитар корхонаси раҳбарлари бўлган.

Мазкур шахслар ўтирган хонага ресторанда хизмат кўрсатаётган “Шов балет” раққоса қизлари кириб келган. Раққосаларнинг кутилмаганда кириб келиши уларга маъқул келмаган. Шу сабабли раққосаларга пул берилган ва хонани тарк этиши сўралган. Натижада видеодаги ҳолат юзага келган.

Ҳолат юзасидан ресторан маъмурияти билан тушунтириш ишлари олиб борилди. Масъул ходимларга жамиятда юриш-туриш қоидаларига амал қилган ҳолда давлат хизматчиси сифатида намуна кўрсатишлари лозимлиги эслатиб ўтилди. Шунингдек, лавозимдан озод этиш каби қатъий чора қўлланилиши белгиланди.

Бино ба иттилои расмӣ, ин видео дар нимаи моҳи октябри соли 2020, тахминан соати 21 дар тарабхонаи “Евро Азия” сабт шудааст. Дар ин ҷо кормандони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла сардори идораи ободонии ноҳия, сармутахассиси нозироти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, сардори корхонаи фаръии давлатии “Сувоқова”, сардори идораи роҳсозӣ ва муовини кунунии ҳокими ноҳияи Сирдарё, ки он вақт ҳанӯз ёрдамчии ҳокими ноҳия буд, гӯё баъди кор ҷамъ шуда, якҷоя хӯроки шом мехӯрданд.

Ва гӯё баногоҳ ба назди мизе, ки онҳо нишаста буданд, раққосаҳои балети “Шов”, ки дар ин тарабхона кор мекарданд, омада, дар пешашон рақс кардаанд.

Бино ба фарзияи мақомот, гӯё ба мансабдорон ин рафтори раққосаҳо хуш наомадааст ва онҳо ба раққосаҳо пул дода, аз онҳо хостаанд, ки толорро тарк кунанд.

Вале дар видеое, ки нашр шудааст, дида намешавад, ки мансабдорон аз пайдо шудану барояшон рақсидани раққосаҳои нимаурён гӯё нороҳат шуда бошанд. Баракс дида мешавад, ки онҳо бо хушҳолӣ барояшон рақсидани раққосаҳоро бо телефон ба навор мегиранд ва ба онҳо пул мечаспонанд.

Манбаъ: Podrobno.uz

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button