ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 14 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)
Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 14 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.
Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.
ДАР ИН БАРНОМА:
БОЗДОШТИ СЕ ГУМОНБАРИ ҚАТЛИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
ҶАСАДҲОИ ДУ МАРЗБОНИ ТОҶИКРО БАЪДИ 8 МОҲ ПАЙДО КАРДАНД
ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ЛАТТУКӮБИ ДУХТАР ДАР ДУШАНБЕ ҲАМАРО ШОК КАРД
ЗОДАИ ИСФАРАИ ТОҶИКИСТОН ИЛЁС ТЕШАЕВ ЧЕМПИОНИ РУСИЯ ШУД
ВИДЕОИ МАНСАБДОРОНИ ӮЗБЕК БО РАҚҚОСАҲОИ НИМАУРЁН ВА УЗРИ БАДТАР АЗ ГУНОҲИ ОНҲО
ДАРГУЗАШТИ МУҲАММАДСАИДИ АҲМАД, ХОНАНДАИ МАЪРУФИ ТАРОНАҲОИ ОРИФОНА
ПРОФЕССОР ХУДОЙБЕРДӢ ХОЛИҚНАЗАР БА СИННИ 70 РАСИД
НАҶОТИ ЯК ҶАВОН ДАР БАҲРИ ТОҶИК ВА КАНДАНИ ШУДАНИ ДУ БОМ ДАР ПОЙТАХТ
ҶАНГИ ДУ ҲАМСОЯ ДАР ТУРСУНЗОДА, ЗАНОЗАНӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ КАМАЗ
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун нахустин гумонбарон дар куштори 4 узви оилаи Маҳмадовҳо дар деҳаи Тарғокро дастгир кардаанд. Дар ин бораи рӯзи 14 июн хабаргузории “Азия Плюс” хабар дод.
“Ҳарчанд ангезаи куштор то ҳол маълум нест, вале бино ба маълумоте, ки аз як хешованди феълан дар хориҷи кишвар қарордоштаи ин хонавода ба даст расид, мақомот бо гумони даст доштан дар ин куштор се нафарро дастгир кардаанд”, – хабар додааст “Азия Плюс”.
Тафсилоти дигар, аз ҷумла шахсияти гумонбарон ва далелҳои мавриди шакку шубҳа қарор гирифтану дастгир шудани онҳо, ҳамчунин ангеза ва сабабҳои куштори бераҳмонаи Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯ норӯшан боқӣ мемонанд. Мақомоти милиса ва додситонии ноҳияи Ҷайҳун, ки масъулияти таҳқиқи куштори субҳи 12 июн дар деҳаи Тарғокро бар дӯш доранд, то кунун дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни таҳқиқот ягон шарҳ намедиҳанд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ки ҳанӯз рӯзи шанбе ваъдаи шарҳи ин қазияи пурсарусадоро дода буд, низ то кунун хомӯширо ихтиёр кардааст.
Ёдовар мешавем, субҳи шанбе, 12 июн дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Аҳлиддин Маҳмадов, як сокини 39-солаи Тарғок, ки ба деҳқонӣ машғул буд, ҳамроҳи се фарзанди ноболиғаш кушта шуда, ҳамсари ӯ ва як духтараш тавонистаанд аз дасти қотилон фирор кунанд ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарӣ карда шудаанд.
Соли таваллуди фарзандони кушташудаи ин хонадон 2007, 2008 ва 2010 буда, ба гуфтаи сокинон ҳамаи онҳо аз қисмати сар бо табар ваё ашёи кунди монанд ба табар зарба хӯрдаанд.
Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар Ҷайҳун 126 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Аксар сокинони Ҷайҳун ба деҳқонӣ машғул мебошанд. Ин ноҳия қаблан Қумсангир ном дошт ва соли 2016 ба Ҷайҳун табдили ном кард.
хххххххххххххх
Ҷасадҳои Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду сарбози марзбонро, ки ҳашт моҳ пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғарқ шуда буданд, пайдо кардаанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 14 июн хабар дод, ки ҷасадҳои шинохтаношавандаи ин ду сарбозро аввали моҳи июн пайдо карда, пас аз 13 рӯз пас аз шиносоии онҳо тавассути ташхиси ДНК ба хок супурдаанд. Ин ду сарбоз 29 сентябри соли гузашта, ҳангоми кӯшиши наҷоти як хонандаи мактаб аз худкушӣ, дар дарёи Бартанг, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ғарқ шуданд.
Искандар Воҳидов, падари Қандилҷон Воҳидов рӯзи 14 июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади писари ӯро 36 километр ва ҷасади ҳамроҳаш, Сироҷиддин Ятимовро 6 километр поёнтар аз макони ғарқ шуданашон пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, ки об ҷасадҳоро зери қум карда будааст ва ҳоло бо пойин рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Бартанг ҷасадҳо намудор шудаанд. “Ҷасадҳо шинохта намешуд. Қисме аз либосашон ва устухонҳояшон монда буд. 13 рӯз даркор шуд, ки тариқи ДНК исбот кунанд, ки ин ҷасади писари ман аст”,–гуфтааст Искандар Воҳидов,.
Ин ду сарбоз, ки то анҷоми хидматашон дар артиш ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ монда буд,
барои наҷоти як хонандаи мактаб, ки мехост худкушӣ кунад, худро ба об андохтанд. Хонандаи синфи 10-и мактаби деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон баъди як ҷанҷоли оилавӣ бо қасди худкушӣ худро дар ҷое, ки рӯди Бартанг ба рӯди Панҷ мерезад, ба об андохта буд. “Вақте хонандаи мактаб худашро ба об мепартояд, сарбозон барои наҷоти ӯ ба оби сард медароянд. Мумкин мӯзаҳои вазнини сарбозӣ ва оби сард имкон надод, ки онҳо худ ва ин писарро наҷот диҳанд. Онҳо ҳамчун қаҳрамон ва чун сарбозони дилсӯз рафтор кардаанд”, – нақл карда буд Ҳасан Раҷабов, як масъули қисми марзбонии Рӯшон.
Ҷасади хонандаи мактабро як рӯз пас, 30 сентябри соли 2020 пайдо карданд, вале ҷустуҷӯи ҷасади сарбозон то кунун натиҷа надода буд.
Сироҷиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе ва Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон дар қисми ҳарбии 0410-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ талоши ин сарбозон барои наҷоти ҷони хонандаи мактабро ҳамчун “қаҳрамонӣ” ситоиш мекарданд.
ххххххххххххххххх
Ҳодиса ТВ, як гуруҳи фейсбукӣ, ки зоҳиран ба ҷои гуруҳи қатъшудаи Парвиз ТВ таъсис дода шудааст, рӯзи 14 июн бо логотипи Парвиз ТВ ду видеои лаҳзаи латтукӯби як духтар дар даруни як мошинро нашр кард.
Муаллифи видео мегӯяд, ин ҳодиса тарафҳои шоми 13 июн, тахминан соати 18:30, дар наздикии Маркази диагностикӣ дар шаҳри Душанбе дар дохили мошини рақами давлатиаш 9399 PB 01 рӯй додааст.
Дар видео дида мешавад, ки ронандаи ҷавони мошин аз ҷои нишасти ронанда ба қафо тоб хӯрда, як духтарро, ки дар нишастгоҳи қафо нишастааст, бо мушту шаппотӣ латтукӯб мекунад. Ин ҷавон ба ин иктифо накарда, аз дохили мошин ба самти нишастгоҳи қафо гузашта, ба латтукӯби духтар бо шиддати бештар идома медиҳад.
Зоҳиран доду фарёди духтар диққати роҳгузаронро ба худ кашид ва як зани роҳгузар ба пеши мошин меояд, то бифаҳмад, ки дар дохили он чӣ мегузарад ва чаро он ҷавон он духтарро бо чунин бераҳмӣ зада истодааст? Ин зан ба мошин наздик шуда, ҳатто кӯшиш мекунад, ки дари мошинро бикушояд, вале дар аз дарун қуфл будааст.
Баъди ин, ҷавон зиёд шудани таваҷҷуҳи атрофиён ба ҳодисаи даруни мошинашро дида, ба нишастгоҳи пеш, ба курсии ронанда бармегардад ва баъди чанде мошинро аз онҷо меронад ва фирор мекунад.
Сабаби муноқишаи ин ҷавону духтар дар дохили мошин норӯшан боқӣ мемонад.
Вале бисёре аз корбарон баъди тамошои видеои латтукӯби духтар навиштаанд, ки ин видеоҳо онҳоро ба ҳолати шок андохт. Онҳо изҳори ақида кардаанд, ки латтукӯби зан ё духтар барои ягон мард амали зебанда нест ва ҳеҷ далеле зӯроварӣ нисбат ба ҷинси латифро тавҷеҳ карда наметавонад.
Бисёриҳо ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат карда, хостаанд, то ин ҷавони бадрафторро ёфта, ҷазо диҳанд. РВКД Душанбе маъмулан ба ҳодисаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷомиа қарор мегиранд, фавран вокуниш мекунад.
ххххххххххххххххххххх
Варзишгари 19-солаи зодаи Тоҷикистон Илёс Тешаев дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оида ба муҳорибаҳои омехтаи ҷангӣ СБИ дар шаҳри Нижний Новгород соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамон ё чемпиони Русия шудааст.
Илёс (номи пурраш: Илёсиддин) Тешаев соли 2002 дар Исфараи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ ҳамноми пурра ва бародарзодаи Илёс Тешаев, сухангӯи собиқи шаҳрдории Исфара аст, ки чанде пеш аз олам чашм пӯшид.
Илёс аз синни 7 то 13 дар зодгоҳаш Исфара машқ карда, баъди кӯчидани оилааш ба Русия, аз соли 2015 дар Липетск дар мактаби дар Русия машҳури Игор Воротинтсев таҳти роҳбарии мураббиёни шинохтае, чун Валерий Коростинский, Максим Сафонов ва Андрей Шишкин машқ мекунад.
Илёс Тешаев соли гузашта дар байни наврасон унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар навъи варзиши панкратион ба даст оварда, моҳи сентябри соли 2020, бо расидан ба синни 18 ба ҳунарнамоӣ дар мусобиқоти байни варзишгарони калонсол сар карда, дар нахустин мусобиқааш: Ҷоми Русия оид ба панкратион ҷои сеюм ва медали биринҷиро ба даст овард.
Моҳи ноябри соли 2020 Илёс Тешаев дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба панкратион байни ҷавонони то синни 19 дар Иркутск соҳиби медали нуқра гардид ва моҳи феврали соли 2021 дар Липетск, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҳавзаи федералии Марказии Русия оид ба панкратион дар вазни то 62 кило дар байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2001-2002 медали тилло ба даст овард. Ҳамин тавр, ин варзишгари ҷавони тоҷик моҳи апрели соли ҷорӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба панкратион байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2001-2002 дар вазни то 66 кило соҳиби медали нуқра шуд.
ххххххххххххххххх
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дар як тарабхона бо раққосаҳои нимаурён истироҳат кардани мансабдорони ҳокимияти ноҳияи Сирдарёи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ба назди мансабдорон, ки дар тарабхона шом мехӯрданд, як гуруҳи раққосаҳо бо либоси нимаурён ҳозир мешаванд ва барояшон мерақсанд. Мансабдорон ин лаҳзаҳоро бо телефон ба навор мегиранд ва ба раққосаҳо пул мечаспонанд.
Ин видео дар байни корбарони ӯзбек чунон сарусадои зиёд ба по кард, ки мақомоти ҳокимияти вилояти Сирдарё маҷбур шуданд, ки дар канали расмии худ дар Телеграм дар ин бора шарҳи расмӣ чоп кунанд. Вале шарҳе ки узри бадтар аз гуноҳро мемонад.
Бино ба иттилои расмӣ, ин видео дар нимаи моҳи октябри соли 2020, тахминан соати 21 дар тарабхонаи “Евро Азия” сабт шудааст. Дар ин ҷо кормандони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла сардори идораи ободонии ноҳия, сармутахассиси нозироти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, сардори корхонаи фаръии давлатии “Сувоқова”, сардори идораи роҳсозӣ ва муовини кунунии ҳокими ноҳияи Сирдарё, ки он вақт ҳанӯз ёрдамчии ҳокими ноҳия буд, гӯё баъди кор ҷамъ шуда, якҷоя хӯроки шом мехӯрданд.
Ва гӯё баногоҳ ба назди мизе, ки онҳо нишаста буданд, раққосаҳои балети “Шов”, ки дар ин тарабхона кор мекарданд, омада, дар пешашон рақс кардаанд.
Бино ба фарзияи мақомот, гӯё ба мансабдорон ин рафтори раққосаҳо хуш наомадааст ва онҳо ба раққосаҳо пул дода, аз онҳо хостаанд, ки толорро тарк кунанд.
Вале дар видеое, ки нашр шудааст, дида намешавад, ки мансабдорон аз пайдо шудану барояшон рақсидани раққосаҳои нимаурён гӯё нороҳат шуда бошанд. Баракс дида мешавад, ки онҳо бо хушҳолӣ барояшон рақсидани раққосаҳоро бо телефон ба навор мегиранд ва ба онҳо пул мечаспонанд.
ххххххххххххххххх
Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.
Ҳунарманди қиссаву достонсарои орифона Маҳмадсаид Аҳмадов рӯзи 14 июн дар зодгоҳаш, деҳаи Гулхании Ҳисор дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бораи ҳунарманди шинохта Фурқат Саидзода дар Фейсбук хабар дод. Дар бораи иллати марги Муҳаммадсаиди Аҳмад чизе гуфта нашудааст.
ҲМуҳаммадсаиди Аҳмад (Аҳмадов Маҳмадсаид) 10 феврали соли 1955 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, омӯзишгоҳи мусиқии ноҳияи Ленин ва сипас Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Ӯ ба сифати ҳунарманд солҳои 1975-1976 дар н.Данғара, 1976-1977 дар н.Лахш, 1978-1981 дар н.Нуробод ва аз 1981 то поёни умр дар шуъбаи фарҳанги ш.Ҳисор фаъолият кардааст. Бештар суруду тарона ва қиссаву достонҳои орифона месуруд. “Хуш намеояд маро”, “Шамъи дилафрӯз”, “Бар намеояд”, “Қадри якдигар”, “Ёди рӯи ту”, “Ба тоҷик”, “Таърих гувоҳ аст”, “Қадри нон”, “Шукрона”, “Ман зи Оли Сомонам”, “Насиҳат ба фарзанд”, “Табъи гуҳарбор”, “Суроғи кӣ будӣ?”, “Азиз аст” , “Ман надонам, кофирам ё ман мусалмонам, ай Худо”,аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд. Бо медали “Хизмати шоиста” қадр шуда, соли 2006 бо унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Муаллифи ин сатрҳо дар давраи кораш дар Радиои Озодӣ соли 2004 бо Муҳаммадсаиди Аҳмад як мусоҳибаи муфассали ихтисосӣ барпо карда буд.
Овозхонаи маъруфи таронаҳои орифона дар он суҳбат гуфта буд, ки дар ҳифзи таронаҳои динӣ дар замони шӯравӣ, ки давлат бо дин мубориза мебурд, нақши пирони рӯҳонии вақт хеле муассир буд ва ӯ аз аввалин машқҳои худ ва то ба ҳол ҳар таронаи навашро ҳатман аз назари донишмандони Ислом мегузаронд. Ӯ дар давраи Шӯравӣ ҳар таронаеро, ки мехонд, бо рӯҳонии шуҳратёри муқими водии Ҳисор Домулло Шарифи Ҳисорӣ (падари қорӣ Баҳриддину Қорӣ Суннатулло ва Фатҳулло Шарифзода, ки дар солҳои 90 муфтии Тоҷикистон буд), ки дар зодгоҳи Муҳаммадсаиди Аҳмад, деҳаи Гулханӣ ба сар мебурд, машварат мекард ва маслиҳатҳои ӯро мегирифт.
Муҳаммадсаиди Аҳмад зимнан аз замони шӯравӣ ёд карда, гуфта буд, барои хондани таронаҳои мазҳабӣ дар он солҳо аз сӯи мақомдорони давр на як бору ду бор зарба хӯрдааст: “Ба тӯю хурсандии мардум рафтанро манъ карда буданд борҳо. Ба идораҳояшон ҷеғ зада, суханҳои пасту баланд ҳам мегуфтанд, ки ҳамин корҳоро накун. Мо “хуб” мегуфтему боз мерафтем кори худро мекардем. Хеле пурсусуроғ мекарданд, ки: “Кистиву аз кӣ гирифтӣ ин таронаҳоро ва барои чӣ? Барои чӣ инро мехонӣ? Ин ба мардум зарар дорад, майнаи мардумро заҳролуд мекунӣ. ” Баёнот менавиштем. Фишор меоварданд, хеле-хеле фишор меоварданд. Корхонаҳое, ки кор мекардем, ба онҳо фишор меоварданд. Дар шӯъбаҳои фарҳангиву идораҳои расмии ҳунарӣ моро аслан ба кор қабул намекарданд.”
Муҳаммадсаиди Аҳмад ҳамчунин гуфта буд, давлати шӯравӣ бо он ҳама қудрате ки дошт ва талоше ки ба харҷ дод, натавонист онҳоро аз гуфтани каломи Ҳақ ва халқро аз шуниданаш манъ кунад: “Охири охир, бо меҳрубонии Худои мутаол, идеологияи шӯравӣ аз байн рафт, идеологияи ғазалҳову ҳамду ситоиши мо бар ҷо монд.”
Муҳаммадсаиди Аҳмад ва таронаҳои мондагори ӯ низ дар ёди ҳазорон мухлисонаш бар ҷо хоҳад монд. Равонаш шод ва ёдаш гиромӣ бод!
ххххххххххххххххх
Профессор Худойбердӣ Холиқназар, доктори илмҳои таърих, дипломат ва сиёсатмадори тоҷик, собиқ вазири хориҷа ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти стратегӣ, рӯзи 14 июн ба синни 70 расид.
Худойбердӣ Холиқназар 14 июни соли 1951 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, соли 1975 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Вай соли 1987 рисолаи илмиро дар мавзӯи “Фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсии Ҷамолиддини Афғонӣ ва шогирдони ӯ дар Эрон дар охири асри XIX ва авали асри XX” дар Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи Маскав ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои таърих гардид.
Худойбердӣ Холиқназар соли 1992 дар ҳайъати Ҳукумати муросои миллӣ роҳбарии вазорати хориҷаро бар дӯш дошта, баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 бар асоси саҳмияи сифоизаи мухолифин вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд. Ӯ баъди тарки ҳукумат ба кори илмӣ гузашт ва аз соли 2014 то 2019 Маркази таҳқиқоти стратегӣ, як ниҳоди таҳлилии вобаста ба президенти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард.
ххххххххххххххххх
Кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд рӯзи 13 июн, тахминан соати 11:30 як шаҳрванди 21-солаи Ӯзбекистон, муваққатан сокини шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар Баҳри Тоҷик (обанбори Қайроққум) наҷот додаанд. Бино ба иттилои КҲФ, “бо дарёфти хабари ғарқи об шудани ин ҷавон дастаи зудамали навбатдор дар соҳили Баҳри Тоҷик худро ба ҷойи ҳодиса расонд ва ҷавонро сари вақт аз миёни об ба соҳил овардаву наҷот дод. Ба ҷавон ёрии аввали тиббӣ расонда шуд ва ӯ ба кумаки дигари тиббӣ ниёз надошт”.
КҲФ ҳамчунин хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 13 июн шамоли сахт боми ду биноро дар Душанбе канда, ба замин афкандааст.
Соати 15:27 ба қисми навбатдории КҲФ хабар додаанд, ки 91 метри мураббаъи боми бинои чорқабатаи № 13/1 дар кӯчаи Фирдавсӣ бар асари шамосли сахт ба замин афтодааст. КҲФ гуфт, 5 кормандаш ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид ва соати 17:50 ҳолати баамаломада аз ҷониби наҷотдиҳандагон бартараф карда шуд.
Ҳамин тавр, соати 16:45 хабар расида, ки боди шадид болопӯши як бинои 9-ошёнаро кандаву тахминан дар масоҳати 270 метри мураббаъ зарар расондааст ва як қисмати бом ба замин задааст. Гуфта мешавад, ки як қисми боми бино ба болои мошинитамғаи Ҳундай уфтодаву мошин ҳам қисман зарар дидааст. Наҷотдиҳандагон бахди тахминан ду соат ин ҳолатро низ бартараф кардаанд. КҲФ гуфт, хушбахтона, дар ин ду ҳодиса касе осеби ҷисмонӣ надидааст. Ин ниҳод афзуд, ду боме ки бар асари шамол канда шуданд, дар он ду бино аз ҷониби сокинонашон худсарона, бе лоиҳаи сохтмониӣ ва бе мувофиқа бо сохторҳои дахлдори пойтахт сохта шуда буд.
ххххххххххххххххх
Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:
Сокини 33-солаи ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки шаби 12 июн, тахминан соати 23, дар ҳолати мастӣ ба хонаи ҳамсояи 45-солааш омада, дар ҷараёни муноқиша ба шиками ӯ як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, ду 18-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои он дастгир шудаанд, ки нимаи дуюми 12 июн, тахминан соати 17, як сокини 24-солаи сокини ҳамин ноҳияро дар назди бинои истиқоматиаш лату кӯб намудаанд ва яке аз онҳо бо корд як маротиба ба пойи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ба ҳамсояи бадхашм ва ин ду ҷавон акнун ҷарима ваё то 2 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
ххххх
Субҳи 12 июн, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини боркаши тамғаи КАМАЗ, Ҷӯраев Маҳкам, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати Ҳамрабоеви шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳамин ҷамоат, дар чорроҳаи кӯчаи Максим Горкий, дучархарони хурдсоли шашсола Хуршедзода Фарзонаро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххх
Ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки шаби 11 ба 12 май, тахминан соати 00:30, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи ҳавлии истиқоматии зани 52-солаи ҳамдеҳааш 3 сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби чорво ба маблағи 4500 сомонӣ зарар расондааст.
ххххххххххххххххх
Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com