ДАРГУЗАШТИ МУҲАММАДСАИДИ АҲМАД, ХОНАНДАИ МАЪРУФИ ТАРОНАҲОИ МАЗҲАБӢ ВА ОРИФОНА (ВИДЕО)

Ҳунарманди қиссаву достонсарои орифона Маҳмадсаид Аҳмадов рӯзи 14 июн дар зодгоҳаш, деҳаи Гулхании Ҳисор дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бораи ҳунарманди шинохта Фурқат Саидзода дар Фейсбук хабар дод. Дар бораи иллати марги Муҳаммадсаиди Аҳмад чизе гуфта нашудааст.
Муҳаммадсаиди Аҳмад (Аҳмадов Маҳмадсаид) 10 феврали соли 1955 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, омӯзишгоҳи мусиқии ноҳияи Ленин ва сипас Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Ӯ ба сифати ҳунарманд солҳои 1975-1976 дар н.Данғара, 1976-1977 дар н.Лахш, 1978-1981 дар н.Нуробод ва аз 1981 то поёни умр дар шуъбаи фарҳанги ш.Ҳисор фаъолият кардааст.

Бештар суруду тарона ва қиссаву достонҳои орифона месуруд. “Хуш намеояд маро”, “Шамъи дилафрӯз”, “Бар намеояд”, “Қадри якдигар”, “Ёди рӯи ту”, “Ба тоҷик”, “Таърих гувоҳ аст”, “Қадри нон”, “Шукрона”, “Ман зи Оли Сомонам”, “Насиҳат ба фарзанд”, “Табъи гуҳарбор”, “Суроғи кӣ будӣ?”, “Азиз аст” , “Ман надонам, кофирам ё ман мусалмонам, ай Худо”,аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд. Бо медали “Хизмати шоиста” қадр шуда, соли 2006 бо унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Муаллифи ин сатрҳо дар давраи кораш дар Радиои Озодӣ соли 2004 бо Муҳаммадсаиди Аҳмад як мусоҳибаи муфассали ихтисосӣ барпо карда буд.
Овозхони маъруфи таронаҳои орифона дар он суҳбат гуфта буд, ки дар ҳифзи таронаҳои динӣ дар замони шӯравӣ, ки давлат бо дин мубориза мебурд, нақши пирони рӯҳонии вақт хеле муассир буд ва ӯ аз аввалин машқҳои худ ва то ба ҳол ҳар таронаи навашро ҳатман аз назари донишмандони Ислом мегузаронд. Ӯ дар давраи Шӯравӣ ҳар таронаеро, ки мехонд, бо рӯҳонии шуҳратёри муқими водии Ҳисор Домулло Шарифи Ҳисорӣ (падари қорӣ Баҳриддину Қорӣ Суннатулло ва Фатҳулло Шарифзода, ки дар солҳои 90 муфтии Тоҷикистон буд), ки дар зодгоҳи Муҳаммадсаиди Аҳмад, деҳаи Гулханӣ ба сар мебурд, машварат мекард ва маслиҳатҳои ӯро мегирифт.

Муҳаммадсаиди Аҳмад зимнан аз замони шӯравӣ ёд карда, гуфта буд, барои хондани таронаҳои мазҳабӣ дар он солҳо аз сӯи мақомдорони давр на як бору ду бор зарба хӯрдааст: “Ба тӯю хурсандии мардум рафтанро манъ карда буданд борҳо. Ба идораҳояшон ҷеғ зада, суханҳои пасту баланд ҳам мегуфтанд, ки ҳамин корҳоро накун. Мо “хуб” мегуфтему боз мерафтем кори худро мекардем. Хеле пурсусуроғ мекарданд, ки: “Кистиву аз кӣ гирифтӣ ин таронаҳоро ва барои чӣ? Барои чӣ инро мехонӣ? Ин ба мардум зарар дорад, майнаи мардумро заҳролуд мекунӣ. ” Баёнот менавиштем. Фишор меоварданд, хеле-хеле фишор меоварданд. Корхонаҳое, ки кор мекардем, ба онҳо фишор меоварданд. Дар шӯъбаҳои фарҳангиву идораҳои расмии ҳунарӣ моро аслан ба кор қабул намекарданд.”
Муҳаммадсаиди Аҳмад ҳамчунин гуфта буд, давлати шӯравӣ бо он ҳама қудрате ки дошт ва талоше ки ба харҷ дод, натавонист онҳоро аз гуфтани каломи Ҳақ ва халқро аз шуниданаш манъ кунад: “Охири охир, бо меҳрубонии Худои мутаол, идеологияи шӯравӣ аз байн рафт, идеологияи ғазалҳову ҳамду ситоиши мо бар ҷо монд.”
Муҳаммадсаиди Аҳмад ва таронаҳои мондагори ӯ низ дар ёди ҳазорон мухлисонаш бар ҷо хоҳад монд. Равонаш шод ва ёдаш гиромӣ бод!

Ҳунарманди қиссаву достонсарои орифона Маҳмадсаид Аҳмадов (1955-2021)аз дунё даргузашт.
Аҳмадов Маҳмадсаид (10.02.1955, д.Гулхании ш.Ҳисор – 14.06.2021, ҳамон ҷо), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006). Коллеҷи фарҳанги н.Рӯдакӣ ва ДДФСТ ба номи М.Турсунзодаро хатм намудааст. Ба сифати ҳунарманд 1975-1976 дар н.Данғара, 1976-1977 н.Лахш, 1978-1981 н.Нуробод ва аз 1981 то поёни умр дар шуъбаи фарҳанги ш.Ҳисор фаъолият намудааст. Бештар суруду тарона ва қиссаву достонҳои орифона месуруд ва кулли офаридаҳояш аз маънӣ бархӯрдор буданд. “Хуш намеояд маро”, “Шамъи дилафрӯз”, “Бар намеояд”, “Қадри якдигар”, “Ёди рӯи ту”, “Ба тоҷик”, “Таърих гувоҳ аст”, “Қадри нон”, “Шукрона”, “Ман зи Оли Сомонам”, “Насиҳат ба фарзанд”, “Табъи гуҳарбор”, “Суроғи кӣ будӣ?”, “Азиз аст” аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд. Бо медали “Хизмати шоиста” қадр шудааст.
Ёдаш гиромӣ.