ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

АҲМАД ЗОҲИР ЧӢ ГУНА ТЕРРОР ШУД? (ВИДЕО)

Боварнокарданист, вале агар теғи аҷал риштаи умрашро дар синни 33 ва он ҳам дар зодрӯзаш намеканд, Аҳмад Зоҳир рӯзи 14 июни соли 2021 ба синни 75 мерасид.

Ин суол то ҳол мухлисони ин овозхони шуҳратёрро ором намегузорад, ки оё Аҳмад Зоҳир, тавре мақомоти он замони Афғонистон иддао мекарданд, қурбони садама шуд, ё ӯро куштаанд? Ва агар кушта шуд, ӯро барои ишқи кадом зан ё духтаре куштанд ваё дар пушти ин куштор ҳам режими Ҳафизулло Амин истода буд?

Дар ин матлаб бихонед, ки Аҳмад Зоҳирро дар тобистони соли 1979 кӣ кушт ва қотилони ин булбули Шарқ куҷо шуданд?

ДОСТОНИ КӮТОҲИ ЗИНДАГИИ АҲМАД ЗОҲИР

Аҳмад Зоҳир 14.06.1946 дар Кобулба дунё омадааст. Падараш Абдузоҳир сафир ва соҳиби 4 фарзанд буд: Зоҳира, Осиф, Аҳмадва Билқис. Литсеи Ҳабибияро хатм кардааст. Соли 1964 дар18-солагиаш Аҳмад аввалин консерташро барпо мекунад.

Соли 1969 бо Ноҷия хонадор шуда, соли 1970 соҳиби писар мешаванд, ки номашро Рашод мегузоранд. Соли 1973 Ноҷия аз рашки зиёд дигар тоқат накарда, аз Аҳмад Зоҳир ҷудо шуд.

Таронаи

Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам.

Раҳме накардӣ, ман ноумедам.

Ҳаргиз дубора сӯят наоям.

Кардӣ ту помол ин сарнавиштам

ба ҳамин мавриди зиндагии Аҳмад Зоҳир тааллӯқ дорад. Баьде, ки шариатан аз ҳам ҷудо мешаванд Аҳмад суруди

Бурида бод пои ман, агар равад ба хонаат.

Шикаста гардад он саре, ки хам шавад ба шонаат-ро сабт карда хатти талоқи Ноҷияро медиҳад.

Як мухлиси Аҳмад Холида ном дошт, ки падараш соҳибмансаб буд. Ӯ аз Аҳмад хоҳиш мекунад, ки ӯро ба занӣ бигирад, аммо Аҳмад рад мекунад ва ӯро ба зиндон мебаранд. Баьди чанде розӣ мешавад ва онҳо хонадор мешаванд.

Аммо Аҳмад пинҳонӣ аз Холида бо Фахрия ном духтаре издивоҷ мекунад.

Рӯзе ҷасади Холидаро дар кӯтали Хайрхона меёбанд, ки Аҳмадро гумонбар мекунанд ва ӯро ба зиндон мебаранд. Баьди 6 мох бегуноҳиаш исбот гашта ӯро чавоб медиханд, соли 1975. Вақте, ки ӯ аз зиндон мебарояд, рост ба болои тобути модараш меояд. Ӯ ба ҳолати шок афтида якчанд маротиба ба тани худ корд мезанад ва ӯро ҷарроҳӣ ҳам мекунанд.

Сурудхои «Ай Худо, модари ман боз ба ман дех» ва «Бинозам калби покат, модари ман»-ро Аҳмад Зоҳир дар рӯзҳои азодорӣ гуфтааст.

Соли 1979 рӯзе марде ба хонаи Аҳмад омада ба Фахрия мегӯяд, ки шавӯарашро намонад ки аз шаҳр берун барояд, чунки нақшаи аз байн бурдани ӯ бо кумаки дӯсти наздикаш ва ду духтар сурат мегирад. Фахрия ин ҳамаи гапҳоро ба Аҳмад мегӯяд.

Рӯзи зодрӯзи Аҳмад Зоҳир, яьне 14 июни соли 1979 субҳ дусташ Маҳбубуло бо ду духтар Шаҳноз ва Шакило ба хонаи ӯ меоянд ва соати 9-и субҳ онхо ба дараи Соланг мераванд, ки сари роҳи онҳоро мошине мегирад ва марде аз он мошин пиёда шуда, Аҳмадро ба берун даьват мекунад. Аҳмад Зоҳир аз мошин фаромада ба сӯи ӯ меравад, ки ногахон он мард туфангчаро мебарорад ва ба Аҳмад нишон мегирад ва ба пешониаш мепарронад.

Ҳамроҳонаш Аҳмадро ба шифохонаи Чоряккор мебаранд ва ба ҳама мегӯянд, ки баногоҳ дар сараш оҳан даромад. Ҷасади Аҳмад Зоҳирро соати 5-бегоҳи ҳамон рӯз ба Кобул меоранд ва дар қабристони Шуҳадои Солеҳин ба хок месупоранд. Субҳи дигар, яьне 15-июни соли 1979 Фахрия духтар таваллуд мекунад ва номашро Шабнам мегузорад.

Як рӯз пеш аз маргаш яьне 13.06.1979 Аҳмад Зоҳир ба Фахрия як фитаро тақдим мекунад. Фахрия рӯзи 15 июн ин фитаро гӯш мекунад, ки аз ҷумла ин таронаро дошт:

Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту.

Бароям гиря кун, фардо ба ҷуз ёде нахоҳад буд.

Аҳмад Зоҳир гӯё медонист, ки фардо ӯро хоҳанд кушт, дар синни 33-солагӣ.

Соли 2003 ҷавоне бо номи Ёсир Баҳор худро фарзанди Холида ва Аҳмади Зоҳир эьлон мекунад ва дар соли 2004 ба Тоҷикистон ҳам омада, консерти худро намоиш дод. Аммо инро Ноҷия ва Фахрия рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Аҳмад танҳо ду фарзанд дошт. Ҳоло зану фарзандони Аҳмад Зоҳир дар Амрико зиндагӣ мекунанд.

АҲМАД ЗОҲИР ЧӢ ГУНА ТЕРРОР ШУД?

Ба иртиботи қатли Холида билфосила шуморе аз афрод,хусусан Аҳмад Зоҳир ва ҳамсари савумиаш Фахрия ,Парасту(ки дар он вакт ба Сумо шӯҳрат дошт),Қосим Соъид,Самади Дор Дор бо ҳамсараш Шукрия,Шармило,Абдулаҳад,Сулаймон,Ҳашмат ва Хубон аз сӯйи пулис боздошт шуданд.

Мақомоти қазоӣ(қозиëт) Ҳашмат ва Хубонро ба ҳайси муҷриëни (гунаҳкорон) қатл дониста ,онҳор ба ҳаждаҳ ва шонздаҳ сол ҳабси танфизӣ(режимаш сахт) маҳкум карданд.Оқои М.Ҳ. мегӯяд: Фарде ба номи Ҳашмат ва духтархонуме ба номи Хубон ,ки ғолибан аз ҷумлаи «ëрон»буданд,ба ҳайси муҷримин(гунаҳкорон)-и аслӣ шинохта шуданд.

Аммо бино бар адами(набудани)исботи комил ,ҷурм ва иқрори возеҳи муттаҳамин гӯянд ба ҷазои ҳабси мутавассит(режимаш миëна) маҳкум ва баъде чанд раҳо шуданд.

Бовар ин аст,ки ба иллати пайванди Ҳашмат дар созмони ҷосусии давлат ,расидагии чандоне ба ин парванда сурат нагирифт.Чунон ки пас аз муддате муҷримони аслӣ яке пайи дигар раҳо шуданд.Самад мегӯяд,ки Хубон бар асари тамосҳои Ҷонон-хоҳараш,бо Ҳафизуллоҳ Амин аз зиндон раҳо гашт.

Дар ин аҳвол Залмо – хоҳарзодаи Амин низ ба ҳимоят аз Аҳмад Зоҳир шахсан қозиро таҳти фишор гирифт, то ӯро, ки ба шаш сол банд маҳкум шуда буд, аз қайди зиндон раҳо кунад.

Баъд аз қатли Холида ва раҳоӣ аз зиндон,Аҳмад Зоҳир дар мавқеияти ғайриқобили пешбинӣ қарор гирифт, ки эҳсос мешавад тавқи интиқом бар фарози сараш чарх мезад ва аз он ба баъд ҳаргиз дар зиндагияш дами хуш назад.

Ин овоне буд, ки Аҳмад Зоҳир ба қавли худаш дар «бевагӣ» ба сар мебурд. Ноҷия – ҳамсари нахусти ҳунарманди маъруфи мо пайванди зиндагии якҷояи худро бо ӯ барҳам зад ва бо танҳофарзандаш Аҳмад Ришоди чаҳорсола зиндагӣ мекард.

Аҳмад Зоҳир Ноҷияро ошиқона дӯст дошт.Дар воқеъ ишқ дар зиндагии ӯ фақат як бор бо чеҳраи аслияш тулӯъ кард.Ноҷия маликаи рӯъëҳои Аҳмад Зоҳир буд,ки дар хилватсарои ишқ ва зиндагӣ ӯро ба унвони ҳамсарнавишти хеш баргузид.

Таъми зиндагии идеал хонум Ноҷияро тадриҷан ба талхӣ кашид .Ноҷия ба унвони як зан ва модар беш аз ин натавонист рафту омадҳо ва наздикии бемулоҳизаи занон ва мардони бегона бо марди зиндагияшро таҳаммул кунад,ки ба ҳукми қонуни инсонӣ фақат тааллуқ ба ӯ дошт.Ноҷия бо чашмони ашкбор тақозои талоқ кард.

Хурӯҷи Ноҷия аз ҳарими зиндагиии Аҳмад Зоҳир ҳадди аққал аз нигоҳи равонӣ барои ҳунарманди номовар фоҷиа буд.Аҳмад Зоҳир пас аз он таҳти таъсир авотифи андӯҳноки танҳоӣ дар бархӯрд бо занон ва мардоне,ки нисбат ба вай ибрози алоқа мекарданд,монанди гузашта сахтгирӣ ва илтзоми чандоне монанди пештара аз худ нишон намедод.

Аммо рангу бӯи ҷудоӣ ва сӯзи танҳоӣ дар оҳангҳои баъдиаш яке аз пайи дигар намоëн мегашт.Оҳангҳои «Танҳо шудам,танҳо»ва «Бӯи ту хезад ҳанӯз»намунаҳои зиндае аз як давраҳои парешонҳолиҳо аз шикасти пайванд бо ҳамсари нахустинаш буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба далелҳои он замон «Оë Аҳмад Зоҳир пеш аз ҳодисаи қатли Холида аз ангезаҳои қотилон огоҳӣ надошт?».ба ин пурсиш метавон ба таври қатъӣ посухи мусбат дод.

Саид Довуд Талун исми аъзои гурӯхи ҷавононро,ки ба навъе бо атрофиëни Аҳмад Зоҳир пайванд мехӯрданд,дар феҳрасти сиëҳе дохил карда буд,ки охирин шумораи ин феҳраст тақрибан ба 150 нафар мерасид.Талун то замоне,ки Аҳмад Зоҳирро ба доми марги нобаҳангом гирифтор кард,муддатҳои зиëде дандон зери ҷигар гузошт.

Нақши бордорандаи духтари Ҳафизуллоҳ Амин дар ҳимоят аз Аҳмад Зоҳир теғи буррандае буд,ки ҳар касеро метавонист аз он ҳисоб бибурад.Ин теғ қабл аз он ки муқобили чашмони Асадуллоҳ Амин барқ биандозад,захмҳои кӯҳнаи Талунро неш мезад.

Талун ба манзури хуруҷ аз ин тангно дар чаҳордевори интизороти хеш ғарқ шуда буд,аммо барои шикастани ин ҳисор ҳеҷ гоҳ хастагӣ нашинохта ва кӯча бадал накард. Пурсиши калидӣ ин аст,ки вай аз чӣ роҳе муваффақ шуд,то рӯйи Шаҳноз ва Шакило барои баровардани аҳдофи баъдӣ сармоягузорӣ кунад? Вай ин ҷуфти ҷодуйиро аз ривоëи мухталифе мутолиъа карда буд ва заминаи як бор истифодаи онҳоро бар зидди Аҳмад Зоҳир бо камтарин ҳазинаи расвойӣ фароҳам оварда буд.

Иҷрои барнома пас аз зиндонӣ кардани падари Шаҳноз ва Шакило ва мусодираи мутари онҳо оғоз шуд.Аммо ин ба мусобеҳи такони аввалӣ барои ҳаракати баъдӣ талаққӣ мешавад.

Талун ҳисоб карда буд,ки бе қулобҳои мутмаин яксара кардани кори Аҳмад Зоҳир фазоҳати таблиғотиро ба бор меоварад.Дар ин амр муҳосиба рӯйи ниëзҳои бозигарони қаблан интихобшуда бояд ба натоиҷи муносиб мерасид.

Маъмурияти Шаҳноз ва Шакило ба ҳамроҳии Аҳмад Зоҳир аз Кобул оғоз мешавад ва ба ноҳияи Чироқи Соланг ба анҷом мерасад.

Бо ин мӯҳраҳо чӣ гуна мешавад бозиро то интиҳо ба ҷилав бурд?

Дар ин замина се бардошт вуҷуд дорад.

Таҳлили нахуст ин аст,ки ду хоҳар бо иттако ба иртиботи доимии онон бо Аҳмад Зоҳир ва гурӯҳи ҷавонони наздик ба ӯ дар як амалиëти пулисӣ ба шарти ҳузури фарди аслии робита (Маҳбубуллоҳ)дар олами бехабарӣ дар барономаи қатл мавриди истифода қарор гиранд.

Фарзияи дигар ин аст,ки даму дастгоҳи низоми «халқӣ» аз тавқифи падари ин ду хоҳар ва забти мутари шахсии хонавода ба таври ҳособшудае ба унвони нуқтаи фишори онҳо барои пазириши як муъомила баҳра бурдааст.

Мавриди саввум ин аст,ки Аҳмад Зоҳир пеш аз издивоҷ бо Холида қавл дода буд,ки бо Шаҳноз издивоҷ кунад.Тавтеаи мақомот барои гираҳ задании сарнавишти Аҳмад Зоҳир бо Холида, Шаҳнозро дар баробари амали анҷомшуда қарор дод ва уқдаи сахте аз Аҳмад Зоҳир ба дил гирифт.

Дар ҳар ҳол эҳтимоли он вуҷуд дорад,ки Талун аз маҷбурияти хонаводагии Шаҳноз барои қатли Аҳмад Зоҳир истифода кард.

Чунончи пас аз сипарӣ шудани маросими дафнии Аҳмад Зоҳир на танҳо падари духтарон аз зиндон раҳо шуда ва мутари онҳо баргардонида шуд.Ин ду хоҳар ба шумули Маҳбубуллоҳ поспурт ва визо дарëфт карданд,ки дар он замон гирифтани паспурт асло мӯд набуд ва дар муддати камтар аз се ҳафта Афғонистонро тарк карданд.Ҳатто баъзеҳо ба ин боваранд,ки визо барои ин се нафар пеш аз амалиëти қатли Аҳмад Зоҳир тайëр шуда буд.

Гузоришҳо мерасонанд,ки Шаҳноз солҳо ба ин сӯ ба шакли ношинос дар шаҳри Фремунти Санфрансискои Иелоти Колифорнияи Амрико ва Шакило дар шаҳри Пешовари Покистон ба сар мебаранд.Ин ду ҳатто як бор ҳозир нашудаанд,то дар хусуси ин ки дар замони ҳамсафарӣ бо Аҳмад Зоҳир шоҳиди чӣ саҳнаҳое будаанд,лаб ба сухан бикшоянд.

Маҳбубуллоҳ дар бозии қатли Аҳмад Зоҳир калиди аслии розҳои нагуфтаро дар ихтиëр дорад.Вай дар кашонидани Аҳмад Зоҳир ба хориҷ аз шаҳр тавре тавқиф ëфта буд,ки дар он рӯзҳо Аҳмад Зоҳир ба далели тарс ва таҳдидҳо аз шаҳр по ба берун намегузошт.Маҳбубуллоҳ танҳо касе аст,ки ин бозиро то марҳалаи охир дунбол карда ва вопасин саҳнаҳои қатли Аҳмад Зоҳирро шахсан шоҳид будааст.

Гурӯҳе даъво доранд,ки қумандони жандарм ва пулис Саид Довуд Талун феълан бо Маҳбубуллоҳ дар иртибот буд ва бо огоҳӣ аз дилбастагиҳо ва ниëзҳои ӯ.Дар садад буд,то нақшаи террори Аҳмад Зоҳирро амалӣ кунад.Гӯë Маҳбубуллох барои хориҷ аз Афғонистон аз чанде даст ба кор шуда борҳо барои гирифтани паспурт талошҳояш ба нокомӣ анҷомида буд.Маъмурони таҳти фармони Талун пешакӣ барои Маҳбубуллоҳ шарт гузоштаанд,ки дар сурати иҷрои он кор дастëбӣ ба паспурт ба монеъа дучор нахоҳад шуд

Дар он замон дастрасӣ ба паспурт ҷуз барои маъмурони баландпоя манъ буд . Шарти Талун ин будааст,ки Маҳбубуллох як бор Аҳмад Зоҳирро ба хориҷ аз шаҳр бикашонад.

Тавзеҳи Талун зоҳиран ин буда,ки аз Аҳмад Зоҳир тақозо кунанд,ки дар маҳалле хориҷ аз шаҳр барои ҷамъе аз меҳмонон овоз бихонад ë бо масоили дигаре,ки пойи Аҳмад Зоҳирро ба хориҷ аз шаҳр бикашонад.

Аммо ҷамъе дигар аз ошноëни Аҳмад Зоҳир бад-ин боваранд,ки Маҳбубуллоҳ дар ин маъмурият аз сӯйи дастгоҳи ҳоким бо истифода аз таорифи шахсӣ ба шакли моҳирона ва таасуфборе ағфол шуда(дар ғафлат гузошта шуда)ва вақте ба асли воқеа пай бурдааст,ки дигар нуқтаи пай барои бозгашт вуҷуд надоштааст.

Дар он рӯзҳо фазои зиндагӣ барои одамҳои мисли Аҳмад Зоҳир ва дастаҳои ҷавонони бехаëлу хушгузарон пайваста тира ва тор мешуд ва ҳисси тарси рӯ ба афзоиш аз ҳузури ҷосусҳои белаҷоми давлат ва ҳизб ҳамаро дар мавқеияте қарор дода буд,ки дар баробари хостаҳои ҳокимон ҷуз таслим дигар чорае надоштанд.

Оë Маҳбубуллоҳ дар натиҷаи таҳдидҳои Талун сари шона хам кард,то Аҳмад Зоҳирро ба навъе аз шаҳр хориҷ кунад?

Ë он ки хабарчинон бе огоҳии худаш дарëфта буданд,ки вай бо Аҳмад Зоҳир чӣ вақт ва бо чӣ касоне аз шаҳр берун меравад ва ононро дунбол карда буданд?

Кашонидани Аҳмад Зоҳир ба нуқтае берун аз шаҳр бидуни тардид ба асари тамосҳо ва муъомилаои паси парда анҷом гирифт ва ин масъала дар радëбии ҷои пойи қотилон ба манзилаи як хати дурушт ҷилвагар мешавад.

Натиҷагирии кулли баъзе афрод ин аст,ки Маҳбубуллоҳ ин маъмуриятро дар бадали хуруҷ аз Афғонистон(ки дар он давра бисëр душвор буд)ба ӯҳда гирифт.

Аммо то замоне,ки Маҳбубуллоҳ ва ду тан аз духтарон – ҳамсафари онҳо қуфли хомӯшии худро нашкананд,содири ҳукми дуруст дар ин маврид даст бурдан бидуни санҷиш ба сӯрохи мор хоҳад буд.

Гуфта мешавад,ки баъд аз террори Аҳмад Зоҳир ду ҳодисаи дигар итттифоқ афтод,ки бе тардид дунболаи мантиқии нақшаи Талун ва Асадуллоҳ Амин дар яксара кардани кори Аҳмад Зоҳир ҳисоб мешавад.

Самади Дор Дор, Сафиуллоҳи Субот, Ғуломқолир Нико ва чанд тани дигаре ба ҳайси наздикон ва ë огоҳони қазия таъйид мекунанд,ки бист рӯз пас аз қатли Аҳмад Зоҳир ҳадди аққал Маҳбубуллоҳ ва Шаҳнозу Шакило аз зиндони сиëсии режими халқӣ озод шуда ва мутари онҳо низ баргардонида шуд.

Амо Ғ.Қ.даъво дорад,ки муъомилаи Маҳбубуллох бар сари Аҳмад Зоҳир танҳо ба мавзӯи рафтан ба Амрико маҳдуд намонд,балки ба асоси мувофиқати пешакӣ вай ба ҳайси узви яке аз намояндагиҳои Афғонистон дар Иëлоти Муттаҳидаи Амрико таъин ва эълом шуд.

Аммо ман ҳеҷ санадеро,ки ин даъворо тасдиқ намояд,дар архиви вазорати хориҷаи Афғонистон ва ҷои дигаре пайдо накардам.

Хабаре вуҷуд дорад,ки парвандаи қатли Холида ва тавқифи Аҳмад Зоҳир дар архиви расмии кишвар маҳфуз аст.Аммо зоҳиран чизе ба номи парвандаи қатли Аҳмад Зоҳир вуҷуд надорад.

Поëни сухан

Таҳқиқоти ҷомеъ дар бораи рӯйдоди мармузи марги Аҳмад Зоҳир то ҳол сурат нагирифтааст. Акнун ононе,ки дар ин қатл даст доштанд,ҳанӯз зиндаанд ва бояд мӯҳру муми лабҳояшонро бикшоянд.Дар марҳилаи нахуст нигоҳ ба торикхонаи қатли Аҳмад Зоҳир ,ҳатто мумкин аст аз хатари лағзишҳои гумроҳкунанда дар амон набошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин асл ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳарфҳои охир нест ва аносири такмилии ин ҷараëн ба ҳиммати рӯзноманигорони ҳаммаслаки манн ба тадриҷ равонаи қаламрави матбуот хоҳад шуд.Аз сӯйи худ ëдовар мешавам,ки дар сурати заруруат манбаъҳои зинда ва мадорики қобили инкор дар заминаи ҳаводиси марбут ба марги Аҳмад Зоҳир ,ки дар ин матн мавриди истифода қарор гирифта ,метавонанд муаррифӣ шавад.

Лозим ба тазаакур аст,ки ғайр аз ҷаноби Самади Дор Дор кулли касоне,ки ба асоси ангезаи гуногун бо Аҳмад Зоҳир ошно буданд,ба шумули бархе аз мақомоти аршади давлати он замон аз додани ҳар гуна тавзеҳот дар бораи иллатҳои марги Аҳмад Зоҳир эҳтироз карданд, ки ин масъала ба навбати худ қобили баҳс аст.

Ин вазъият дар воқеъ фирор ба сӯйи ғорҳои хаëлии наҷот аст.Танини ҳавлноки ин роз гунаҳкорони қатли Аҳмад Зоҳирро ба вартаи як фасоди хомӯши равонӣ шиновар кардааст. Кӯтоҳнигароне,ки барои дидани Аҳмад Зоҳир нодониста айнаки ҳасодат ва нафрат бар чеҳра мезаданд, ба зудӣ ба асорати ҳавасҳои шикастхӯрдаи худ дармемонанд.

Ҳарчанд ин силсила ҳанӯз поëн наëфтааст,аммо ононе,ки садои суқути арзишсолореро дар ҷомеаи Афғонистон шунида ва худро ба ношунавоӣ задаанд,ҳаргиз фурсат нахоҳанд ëфт,то барои ҳамеша зери бори одатҳои бемасрафи муҳофизакорӣ шона хам кунанд ва ба гумони расидан ба иттикое абас чанд сабоҳе барои идомаи зиндагӣ нафас бикашанд .

Соҳибони бешиносномаи ин зеҳният солҳост,ки дар рӯзона аз калимоти муфт барои худ хирқаи(либоси) ахлоқ медӯзанд.

Аммо дар ниҳонгоҳҳои бенишони хеш довталабона ба қаҳрамонони бемағзе бадал мешаванд ва то ҷое,ки тавонашон мерасад,рӯйи худро сиëҳ мекунанд.

Таҳиякунанда: Комилҷон Аҳроров, устоди коллечи омӯзгории шаҳри Панҷакент, муассиси саҳифаи вижаи Аҳмад Зоҳир “🇦🇫AhMaD 🇹🇯ZaHiR ThE LeGeNd🇮🇷” дар шабакаи «Одноклассники»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button