ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 13 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 13 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ТАФСИЛОТИ НАВИ КУШТОРИ 4 УЗВИ ОИЛАИ МАҲМАДОВҲО ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ТАБИБОНУ СОКИНОН АЗ ДАҲҲО ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ХАБАР МЕДИҲАНД. ВАЛЕ ВАЗОРАТ РАД МЕКУНАД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ИМСОЛ ҲАМ БА ЗОИРОНИ ХОРИҶӢ ИҶОЗАТИ ҲАҶ НАДОД

ВАҚТЕ КИ ПОЙ БА РОҲИ КАҶ РАФТ… КАЙФУ АЙШИ ЧАНДРӮЗА САЙМУМИНРО БА ЧОҲИ ҶИНОЯТ ТЕЛА ДОД

ПУЛИ ТАБОБАТИ ЯК ТОҶИК МОДАРИ РАМАЗОН ҚОДИРОВ ДОДААСТ

РӮЗИ 13 ИЮН ҲАРАКАТ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Бо гузашти беш аз як шабонарӯз аз қатли бераҳмонаи падари хонавода бо се кӯдакаш дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) дар ҷануби Тоҷикистон мақомот то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Як сокини деҳаи Тарғок ба хабаргузории русии “Спутник” гуфтааст, ки дар ҳамлаи субҳи шанбе, 12 июн Аҳлиддин Маҳмадов бо се кӯдакаш кушта шуда, ҳамсари ӯ ва як духтараш бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарӣ карда шудаанд.

dav

Ба гуфтаи ин манбаи “Спутник”, соли таваллуди фарзандони кушташудаи ин хонадон  2007, 2008 ва 2010 будааст. Ӯ афзудааст, ки ҳамаи онҳо аз қисмати сар бо табар ваё ашёи кунди монанд ба табар зарба хӯрдаанд.

Ҷустуҷӯи қотил ё қотилон то ҳол идома дорад. Мақомот умедворанд, ки баъди ба ҳуш омадану ба забон омадани ҳамсар ва духтари Аҳлиддин Маҳмадов онҳо метавонанд дар бораи асли ин қазия ва шахсияти қотил ё қотилон маълумоти бештар ба даст биоранд.

Аҳлиддин Маҳмадов дар деҳаи Тарғок ба мисли дигар сокинони ин деҳа ба деҳқонӣ машғул будааст. То ҳол далели бо чунин бераҳмии хос куштани ӯву фарзандони кӯчакаш, ки ҳамагӣ 11, 13 ва 14 сол доштанд, рӯшан нест.

Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар Ҷайҳун 126 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Аксар сокинони Ҷайҳун ба деҳқонӣ машғул мебошанд. Ин ноҳия қаблан Қумсангир ном дошт ва соли 2016 ба Ҷайҳун табдили ном кард.

хххххххххххххххххххх

Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунон пойфишорӣ дорад, ки аз моҳи январ ба ин сӯ дар кишвар ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор нашудааст, табибону сокинон аз бозгашти COVID-19 ба Тоҷикистон бонги изтироб мезананд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 12 июн ба нақл аз манбаи худ дар озмоишгоҳи «Диамед» иттилоъ дод, ки  танҳо рӯзи 8 июн танҳо дар ин озмоишгоҳ дар Душанбе 100 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. “Диамед” ба анҷоми ташхиси коронавирус машғул аст ва ба гуфтаи кормандаш, ду ҳафтаи ахир қариб ҳар рӯз ташхисҳои анҷомдодаи онҳо ҳолатҳои навбанави гирифторӣ ба коронавирусро ошкор мекунанд. “Азия-Плюс”  навишт, дар дастикам як озмоишгоҳи дигар низ аз сабти ҳолатҳои нави коронавирус дар пойтахт хабар додаанд.

  Вале Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро беасос хонда, исрор меварзад, ки сухан дар бораи хуруҷи мавсимии бемориҳое, чун пневмония ё зуком меравад, ки мардум иштибоҳан коронавирус гумонаш мекунанд.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи ин вазорат ба “Азия Плюс” гуфт, “ин хабарҳо асос надоранд. Вақте ҳарорати касе боло меравад, аз ӯ ташхис мегиранд. Вале дар аксари ҳолатҳо ташхис нишон медиҳад, ки “гумонбаршаванда” гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) ё зуком шудааст ва бемории ӯ рабте ба коронавирус надорад.”

Вазорати тандурустӣ шоми 12 июн низ дигарбора гузориш дод, ки дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд”. Ин ҷумларо маркази матбуоти вазорат аз аввали сол ҳар рӯз ба такрор нашр мекунад, вале кам касе бовараш мекунад.

Ва аммо як сокини Душанбе ба Радиои Озод гуфтааст, дар поёни  моҳи май аввал падар ва сипас модараш ба COVID-19 гирифтор шуданд. «Падарам дар як маъракаи ош иштирок карданд, мегӯянд, ки шояд ҳамон ҷо сироят шуданд», – гуфтаст ӯ. Натиҷаи озмоиши модари 62-солааш рӯзи 30 май нишон дод, ки ӯ низ сироят дидааст. Парастори минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, гуфт, дар як кӯчаи назди бунгоҳи тиббии онҳо “дар панҷ хона гирифторони коронавирус” таҳти назорат мебошанд.

Як табиби оилавӣ аз маҳаллаи Гулистон  гуфт, дар минтақаи онҳо ҳам чанд ҳодисаи олудашавӣ ба коронавирус вуҷуд дорад , “аммо мисле, ки соли гузашта буд, нест. Хеле камтар аст”.

Баақидаи коршиносон, ду омил метавонад сабаби пинҳон доштани воқеият дар бораи доманаи бемории коронавирус дар Тоҷикистон бошад. Яке азми мақомот барои боз кардани роҳи сафари муҳоҷирони тоҷик ба далели “қариб ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон”. Ва аз сӯи дигар, шояд барои инки дар сурати тасдиқи ҳолатҳои коронавирус ҳукумат маҷбур мешавад иқдомҳоеро барои ҷилавгирӣ аз густариши он, ба мисли анҷоми ташхисҳои пайваста дар мактабҳову корхонаҳо, рӯи даст бигирад. Вале ин пули хеле зиёд металабад…

ххххххххххххххххх

Мақомоти Арабистони Саудӣ ба далели пандемияи коронавирус имсол низ ба зоирони хориҷӣ иҷозати зиёрати Маккаву Мадина барои анҷоми маносики Ҳаҷро надоданд. Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ қарор кард, ки шумори зоиронро дар рӯзҳои Ҳаҷ бо ҳамагӣ 60 ҳазор нафар маҳдуд кунад. Мақомот танҳо ба сокинони худи Арабистони Саудӣ иҷозати Ҳаҷ доданд ва он ҳам ба сокинони синнашон аз 18 то 65, ки ягон бемории сироятӣ надошта бошанд ва аз коронавирус ваксина гирифта бошанд.

 Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ дар изҳороташ гуфт, мақомоти Саудӣ “ҳамеша ба масоили амният ва тандурустии зоирон аҳамияти бузург дода, ин масоилро дар раъси бартариҳои худ қарор медиҳанд.”

Дар Арабистони Саудӣ то имрӯз беш аз 460 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуда, ин вирус сабаби марги беш аз 7500 нафар шудааст.

Мақомоти Саудӣ соли 2020 низ ба далели коронавирус сафари зоирони хориҷиро барои анҷоми маносики Ҳаҷ манъ карда буданд.

То даврони пандемияи коронавирус ҳар сол то ду миллион зоир аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла то 6300 зоир аз Тоҷикистон, дар мавсими Ҳаҷ ба Маккаву Мадина меомад.

Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки имсол  ҳам зоирон аз Тоҷикистон ба сафари Ҳаҷ нахоҳанд рафт. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ эълон дошт, ки имсол ҳам аз сабаби бемории сироятии фарогир маросими ҳаҷро маҳдуд (60 ҳазор нафар аз ҳисоби шаҳрвандон ва муқимиёни Шоҳигарӣ) баргузор мекунад. Ба ҳамин тартиб, дар мавсими ҷорӣ низ кишварҳои хориҷ шаҳрвандони худро барои адои маросими ҳаҷ сафарбар нахоҳанд кард”, – хабар додааст сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим.

Соли гузашта, вақте Арабистони Саудӣ ба зоирони хориҷӣ иҷозати сафари Ҳаҷ надод, мақомоти Тоҷикистон ба онҳое, ки азми сафар доштанд, машварат доданд, ки пулҳои бо ин ният ҷамъкардаи худро ба корҳои хайр, аз ҷумла бунёди роҳ, пул, бунгоҳи тиббӣ ё мактаб дар маҳалли зисти худ сарф кунанд. Бархе аз онҳое, ки аз сафари Ҳаҷ монданд,  ин тавсияро пазируфтанд.

ххххххххххххххххх

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31 май Саймумин Муҳиддинов, сокини ноҳияи Ҷайҳунро бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар куштори ронандаи таксии “Як такси – 1111” бо бераҳмии махсус (моддаи 104, қисми 2), роҳзанӣ (моддаи 249, қисми 3) ва тасарруфи шиноснома (моддаи 339, қисми 2) гунаҳкор шинохта, дар умум 28 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Қиссаи ин ҷавони ҳамагӣ 20-сола, ки Нуриддин Маликзода, корманди додгоҳи пойтахти Тоҷикистон дар сомонаи ин додгоҳ нашр кардааст, нишон медиҳад, ки пойи як инсон чӣ гуна метавонад ба роҳи хатарноки ҷиноят билағжад ва ӯ чӣ қадар зуд ҳама ҳадду ҳудуди инсофу одамгариро убур кунад ва барои ҳирси молу пул ҳатто даст ба ҷони як инсони дигар бизанад.

Додгоҳ гуфт, Муҳидинов Саймумин Саймудинович, санаи таваллудаш 20 августи соли 2000,  сол, сокини деҳаи Вахши ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон,  қасдан ба ҷиноятҳои роҳзанӣ, одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва тасарруфи шиноснома дар ҳолатҳои зерин даст задааст.

Бар асоси маводи парванда, Муҳиддинов, ки дар мағозаи падараш дар Ҷайҳун ба ҳайси фурӯшанда кор мекард, моҳи августи соли 2020 дар яке аз тарабхонаҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ бо “Гулӣ” ном зани сабукпои аз худаш 17 сол калон ( санаи таваллуди Гулӣ 31.12.1983 мебошад) шинос шуда, ҳар ҳафта як-ду маротиба барои ишқварзӣ аз ноҳияи Ҷайҳун ба назди ӯ ба шаҳри Бохтар мерафтааст.

Нуриддин Маликзода менависад: “Бо ин мақсад Муҳидинов С.С. аз мағозаи падараш дар ноҳияи Ҷайҳун, ки он ҷо ба ҳайси фурӯшанда фаъолият мекард, мунтазам 400 – 500 сомонӣ гирифта, ин маблағҳоро барои маъшуқааш, ки ўро бо номи «Гулӣ» мешинохтанд, харҷ менамудааст. Дар маҷмуъ, ӯ дар давоми 2-3 моҳ аз мағозаи падараш пинҳонӣ тахминан 20 000 ҳазор сомонӣ гирифта, бо Гулӣ сарф кардааст. Аз ин ҳолат падараш воқиф гаштааст, Муҳидинов С.С., бошад аз тарси падараш, санаи 12.02.2021 аз мағоза боз 600 сомонии дигар гирифта, гурехта ба шаҳри Душанбе меояд…”

Саймумин Муҳиддинов шаби 12 ба 13 февралро дар Душанбе дар хонаи ҳамдеҳааш Қирғизбеков Хуршедҷон рӯз карда, рӯзи дигар, вақте мефаҳмад, ки падараш ӯро ҷустуҷӯ дорад, ба хотири ин ки вайро аз хонаи Хуршедҷон наёбанд, бегоҳи 13 феврал либосҳояшро ҷамъ намуда, аз он ҷо баромада меравад. Ӯ то 15 феврал, се рӯз дар боғҳои Фирдавсию Рӯдакӣ ва кӯчаву хиёбонҳои Душанбе сайругашт намуда, 600 сомонӣ аз мағозаи падараш дуздиаашро низ пурра харҷ кардааст ва ба сабаби дар пойтахт надоштани манбаи таъминот дар фикри пайдо кардани пул бо роҳи роҳзанӣ меафтад.

Муҳиддинов ба ин мақсад бо худ корд гирифта, рӯзи 15 феврал дар хиёбони Сино, 126 мошини ширкати  “Як таксӣ”, тамғаи “Ҳундай-Солярис”, рақами қайди давлатиаш 84-19 ТТ 05, таҳти идораи шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ, таваллудаш – 08.08.1990-ро манъ мекунад ва ба нишастгоҳи қафо нишаста, ба ронанда амр медиҳад, ки  ба самти кӯчаи Соҳилӣ ҳаракат кунад. Ҳангоми расидан ба қафои бинои навсохт, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ 23/20-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҷойи камодам мебошад, Муҳиддинов аз дохили селофан кордро бароварда, аз қафо ба гардани ронандаи таксӣ Эраҷи Эмомалӣ монда, талаб кардааст, ки ҳама пули доштаашро бароварда, ба ӯ диҳад.

Аммо, менависад Нуриддин Маликзода, “ронанда Эраҷи Эмомалӣ муқобилияти сахт нишон дода, бо мақсади муҳофизат кардани худ бо дасташ нӯги кордро медорад ва барои аз ҷинояткор халос шудан автомашинаро бо суръати баланд ба ҳаракат медарорад. Вале бинобар зери истифодаи зӯроварӣ қарор доштанаш, автомашина дар масофаи кутоҳ ба монеа бархӯрдааст. Муҳидинов С.С. ин ҳолатро дида, бо корд гардани ронандаро бурида, боз 41-маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш зарба зада, охиринро ба ҳалокат мерасонад. Пас аз қатли Эраҷи Эмомалӣ, ӯ кисаҳо ва автомашинаи номбурдаро кофта, аз дохили онҳо ҷамъ 60 сомонӣ, телефони мобилӣ ва шиносномаи миллиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.”

Саймумин Муҳиддинов вақте ба зиндон афтод, ки ҳамагӣ 20 сол дошт. Ва акнун вақте озод хоҳад шуд, ки синнаш ба 49 хоҳад расид…

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Раёсати БДА хабар дод, ки  рӯзи 13 июн, аз соати 07:00 то 10:00  дар маркази шаҳри Душанбе мусобиқаи дави байналмилалӣ баргузор мешавад ва ба ин сабаб ҳаракат тавассути кӯчаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад.  Ин чорабиниро дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон доир мекунад.

БДА гуфт, дави байналмилалӣ аз кӯчаи ИсмоилиСомонии пойтахт, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, давродаври кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ – хиёбони Рӯдакӣ ва аз хиёбони Рӯдакӣ то майдони Исмоили Сомониро дар бар хоҳад гирифт.

Аз ин лиҳоз, БДА аз ҳамаи шаҳрвандон ва ронандагон хоҳиш кардааст, ки субҳи 13 июн аз роҳҳои шафат истифода баранд.

ххххххххххххххххх

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” хабар дод, ки сандуқи хайрияи ба номи падараш Аҳмад –ҳоҷӣ Қодиров ахиран пули табобати 7 нафар, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро пардохт кардааст.

“Ахиран ба Фонди ҷамъиятии ба номи Қаҳрамони Русия Аҳмад –ҳоҷӣ Қодиров 7 нафаре, ки дар мавриди кумаки тиббии сатҳи баланд барои наздиконашон дучори мушкили молиявӣ шуда буданд, муроҷиат карданд. Яке аз онҳо зодаи Тоҷикистон Ҳакимҷон Шарипов буд, ки падараш дар яке аз бемористонҳои шаҳри Санкт-Петербург бистарист ва ба ҷарроҳии ҷиддӣ ниёз дорад”, – хабар дод Рамазон Қодиров.

Дар видеое, ки Рамазон Қодиров нашр кардааст, Ҳакимҷон Шарипов нақл кард, ки вақте падараш бемор шуду аз нигоҳи молиявӣ дар табобаташ мушкил кашид, ба бунёди Қодиров муроҷиат кард. “Ман умедвор будам, ки дар инҷо ба ман дасти ёрӣ дароз хоҳанд кард. Ва, алҳамдилуллоҳ, ки ин умедам бароварда шуд ва ба ман ёрӣ расонданд”, –  гуфт Ҳакимҷон.

Роҳбарии фонди Аҳмад –ҳоҷӣ Қодировро модари Рамазон Қодиров Аймани Несиевна ба уҳда дорад. Бо қарори ӯ, ин сандуқи хайрия ҳамчунин ба хонаводаҳои Юсуповҳо, Темурсултоновҳо, Байтаевҳо, Сентябриевҳо, Исмоиловҳо ва Абубакаровҳо низ барои кумаки наздиконашон кумак расондааст.

Рамазон Қодиров бо изҳори сипос ба модараш навишт: “Акнун ин хонаводаҳо имкон ёфтанд, ки наздикони худро барои табобати фарогир баранд. Ман ба МОДАРи азизам барои ғамхории пур аз шафқат нисбат ба ҳар касе, ки дари сандуқи хайрияашро мекӯбад, ё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои кумак муроҷиат мекунад, барои ёрӣ ба онҳое, ки умеди дарёфти кумакро аз даст дода буданд, самимона изҳори сипос мекунам. Худованд аҷри ин ҳама некиҳоятро баргардонад! Дар зиндагии бисёр оилаҳо чунин ҳолат пеш меояд, ки кас ба кумаки дигарон эҳтиёҷ пайдо мекунад. Хусусан вақте ки дар оила ягон бемори вазнине бошад, ки табобати фаврӣ ваё ҷалби мутахассисони сатҳи баландро талаб мекунад. Чунин навъи табобат маъмулан харҷи бузург дорад ва на ҳар кас тавони пардохташро дорад. Беморӣ ба бой ё камбағал будани бемор нигоҳ намекунад. Аз ин рӯ, дасти ёрӣ дароз кардан ба онҳое, ки бо чунин мушкил дучор мешаванд, хеле муҳим аст. Чунки фардо ҳар яки мо метавонем дар вазъияти онҳо биафтем.”

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button