БДА: РӮЗИ 13 ИЮН ҲАРАКАТ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД

Раёсати БДА хабар дод, ки рӯзи 13 июн, аз соати 07:00 то 10:00 дар маркази шаҳри Душанбе мусобиқаи дави байналмилалӣ баргузор мешавад ва ба ин сабаб ҳаракат тавассути кӯчаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад. Ин чорабиниро дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон доир мекунад.
БДА гуфт, дави байналмилалӣ аз кӯчаи ИсмоилиСомонии пойтахт, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, давродаври кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ – хиёбони Рӯдакӣ ва аз хиёбони Рӯдакӣ то майдони Исмоили Сомониро дар бар хоҳад гирифт.
Аз ин лиҳоз, БДА аз ҳамаи шаҳрвандон ва ронандагон хоҳиш кардааст, ки субҳи 13 июн аз роҳҳои шафат истифода баранд.

Таваҷҷӯҳ!
Ба диққати шаҳрвандон ва сокинони пойтахт расонида мешавад, ки санаи 13-уми июни соли 2021 аз соати 07:00 то 10:00 бинобар сабаби баргузории чорабинии асосии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2021, дави байналмилалӣ баргузор мегардад.
Макони баргузорӣ аз кӯчаи И.Сомонии пойтахт, хиёбони Ҳ.Шерозӣ, давродаври кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ – А.Рӯдакӣ, хиёбони А.Рӯдакӣ то майдони И.Сомонӣ.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандон ва ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон