ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАИ МОШИНСОЗӢ БУНЁД МЕКУНАД

Ӯзбекистону Тоҷикистон бо харҷи 2 миллион доллар корхонаи муштараки мошинсозӣ бунёд мекунанд. Корхонаи муштараки “UzAuto Motors Tadjikistan” дар навбати аввал солона метавонад то 10 ҳазор мошин ҷамъубаст кунад. Дар оянда иқтидори тавлидотии корхонаро то ба 35 ҳазор мошин дар як сол расонданианд.  

Созишнома дар бораи таъсиси корхонаи муштараки “UzAuto Motors Tadjikistan” дар ҳошияи нахустин ҳамоиши байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 9 июн, дар арафаи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар доир шуд, байни ширкатҳои “Алюминсохтмон” аз Тоҷикистон ва  “Avtosanoat Invest” ба намояндагӣ аз корпоратсияи “Ӯзавтосаноат”   имзо шудааст.

“Ӯзавтосаноат”  дар сомонааш хабар дод, ки тавофуқ дар бора таъсиси корхонаи мошинсозӣ дар ҷаарёни сафари вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Ӯзбекистон дар таърихи 21 апрели соли 2021 ба даст омада буд.

“Барои иҷрои ин лоиҳа гуруҳи кории “Узавтосаноат” рӯзҳои 5-7 май ба Тоҷикистон сафар карда, бо иқтидори тавлидотии ширкати шарикаш “Алюминсохтмон” шинос шуд ва пиромуни таъсиси корхонаи муштарака музокирот анҷом дод”, хабар додааст “Узавтосаноат”.

Корхонаи мошинсозии “UzAuto Motors” ба ҷамъубасти мошинҳои сабукраву боркаши тамғаҳои Chevrolet, Ravon, Isuzu ва Man машғул мебошад.

Таъсиси корхонаи муштарак бо “Алюминсохтмон” алакай дуюмин тарҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши ҷамъубасти мошинҳост. Моҳи марти соли 2019 ду кишвар корхонаи муштараки “ТАЛКО-КРАНТАС”-ро ба кор андохтанд, ки нахустин корхонаи ҷамъубасти мошинҳои боркаш ва техникаи махсус дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button