ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ КӮДАКИ 9-СОЛА ДАР ДАРЁИ СИР ВА ПИРАМАРДИ 77-СОЛА ДАР ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш рӯзи 10 июн, соати 18, як кӯдаки нӯҳсоларо, ки дар дарёи Сир ғарқ шуд,  наҷот додаанд. Ин кӯдаки сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар қаламрави шаҳри Хуҷанд зери об шудааст.

КҲФ оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва беназоратии волидонро сабаби ин ҳодиса номида, гуфт, “навбатдорони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо дарёфти хабари ғарқи об шудани ин духтарчаи 9-сола фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дар дақиқаҳои башумор ӯро аз гирдоби дарё берун оварданд.”

“Расидани фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имкон дод, ки ин духтарча солим аз об берун оврада шавад”, –таъкид кардааст КҲФ.

Ҳамин тавр, наҷотбахшон рӯзи 11 июн, соати 14:20 як сокини 35-солаи шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот додаанд. КҲФ гуфт, ин мард то ними дарё шино карда, сипас зери об рафтааст. Навбатдорони раёсати вилоятии КҲФ бо қаиқ саривақт ба ҷои ҳодиса расида, ин мардро наҷот додаанд ва ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расондаанд.

КҲФ бо назардошти ин ду ҳодиса бори дигар аз сокинон хостааст, ки:

– танҳо дар ҷойҳои иҷозатдодашуда оббозӣ кунанд,

– сармаст аз шароб вориди об нашаванд,

– тани танҳо шабонгаҳон шиноварӣ накунанд,

– бачаҳоро дар лаби об ва ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд,

– қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Бино ба ҳисобҳо, аз аввали сол дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 40 нафар ҷон бохтаанд. Тақрибан нисфи ғарқшудагонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

КҲФ ҳамчунин хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта наҷотбахшонаш дар Душанбе ду дари бастаро боз ва мушкили сокинони пойтахтро осон кардаанд.

“Дар яке аз ин хонаҳо тифлакон бо як пирамарди 77-солаи маҷрӯҳи гурӯҳи якум дармонда буданд. Ҳам кӯдакон ва ҳам пирамард ба ёрии тиббӣ ва маслиҳати равоншиносӣ ниёз надоштанд. Аммо бо вуҷуди ин имдодгарон бо волидони онҳо дар мавриди беназорат нагузоштани фарзандони ноболиғашон суҳбат карданд. Онҳо таъкид карданд, ки вақте сухан аз бачаҳо меравад, волидон ҳамеша бояд донанд, ки на ҳар бор ин фаромӯшхотириҳову ин танҳоигузориҳо паёмад нахоҳанд дошт. Шавад рӯзе, ки ин амалҳо нохушиеро ба бор оранд”, гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button