ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 12 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 12 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ 4 УЗВИ ЯК ОИЛА, АЗ ҶУМЛА 3 КӮДАК, ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ПУЛИСИ МАСКАВ ТАРАФДОРОНИ ИЗЗАТ АМОНРО ОЗОД КАРД

ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАИ МОШИНСОЗӢ БУНЁД МЕКУНАД

БОЗДОШТИ РОНАНДАГОНИ 11 МОШИНИ ГАРОНБАҲО БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”

ҲАЛОКАТИ ЗАНИ 61-СОЛА ДАР ЯК САДАМА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

НАҶОТИ КӮДАКИ 9-СОЛА ДАР ДАРЁИ СИР

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Субҳи 12 июн дар деҳаи Тарғоқи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) дар ҷануби Тоҷикистон дастикам чор узви як оила, аз ҷумла 3 кӯдак, бераҳмона бо табар кушта шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Озодӣ гуфт, сабаб ва тафсилоти ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст, вале бино ба иттилои тасдиқношуда, ҳамаи ин 4 нафарро бо табар куштаанд. Ҳамсуҳбати Озодӣ гуфтааст, ки марди ин хонавода 39 сол дошта, деҳқон буд. Ба гуфтаи ӯ, деҳаи Тарғоқ ҳоло “милисаборон аст” ва “касеро дохил ё берун шудан намемонанд.”

Рӯзи 12 июн дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса субҳи шанбе рух дода, ҳамаи қурбониён аз як оила мебошанд. Мақомот тафсилоти дигар намедиҳанд. Сухангӯи ВКД Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки аз ин хабар огаҳӣ дорад, вале ҷузъиёти бештар дертар нашр мешавад.

Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар Ҷайҳун 126 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Аксар сокинони Ҷайҳун ба деҳқонӣ машғул мебошанд. Ин ноҳия қаблан Қумсангир ном дошт ва соли 2016 ба Ҷайҳун табдили ном кард.

xxxxxxxxxxxxxxxxxxxxxxx

Пулиси минтақаи Мешанскаяи шаҳри Маскав шоми 11 июн, чанд соат баъди боздошташон адвокат Шуҳрат Қудратов ва фаъоли ҷавон Раҳматулло Ҷалоловро озод кард. Онҳоро кормандони пулис баъди намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеи воқеъ дар “Проспект Мира” барои пӯшидани футболкаҳо бо акси Иззат Амон ва талаби озод кардани ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дастгир карда буд.

Пулис нисбат ба Шуҳрат Қудратов ва Раҳматулло Ҷалолов бар асоси моддаи 20.2 КоАПП, яъне Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани тартиби баргузории тазоҳуроти эътирозӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳ фиристодааст. Ин банди  қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 10 то 20 ҳазор рубл ваё то 40 соат корҳои маҷбуриро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 11 июн дар шаҳри Маскав  як гуруҳи тарафдорони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон футболкаҳои сафед бо акси Иззат Амон ва талаби аз зиндон озод кардани ӯро пӯшида, ба масҷиди воқеъ дар “Проспект Мира” рафтаанд. Дар қисмати пеши ин футболкаҳои рангашон сафед акси Иззат Амон гузошта шуда, бо се забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  “Озодӣ ба Иззат Амон” навишта шуда буд.

Баъди чанде кормандони пулиси Маскав ба масҷиди “Проспект Мира” ҳозир шуда, адвокат Шуҳрат Қудратов ва Раҳматулло Ҷалоловро, ки дар тан футболкаҳо бо акси Иззат Амон доштанд, дастгир карда ба шуъбаи пулиси минтақаи Мешанская бурданд.

Дар як паёми видеоӣ аз шуъбаи пулис Шуҳрат Қудратов гуфт, футболкаҳо бо акси Иззат Амонро аз тани ӯву Раҳматулло Ҷалолов бароварда, мусодира кардаанд.

Дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ як додгоҳ дар Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амон, роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Маскавро бекор кард ва ӯ  рӯзи 25 март ба таври мармуз ғайб зада, ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

ххххххххххххххххх

Дар аксҳо: Мошинҳои сохтаи “Узавтосаноат”

Ӯзбекистону Тоҷикистон бо харҷи 2 миллион доллар корхонаи муштараки мошинсозӣ бунёд мекунанд. Корхонаи муштараки “UzAuto Motors Tadjikistan” дар навбати аввал солона метавонад то 10 ҳазор мошин ҷамъубаст кунад. Дар оянда иқтидори тавлидотии корхонаро то ба 35 ҳазор мошин дар як сол расонданианд. 

Созишнома дар бораи таъсиси корхонаи муштараки “UzAuto Motors Tadjikistan” дар ҳошияи нахустин ҳамоиши байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 9 июн, дар арафаи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар доир шуд, байни ширкатҳои “Алюминсохтмон” аз Тоҷикистон ва  “Avtosanoat Invest” ба намояндагӣ аз корпоратсияи “Ӯзавтосаноат”   имзо шудааст.

“Ӯзавтосаноат”  дар сомонааш хабар дод, ки тавофуқ дар бора таъсиси корхонаи мошинсозӣ дар ҷаарёни сафари вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Ӯзбекистон дар таърихи 21 апрели соли 2021 ба даст омада буд.

“Барои иҷрои ин лоиҳа гуруҳи кории “Узавтосаноат” рӯзҳои 5-7 май ба Тоҷикистон сафар карда, бо иқтидори тавлидотии ширкати шарикаш “Алюминсохтмон” шинос шуд ва пиромуни таъсиси корхонаи муштарак музокирот анҷом дод”, хабар додааст “Узавтосаноат”.

Корхонаи мошинсозии “UzAuto Motors” ба ҷамъубасти мошинҳои сабукраву боркаши тамғаҳои Chevrolet, Ravon, Isuzu ва Man машғул мебошад.

Таъсиси корхонаи муштарак бо “Алюминсохтмон” алакай дуюмин тарҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши ҷамъубасти мошинҳост. Моҳи марти соли 2019 ду кишвар корхонаи муштараки “ТАЛКО-КРАНТАС”-ро ба кор андохтанд, ки нахустин корхонаи ҷамъубасти мошинҳои боркаш ва техникаи махсус дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

РВКД Душанбе хабар дод, ки бар асоси аксҳои фиристодаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  нисбат ба ронандагони чандин мошини гаронбаҳо бо рақамҳои “крутой” протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Мошинҳои ин ронандагони протоколшуда тамғаҳои “Мерседес”, “Рейнҷ Ровер”, “Лексус”, “Тойота Кемри” ва  “Тойота Прадо” ва танҳо якеаш аз тамғаи нархаш миёнаи “Ҳундай” буда, вале рақамҳои қайди давлатии ин 11 мошине, ки РВКД бо акси ронандагонашон нашр кардааст,  дар ҳақиқат, ба таъбири мардум, “крутой”мебошанд:

«Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1111BU01;

 «Рейнҷ-Ровер»,  рақами қайди давлатиаш 0003DA01;

«Лексус-460», рақами қайди давлатиаш 0010УТ01;

 «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 010МО01;


«Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 0002АТ01;


Тойота-Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 4444УХ01;


«Тойота Прадо», рақами қайди давлатиаш 1070ХА01;

 «Ҳундай», рақами қайди давлатиаш 2007РВ01;


РВКД Душанбе ахиран дар пайи таҳқиқи як видео аз боздошти ронандаи як мошини дигари гаронбаҳо бо рақамҳои “крутой” хабар дода буд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ Х-5» рақамҳои қайди давлатиаш 0002QO01 шаҳрванд Мирзоев Ҷаҳонгир Раҷабович санаи таваллудаш 31.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки ба хариду фурӯши автомашина машғул аст, мебошад. Раҷабовро аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва мошинаш ба ҷаримагоҳи муваққатии РВКД Душанбе дастрас кардаанд. Ӯро дар ниҳоят барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протокол кардаанд ва ҷарима бастаанд.

ххххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш рӯзи 10 июн, соати 18, як кӯдаки нӯҳсоларо, ки дар дарёи Сир ғарқ шуд,  наҷот додаанд. Ин кӯдаки сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар қаламрави шаҳри Хуҷанд зери об шудааст.

КҲФ оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва беназоратии волидонро сабаби ин ҳодиса номида, гуфт, “навбатдорони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо дарёфти хабари ғарқи об шудани ин духтарчаи 9-сола фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дар дақиқаҳои башумор ӯро аз гирдоби дарё берун оварданд.”

“Расидани фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имкон дод, ки ин духтарча солим аз об берун оварда шавад”, –таъкид кардааст КҲФ.

Ҳамин тавр, наҷотбахшон рӯзи 11 июн, соати 14:20 як сокини 35-солаи шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот додаанд. КҲФ гуфт, ин мард то ними дарё шино карда, сипас зери об рафтааст. Навбатдорони раёсати вилоятии КҲФ бо қаиқ саривақт ба ҷои ҳодиса расида, ин мардро наҷот додаанд ва ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расондаанд.

Бино ба ҳисобҳо, аз аввали сол дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 40 нафар ҷон бохтаанд. Тақрибан нисфи ғарқшудагонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Субҳи барвақти 11  июн, тахминан соати 05:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Уссаров Аҳрор Маъруфалиевич, с.т. 1981, сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чаноқ-Душанбе» дар ҳудуди ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Алиев Иззатулло Нуралиевич, с.т. 1983, сокини шаҳри Левакант, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири «Опел», Амонова Мукаррама, с.т. 1960, сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 46-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2019 дар хиёбони Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии як сокини 42-солаи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 58 ҳазор доллар гирифтааст. Ӯ  ваъда додааст, ки маблағро баъд аз 1 моҳ бармегардонад, аммо то ҳол пули гирифтаашро барнагардондааст.

Инчунин, сокини 37-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2019 дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии  сокини 41-солаи ҷамоати Дарёбоди ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад. Аммо ӯ то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button