ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЗАНИ 61-СОЛА ДАР ЯК САДАМА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Субҳи барвақти 11  июн, тахминан соати 05:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Уссаров Аҳрор, с.т. 1981, сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чаноқ-Душанбе» дар ҳудуди ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Алиев Иззатулло, с.т. 1983, сокини шаҳри Левакант, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири «Опел», Амонова Мукаррама, с.т. 1960, сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

хххххх

Сокини 46-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2019 дар хиёбони Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии як сокини 42-солаи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 58 ҳазор доллар гирифтааст. Ӯ  ваъда додааст, ки маблағро баъд аз 1 моҳ бармегардонад, аммо то ҳол пули гирифтаашро барнагардондааст.

Инчунин, сокини 37-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2019 дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт аз сокини 41-солаи ҷамоати Дарёбоди ноҳияи Рӯдакӣ 60 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад. Аммо ӯ то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархӯрди ду автомашина

Рӯзи 11-уми июни соли 2021, тахминан соати 05:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Уссаров Аҳрор Маъруфалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чаноқ-Душанбе» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Алиев Иззатулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Левакант, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Амонова Мукаррама, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2019 дар хиёбони Рӯдакӣ, марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 58 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-моҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дарёбоди ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2019 дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт марди 37-солаи сокини ш.Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button