ВидеоТоҷикистонҶомеа

ЗАНИ АМАКИ АҲМАДҶОНИ 7-СОЛА БАРОИ ҚАТЛИ Ӯ БА 16 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31 май Абдураҳмонова Муборак Азимҷонова, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Синои пойтахтро бо ҷурми одамкушӣ бо бераҳмии махсус ба 16 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Додгоҳ ин занро бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (банди “в”) дар куштани кӯдаки баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, гунаҳкор шинохт.Ин банди қонун барои куштори ноболиғ ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10 июн, баъди қонунан ба иҷро даромадани ҳукми Абдураҳмонова дар шарҳи ин парванда гуфт, “05.03.2021 сол тахминан соати 1400 Абдураҳмонова Муборак Азимҷоновна, бо мақсади одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани одами дигар, ки оҷизиаш барои гунаҳгор баръало маълум буд, хурдсол Абдураҳмонов Аҳмад Хусравовичро, санаи таваллудаш 07.06.2014, хонандаи синфи 1-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Кошевой, хонаи 23/1 бурда, аз ҳиссиёти қасду бадбинӣ, хусумат ва ҷанҷоли оилавӣ, ӯро буғӣ намуда, баъдан бо ҳарду дастонаш сари хурдсолро дошта, якчанд маротиба ба девори дохили хона зада ва якчанд маротибаи дигар бо муштонаш ба сару рӯйи хурдсол зарба зада, охиринро ба қатл расонидааст.”

Баъди кушта шудани Аҳмад, ки ҳамагӣ 7 сол дошт, хешовандонаш билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Муборак Абдураҳмонова, зани амаки кӯдаки кушташуда баланд карданд. Аммаи кӯдак гуфта буд,  аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад.

“Дар камераҳо ҳамааш сабт шудааст ва мо дидем, ки вақте ҷиянам аз мактаб меояд, барои харидани маҳсулот ба мағоза медарояд, – гуфт ӯ. – Муборак ӯро ба хонааш даъват мекунад. Даме, ки ҷиянам ба дари хона наздик мешавад, зан зӯран ӯро ба хона дароварда, баъди 10 дақиқа хонаро тарк кард…”

Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки Аҳмад баъди дарсҳо бояд ба хона меомад, лекин он рӯз  барнагашт. Аҳли оила аввал фикр кардаанд, ки ӯ ҳамроҳи бибиааш аст, ки роҳбари синфи писарча  низ буд. Вақте фаҳмиданд, ки Аҳмад дар мактаб нест, хешу табор бо талвоса дар ҷустуҷӯи кӯдак афтодаанд, вале дер шуда буд. Ҷасади Аҳмадро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз хонаи амакаш ёфтанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button