САФОРАТИ АМРИКО АЗ ШУРӮИ ҶАШНВОРАИ GO VIRAL CENTRAL ASIA ХАБАР ДОД

Сафорати Амрико дар Душанбе эълон кард, ки аз 11 то 20 июни соли 2021 ҷашнвораи солонаи бизнес, технология, медиа ва фарҳанг бо номи Go Viral Central Asia баргузор мегардад. Сафорат сокинонро ба тамошои оғози расмии фестивал, ки соати 15:00 шуруъ мешавад, даъват карда, хабар дод, ки ҷашнвора дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook – Go Viral TJ ва Instagram мустақиман пахш мегардад.
Фестивали «Go Viral» шахсиятҳои боистеъдод, эҷодкор, зирак, ва гуногунҷабҳаро аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам меорад ва ҳар як қисмати барнома зиёда аз 50 нафар маърӯзачӣ ва сухангуёнро аз Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар, инчунин баромадҳо, муҳокимаҳо, намоишҳои омӯзишӣ (workshops), намоиши филмҳои мустанад, сессияҳои нетворкинг ва, ҳатто, консертҳои мустақимро дар бар мегирад.
Формати чорабиниҳо омехта буда, барномаҳо ба таври онлайн ва офлайн, дар як вақт баргузор мегарданд. Илова ба сессияҳои Алмаато, Тошканд ва Бишкек, қисми зиндаи фестивал дар шаҳри Душанбе дар American Space and Makerspace Dushanbe Tajikistan – Маркази амрикоӣ баргузор мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки Фестивали «Go Viral» аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ ва аз ҷониби ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.
Қисмати фестивал, ки дар Душанбе баргузор мегардад, барномаҳои зеринро дар бар мегирад:
• Ҷумъа, 11 июн
18:00-20:00
Маросими ифтитоҳи расмӣ. Баромади мусиқавии Марҷона Хасанова, (виолончелнавоз), DJ Jova, Дарико Гарибян (ғижак), Анвар Шоймуродов (ғижак), ва Парвиз Хаёлзода (алт).
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR5ed
• Шанбе, 12 июн
18:30-19:30
Муҳокимаи панелӣ: Фарид Ширинҷонов, Шабнам Шерматова «Иқтисоди эҷодкорӣ ва соҳаи тарабхонаҳо». Модератор: Парвиз Рузиев
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR4gi
19:30-20:00
Консерт: Чоршанбе Аловатов
• Якшанбе, 13 июн
17:00-18:00
Муҳокимаи панелӣ: Саидакбар Акбаров, Лола Қосимова, Рафаэл Гулов. «Чӣ тавр ҷавонони тоҷик саҳифаи Instagram-и худро пеш мебаранд».
Модератор: Тимур Тимерханов
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR4q5
19:30-20:00
Презентатсия: Нилуфар Муродова «Шарҳи курсҳо ва барномаҳо барои духтарон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ»
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR4jD
• Панҷшанбе, 17 июн
11:00-12:30
Намоиши омӯзишӣ: Канат Бейсекеев ва продюсерони тоҷик «Филмҳои мустанад дар заминаи Осиёи Марказӣ»
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR4yM
10:00-11:00
Муҳокимаи филми «Занони Осиёи Марказӣ»
Модератор: Шаҳина Баҳромова
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR5Qh
20:00-20:20
K-POP ва Арт – маълумот дар бораи мафҳуми K-POP ва маъруфият ба даст овардани он пешниҳод мегардад
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR5Qh
• Ҷумъа, 18 июн
11:00-16:00
Ин рӯз ба филм-лоиҳаи «48 Соат Film Race» бахшида шуда, “мастер-классҳо” аз филмсозони пешбари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Аниса Сабирӣ ва Канат Бейсекеев пешкаш мегарданд. Дар рафти фестивали «48 Соат Film Race» инчунин озмуни махсус барои истеҳсоли филми кутоҳмуддати 48-сониягӣ дар давоми 24 соат гузаронида мешавад.
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR5FS
• Якшанбе, 20 июн
16:00-16:30
Презентатсия: Искандар Мирзоганиев
«Постерҳо чун медиа-формати самаранок»
Бақайдгирӣ: https://clck.ru/VR5GH
16:30-17:00
Презентатсия: Тахмина Ҳакимова, Фаррух Сафарзода
«Ифшои қаҳрамон дар форматҳои видео ва акс»
17:30-18:00
Презентатсия: Диана Высоцкая «Чӣ гуна чорабиниҳоро дар минтақаҳо эҷодкорона гузаронидан мумкин аст»
18:00-18:30
Презентатсия: Азам Мирзонаҷотов “Тасвирҳое, ки ба воқеияти иҷтимоӣ таъсир мерасонанд”
Шумораи иштирокчиён барои ҳар як сессия маҳдуд ва сабти ном зарур аст. Пайванди ҳар як барномаро метавонед дар саҳифаи расмии GoViralTJ дар Instagram пайдо кунед. Ҳамаи ҷорабиниҳои дар Душанбе баргузоршаванда дар саҳифаи фейсбуки GoViralTJ низ дар формати пахши зинда дастраст мегарданд.
Муфассал бо барномаи чорабиниҳое, ки дар шаҳрҳои Алмаато, Бишкек ва Тошканд баргузор мегарданд, метавонед дар инчо шинос шавед.