ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

САБТИ ПУРРАИ КОНСЕРТИ “ШОМИ ДӮСТӢ” ДАР КОХИ БОРБАД ВА СУПУРДАНИ ОРДЕНИ ЗАРРИНТОҶ БА МИРЗИЁЕВ (ВИДЕО)

Шоми 10 июн дар Кохи Борбад дар пойтахти Тоҷикистон ба шарафи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, консерти “Шоми дӯстӣ” доир шуд. Дар ин консерт ҳудуди 250 ҳунарманди шинохтаи тоҷику ӯзбек иштирок карданд.

Президенти Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев яке аз баландтарин мукофоти давлатии Тоҷикистон ордени Зарринтоҷ, дараҷаи якро супурд. Дар фармон гуфта мешавад, ки Мирзиёев “барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” бо ин орден сарфароз гардонда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 10 июн дар бӯстонсарои берунишаҳриаш барои Мирзиёев ва ҳамроҳони ӯ як зиёфати ғайрирасмӣ низ орост.

Рӯзи 10 июн дар Душанбе дар доираи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 36 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:

– Ду кишвар аз ҷумла зарурати сабти ном ҳангоми равуои шаҳрвандони ба кишварҳои якдигарро аз миён бардоштанд.

– Ҳамин тавр, Ӯзбекистон бунёди ду нирӯгоҳ дар ҳавзаи дарёи Зарафшонро сармоягузорӣ мекунад. Феълан қарордод дар мавриди таъсиси ҷамъияти саҳҳомии муштарак ва анҷоми арзёбии фанни тарҳи ин ду нирӯгоҳ имзо шуд.

-байни Тоҷикистону Ӯзбекистон автобусҳо ба мусофиркашӣ шурӯъ мекунанд.

Шавкат Мирзиёев рӯзи 10 июн бо як сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст, ӯ аз шаҳри Хуҷанд ҳам боздид кунад.

Ин сафари дуюми Мирзиёев ба Тоҷикистон аз замони расиданаш ба раҳбарии Ӯзбекистон дар соли 2016 мебошад. Сафари якуми ӯро,ки соли 2018 анҷом шуд, бисёриҳо таърихӣ меноманд, чунки тамоми гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуд, парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвар аз сар гирифта шуд, низоми виза бекор шуд ва дар умум ба ҷанги сарде, ки  солҳо боз  дар аҳди Ислом Каримов байни Тошканду Душанбе идома дошт, нуқта гузоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button