ВарзишВидео

ПИРӮЗИИ БЕЧУНУЧАРОИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК: ЛОИҚ РАҶАБОВ ҲАРИФАШ АЗ ДОҒИСТОНРО АЛАКАЙ ДАР СОНИЯИ 27-УМ БА НОКАУТ ФИРИСТОД (ВИДЕО)

Варзишгари 30-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов шаби 10 июн дар мавсими нави лигаи размандаҳои касбии Professional fight league (PFL)  дар вазни сабук бар рақибаш аз Доғистони Русия Ахмед Алиев пирӯз шуд. Ба варзишгари тоҷик ҳамагӣ 27 сония лозим шуд, то рақибашро ба нокаут фиристода, пирӯзии бечунучаро ба даст биорад.

Алиев ба ин рақобат бо шанси нисбат ба Лоиқ хеле бештари пирӯзӣ ворид шуд, вале алакай дар сонияи 21-ум як зарбаи сахтро сар дод ва 6 сонияи дигар Лоиқ Раҷабов дигар ҳарифашонро чунон танг овард, ки довар маҷбур шуд дар сонияи 27-ум дахолат кунад ва рақобатро қатъ кунад.

Акнун Лоиқ Раҷабов дар ММА 11 пирӯзӣ ва 3 шикаст дорад. Ахмед Алиев 20 пирӯзӣ ва 7 шикаст дошта, баъди мағлуб шудан аз варзишгари тоҷик аз имкони идомаи мубориза барои ҷоизаи асосии PFL  – 1 миллион доллар маҳрум шуд. Лоиқ Раҷабов бошад баракс ба марҳалаи ниманиҳоии мавсими имсола роҳ ёфт ва метавонад бори дигар барои ин як миллион доллар ҷоизаи асосии мавсим муборизаро давом диҳад.

Ёдовар мешавем, соли 2019  варзишгари тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти Гран-прии Professional fight league (PFL) – 2019 дар вазни сабук роҳ ёфт, вале дар финал, ки шаби 1 январи соли 2020 дар толори машҳури “Медисон Сквер Гарден” дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шуд, аз рақибаш аз Бразилия Натан Шулте шикаст хӯрд ва аз як миллион доллар ҷоиза маҳрум гардид.

Ҳоло Лоиқ шанс дорад, ки ин як миллион долларро билохира ба даст биорад!

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990  дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, мактаби №77-ро дар шаҳри Душанбе ва сипас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис ё инженери роҳҳои оҳан хатм кардааст

Соли 2015 Лоиқ Раҷабов ба Олмон рафта, таҳти роҳбарии мураббии зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ҷиддан ба машқу тамрини муҳорибаҳои омехта пардохт. Ӯ дар Олмон 4 камарбанд ба даст оварда, соли 2019 бори аввал дар мусобиқоти лигаи PFL  иштирок кард ва то финали ин мусобиқот роҳ ёфт. Лоиқ Раҷабов оиладор аст ва се фарзанд дорад.

Лоиқ Раҷабов дар саҳифааш дар Инстаграм ба ҳамаи мухлисонаш барои боварӣ ва пуштибонӣ изҳори сипос кард. Ӯ ҳамчунин ба рақибаш Ахмед Алиев ташаккур гуфта, ба ӯ саломатӣ орзу кардааст. Ман нисбат ба ӯ самимона ҳисси эътиром ва эътироф дорам”, – навиштааст Лоиқ Раҷабов.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button