ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

НА ПУЛ, НА ХОНА… ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ЯКУНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ

Як сокини 51-солаи шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони даст доштан дар дастикам ду мавриди қаллобӣ дар фурӯши хонаҳои навсохт ба маблағи қариб 136 ҳазор доллар (беш аз якуним миллион сомонӣ) дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин мард ҳанӯз чоруним сол пеш аз ду сокини пойтахт барои гирифта додани манзил дар як хонаи навбунёд дар кӯчаи Истаравшан пули калон гирифта, чанд сол боз на ба онҳо хона медиҳад ва на пулашонро бармегардонад.

Маркази  матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 45-солаи сокини ин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 25-уми январи соли 2017 дар кӯчаи Бухорои пойтахт марди 51-солаи сокини шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 58 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи Истаравшан хонаи 2-хуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, бино ба гузориши ВКД, ҳамин сокини Рӯдакӣ рӯзи 17-уми январи соли 2017 дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 67 ҳазору 690 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи Истаравшан хонаи 2-хуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ин ваъдаашро ҳам то ҳол иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар солҳои охир баробар бо авҷ гирифтани сохтмон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ ҳангоми фурӯши манзилҳо низ афзоиш ёфтааст. Сокинонро нафақат миёнаравҳо, балки баъзан ширкатҳои сохтмонӣ низ фиреб медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button