ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

МОРО АЗ ИНҶО БАРЕД! НОМАИ ЗАНОНИ ТОҶИК АЗ ЯК УРДУГОҲИ СУРИЯ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Як гуруҳи занони тоҷик аз урдугоҳи Ал-Ҳавли Сурия ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, аз вай хостаанд, ки онҳоро ҳамроҳи кӯдаконашон ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонад. Ин занон ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви созмони террористии ДОИШ ҳастанд, ки аксараш мегӯянд, зери фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи оқибатҳои ин амал ба Сурия рафта, пас аз шикасти ин гуруҳи тундрав инак чанд сол боз бо кӯдакони хурдсолашон дар урдугоҳҳои асирони ҷанг қарор доранд. Шумораи умумии занону кӯдакони тоҷик дар Сурия то 600 нафар гуфта мешавад.

Президенти Тоҷикистон моҳи апрел дар суханрониаш дар Исфара ваъда дод, ки занону кӯдакони тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурия ба Ватан бар хоҳанд гардонд. Ин паёми Эмомалӣ Раҳмон то Сурия низ расидааст ва занони тоҷик дар номаашон менависанд, ки “ин ба мо умед ба ояндаи хуб бахшид”.

Занони тоҷик дар номаашон ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин навиштаанд, ки нархи амали шавҳаронашонро акнун якҷо бо кӯдакони хурдсоли худ пардохт карда истодаанд. “Дар интизори бозгашт ба ватан ҳастем ва хоки ватанро болотар аз ҳама чиз медонем. Мо азобе дидем, ки Худо ба касе нишон надиҳад. Намехоҳем фарзандонамон дар ин мулк ояндаи нохуб дошта  бошанд”, – навиштаанд ин занон дар номаашон.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки масъули баргардондани занону кӯдакон аз Сурияву Ироқ низ ҳаст, рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъала ҳамоно дар дастури кор қарор дорад ва “сафорат корҳоро давом дода истодааст”. Ӯ бидуни овардани кадом санаву замони мушаххас гуфт, “дар ин бора супориши раҳбари давлат аст ва он ҳатман иҷро хоҳад шуд.”

Аммо яке аз муаллифони нома, ки худро Фотима номид, ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол боз ваъдаи бозгаштро мегиранд, вале ҳеч нест, ки амалӣ шавад.

Занони тоҷик аксаран дар паноҳгоҳи Ал‑Ҳавл ва Рожи Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, ки зери назорати курдҳо қарор доранд. Курдҳо ба ҳукумати Башор Асад итоат намекунанд.

“Хеле шароити сахт дорем. Вақте се‑чаҳор тоҷик дар лагери Ал‑Ҳавл буд, мақомоти тоҷик мегуфтанд, агар як ҳавопаймо одам шавед, мебарем. Ҳозир ду ҳавопаймо одам ҷамъ шудааст. Аз дур мегӯянд, ки мегирем, лекин намегиранд. Фарзандон ҷуз сангу хок, ҷуз хаймаҳо чизе намебинанд ”, ‑‑ гуфтааст Фотима.

Танҳо дар урдугоҳи Ал‑Ҳавл ҳудуди 400 зану кӯдаки тоҷик нигоҳ дошта мешаванд.

ДОИШ як созмони тундрави мазҳабист, ки дар солҳои 2013-2014 қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони таъсиси ба ном “хилофат” кард. Дар он даврон, ба ҳисоби мақомоти тоҷик, ҳудуди 2 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафараш ба қавле “хонахез” ҳамроҳи аҳли хонаводаҳои худ ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ДОИШ пайвастанд. Яке аз ҷангҷӯёни тоҷик полковник Гулмурод Ҳалимов дар ДОИШ  ҳатто то ба мақоми “вазири ҷанг” расид.

Вале баъди шикасти ДОИШ сар аз соли 2017 бисёре аз ҷангҷӯёни тоҷик ё кушта шуданд ваё ба асорат афтоданд ва занону кӯдакони онҳо дар он ду кишвари ҷангзада дар ҳоли табоҳе қарор гирифтанд.

Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, дар Сурияву Ироқ ҳудуди 500 ҷангҷӯи тоҷик кушта шудаанд.

“Ё баред, ё бигузоред”. Паёми занони тоҷик аз паноҳгоҳе дар Сурия ба президент Раҳмон

Мӯъмин Аҳмадӣ, Радиои Озодӣ


Гурӯҳе аз занони тоҷик дар паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”‑и Сурия аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, хостаанд, ки онҳоро зудтар ба ватан баргардонад.

Ин занон ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ ҳастанд, ки аксарият мегӯянд, бо фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи ин амал ба Сурия рафта, пас аз шикасти гуруҳи тундрав аз се то чаҳор соли охир бо кӯдакони хурдсол дар паноҳгоҳҳо қарор доранд. Шумораи умумии занону кӯдакони тоҷик дар онҷо наздик ба 600 нафар ҳисоб шудааст.

“Шикоят аз рӯзгори бисёр сахт”

Дар номаи занон ба президент, ки нусхаи он рӯзи 10‑уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, вазъи худу кӯдаконашон “бисёр сахт” гуфта мешавад. Тавре аз нома бармеояд, ангезаи нигоштани он аз суханронии президент дар шаҳри Исфара бархостааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Исфара дар моҳи апрел дар суханроние дар Исфара ваъда кард, ки занону кӯдакони дармонда дар паноҳгоҳҳои Сурияро ба ватан бармегардонанд. Ин паём дар Сурия низ шунида шудааст, ки занон менависанд, “ин ба мо умед ба ояндаи хуб бахшид”.

Занони тоҷик дар нома гуфтаанд, аз иқдоми шавҳаронашон акнун якҷо бо кӯдакони хурдсоли худ ранҷ мекашанд: “Дар интизори бозгашт ба ватан ҳастем ва хоки ватанро болотар аз ҳама чиз медонем. Мо азобе дидем, ки Худо ба касе нишон надиҳад. Намехоҳем фарзандонамон дар ин мулк ояндаи нохуб дошта бошанд”.

“Фарзандон аз маданият дур шудаанд”

Маълум нест, ки ин нома то дастгоҳи президент расидааст, ё не, аммо Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки ҳамзамон масъули баргардондани занону кӯдакон аз Сурия ҳаст, рӯзи 10‑уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъала ҳамоно дар дастури рӯз аст ва “сафорат корҳоро давом дода истодааст”.

Ӯ гуфт, “дар ин бора супориши раҳбари давлат аст ва он ҳатман иҷро хоҳад шуд.”

Яке аз нависандагони нома, ки худро Фотима номид, ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол боз ваъдаи бозгаштро мегиранд, вале ҳеч нест, ки амалӣ шавад.

Занони тоҷик аксаран дар паноҳгоҳи Ал‑Ҳавл ва Рожи Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, ки зери назорати курдҳо қарор доранд. Курдҳо ба ҳукумати Башор Асад итоат намекунанд ва мустақилона амал мекунанд.

“Хеле шароити сахт дорем. Вақте се‑чаҳор тоҷик дар лагери Ал‑Ҳавл буд, мақомоти тоҷик мегуфтанд, агар як ҳавопаймо одам шавед, мебарем. Ҳозир ду ҳавопаймо одам ҷамъ шудааст. Аз дур мегӯянд, ки мегирем, лекин намегиранд. Фарзандон аз маданият дур шудаанд. Ҷуз сангу хок чизе намебинанд, ҷуз хаймаҳо чизе намебинанд. Курдҳо давлат нестанд ва як гурӯҳ ҳастанд, ки ҳар рӯз метавонад бо мо коре кунад ва касе ҷавобгарашон накунад. Агар намебаранд, эълон кунанд, ки намебарем”, ‑‑ гуфт Фотима.

Фотима нақл кард, ки шавҳараш соли 2014 ӯро бо ду кӯдак фиреб кард, ки барои кор ба Туркия меравем. Ӯ гуфт, вақте омаданд, пас аз чанде шавҳараш ҳалок шуд ва аз аввал то охир дар хонаҳои торике нигаҳдорӣ мешуданд.

“Хости худ” ё “фиреби шавҳар”?

Занон сари ҳар сухан аз “фиреби шавҳарон” ёд мекунанд, вале ин воқеият низ будааст, ки баъзе аз онҳо бо шавҳаронашон ҳамандеш буда, рафтан ба ҷабҳаи ҷанги мазҳабиро бошуурона интихоб кардаанд ва бархеи дигар ин имкониятро доштаанд, ки ба даъвати шавҳаронашон аз Сурия ва Ироқ тан надиҳанд ва ба ин роҳ нараванд. Қисме ҳам, гуфтан душвор аст, пайомади қадами худро дар вақташ дарк накарда бошанд, чун мавзуъ дар ҳама ҷо сари забонҳо буд.

Аммо акнун вазъи занону кӯдаконро дар паноҳгоҳи Ал‑Ҳавли Сурия Созмони Милали Муттаҳид низ “ваҳшатнок” хондааст ва аз ҳукуматҳо хостааст, шаҳрвандони худро баргардонанд. Дар ин паноҳгоҳ аз давлаҳои гуногун беш аз даҳ ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз даҳ давлати дунёст, ки дар ин паноҳгоҳ теъдоди шаҳрвандонаш зиёд гуфта мешавад.

Тоҷикистон дар соли 2019 беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ‑ро аз Ироқ баргардонд ва эълон кард, ки занону кӯдаконро аз Сурия низ бармегардонад. Мақомот мегӯянд, дар ихтиёри курдҳо будани паноҳгоҳҳову итоат накардани онҳо ба давлати расмии Сурия, санад надоштани занону кӯдакони тоҷик ва пандемияи коронавирус нақшаи баргардонидани занону кӯдаконро ба ақиб андохт.

“Ақидаи ба ҳам зидди мансабдорон”

Аммо як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, дар ҳукумат то ваъдаи худи Эмомалӣ Раҳмон барои баргардондани занону кӯдакон андешаи ягона набуд. Ӯ афзуд, баъзе аз мансабдорон бо эҳсоси раҳм ба кӯдакон хостори баргардонидани онҳо ҳастанд, вале бархеи дигар онҳоро “занону кӯдакони террорист” медонанд.

“Ҳоло, ки худи президент ваъда дод, дигар онҳо шояд ошкоро мухолифат карда натавонанд”, ‑‑ гуфт ӯ.

Дар паноҳгоҳи Ал‑Ҳавли Сурия беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик ниҳадорӣ мешавад. Фотима, зане, ки се сол боз дар ин паноҳгоҳ ҳаст, мегӯяд, на ҳама занон дар ин ҷо хостори бозгашт ба ватан ҳастанд. Ӯ гуфт, гурӯҳе фиребхӯрда ва пушаймоншуда ҳастанд, вале гурӯҳе низ дар ин лагер ҳаст, ки ҳанӯз таҳти ақидаҳои ДОИШ ҳастанд ва намехоҳанд ба ватан раванд.

“Онҳое, ки нома навиштаанд, ҳатто дар замони дар ҳудуди ДОИШ будан, аз мақомот барои бозгашташон ёрӣ мехостанд. Яъне, инҳо гуноҳ накардаанд ва тарс надоранд ва дар ҳақиқат ақидаи ифротӣ надоранд. Лекин он гуруҳе, ки чунин ақида дорад, ҳатто аз худашон хабар надодаанд ва худашонро номнавис ҳам накардаанд”, ‑‑ афзуд ӯ.

Мақомоти тоҷик низ гуфта буданд, ки аз шумораи беш аз 400 зану кӯдак дар Ал‑Ҳавл танҳо наздики 300 нафар барои бозгашт ба ватан ризоят додаанд.

Хилофати худхондаи ДОИШ, ки 30‑юми июни соли 2014 аз таъсиси худ хабар дод, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дар қаламравҳои Сурия ва Ироқ ба худ ҷалб кард. Ин хилофат соли 2019 пурра шикаст хӯрд. Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ироқу Сурия бо ҳадафи шомил шудан ба ин созмон рафта буданд, нопадид шуданд, вале баъзе дар паноҳгоҳ ва маҳбасҳои ин кишварҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button