ВарзишВидео

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН РОҲХАТИ ОЛИМПИАДАИ ТОКИОРО БА ДАСТ ОВАРД

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар вазни то 90 кило дар навъи варзиши гуштини дзюдоро ба даст овард.

Дар ин бора рӯзи 11 июн дар сомонааш Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳ дар байни 398 дзюдочии ҷаҳон, ки дар вазни -90 кг ҳунарнамоӣ мекунанд, бо 2784 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад. Ӯ бо  чунин натиҷа дар феҳристи дзюдочиёне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат мегиранд, ҷой гирифтааст.

Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон гуфт, боз дастикам се паҳлавони дигари кишвар: Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Акмал МУРОДОВ (-81кг) ва Темур РАҲИМОВ (+100кг) низ шонси зиёде барои ба даст овардани роҳхати Олимпиада доранд. 

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён инак чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтааст. Аз ин қабл Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 гардида буданд.



Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд, қарор аст,  аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор шавад.

Тоҷикистон соли 2016 аз Олимпиада дар Рио де Жанейро бо як медали тилло баргашт, ки гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овард. Вале мутаассифона, Дилшод Назаров ин дафъа ба далели моҷарои допинг то моҳи сентябри соли 2021 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум карда шудааст ва дар Олимпиадаи Токио иштирок карда наметавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button