ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 11 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 11 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

БОЗДОШТИ ТАРАФДОРОНИ ИЗЗАТ АМОН БАЪДИ НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСКАВ

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БО ХАРҶИ $550 МЛН ДАР ДАРЁИ ЗАРАФШОН ДУ НИРӮГОҲ МЕСОЗАНД

ЛОИҚ РАҶАБОВ ҲАРИФАШ АЗ ДОҒИСТОНРО АЛАКАЙ ДАР СОНИЯИ 27-УМ БА НОКАУТ ФИРИСТОД

МОРО АЗ ИНҶО БАРЕД! НОМАИ ЗАНОНИ ТОҶИК АЗ ЯК УРДУГОҲИ СУРИЯ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАРОИ ҚАТЛИ АҲМАДҶОНИ 7-СОЛА ЗАНИ АМАКАШ БА 16 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН РОҲХАТИ ОЛИМПИАДАИ ТОКИОРО БА ДАСТ ОВАРД

ДАРГУЗАШТИ РАИСИ СОБИҚИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ АЗИЗБЕК ШАРИПОВ

РАВОН ШУДАНД ЧОР ҶАВОН… ЯК КУШТА ВА СЕ ЗАХМӢ ДАР ЯК САДАМА ДАР ВАҲДАТ

НА ПУЛ, НА ХОНА… ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ЯКУНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 11 июн дар шаҳри Маскав  як гуруҳи тарафдорони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон футболкаҳои сафед бо акси Иззат Амон ва талаби аз зиндон озод кардани ӯро пӯшида, ба масҷиди воқеъ дар “Проспект Мира” рафтаанд. Дар қисмати пеши ин футболкаҳои рангашон сафед акси Иззат Амон гузошта шуда, бо се забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  “Озодӣ ба Иззат Амон” навишта шуда буд.

Баъди чанде кормандони пулиси Маскав ба масҷиди “Проспект Мира” ҳозир шуда, адвокат Шуҳрат Қудратов ва як фаъоли ҷавон Раҳматулло Ҷалоловро, ки дар тан футболкаҳо бо акси Иззат Амон доштанд, дастгир карда ба шуъбаи пулиси минтақаи Мешанская бурдаанд.

Дар як паёми видеоӣ аз шуъбаи пулис, ки нусхааш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, Шуҳрат Қудратов гуфт, футболкаҳо бо акси Иззат Амонро аз тани ӯву Раҳматулло Ҷалолов бароварда, мусодира кардаанд. Шуҳрат Қудратов гуфт, ки онҳо протоколи тартибдодашударо имзо накарданд, чунки дар он зикр нашуда буд, ки онҳоро бар асоси кадом модда ва ба чӣ айбдор мекунанд.

Дар ин навор адвокат Қудратов намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русияро айбдор кард, ки дар боздошти онҳо даст доранд. Кормандони пулис гӯё гуфтаанд, ки мехостанд Қудратов ва Ҷалоловро озод кунанд, вале аз сафорати Тоҷикистон хостаанд, то онҳоро дар ҳабс нигоҳ доранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин суханони Қудратовро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ як додгоҳ дар Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амон, роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Маскавро бекор кард ва ӯ  рӯзи 25 март ба таври мармуз ғайб зада, ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи аз лиҳози миқёсу домана бесобиқаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Иззат Амон нахустин ҳомии ҳуқуқи тоҷик нест, ки бо чунин усул – лағви шаҳрвандии Русия ва ихроҷ ба Тоҷикистон – аз Русия оварда мешавад.

Дар поёни соли 2017 ҳамин гуна Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талошҳои бенатиҷааш барои баргаштан ба Русия дар моҳи майи соли 2020 ба иллати сактаи қалб дар синни 57 аз олам чашм пӯшид.

Каримҷон Ёров, як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017, вақте хатари ихроҷ болои сараш омад, маҷбур шуд барои тақрибан ним сол худаш тарки Русия кунад.

ххххххххххххххххххххх

Тасвири президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар қолинҳои Қайроққум

Вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов дар мусоҳиба бо нашрияи Kun.uz  бархе тафсилоти созишномаи имзошуда дар мавриди бунёди ду нирӯгоҳ дар рӯди Зарафшон дар шимоли Тоҷикистонро шарҳ дод.  Ин то имрӯз бузургтарин  тарҳи иқтисодиву энергетикиест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон  муштаракан барои сохтанаш иқдом мекунанд.

Созишномае, ки аз номи ҳукуматҳои ду кишвар президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, рӯзи 10 август дар Душанбе имзо карданд, шарту шурути таъсиси ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омода кардани арзёбии фаннию иқтисодии тарҳи сохтмон ва шароити истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшонро муайян мекунад.

Алишер Султонов гуфт, барои бунёди ин ду нирӯгоҳ дар ҳавзаи Зарафшон беш аз 550 миллион доллар харҷ хоҳад шуд. Иқтидори давлатии нирӯгоҳҳои Ёвон ва Фондарё, ба гуфтаи вазири энергетикаи Ӯзбекистон, 1,4 миллиард киловатт-соатро ташкил хоҳад дод.

Алишер Султонов гуфт, ин барнома бояд дар ду марҳала иҷро шавад. Дар марҳалаи аввал бояд нирӯгоҳи Ёвон бо 140 мегаватт иқтидор ва тавони тавлиди 800 миллион киловатт-соат нирӯи барқ бояд сохта шавад. Хароҷоти бунёди нирӯгоҳи Ёвон 282 миллион доллар баровард шудааст.

Дар марҳалаи дуюм Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд нирӯгоҳи Фондарёро бо 135 мегаватт иқтидор ва тавони истеҳсоли 600 миллион киловатт-соат нирӯи барқ бисозанд. Хароҷоти бунёди нирӯгоҳи Фондарёро ҳудуди 270 миллион доллар рақам мезананд.

Алишер Султонов гуфт, нирӯи барқе, ки нирӯгоҳҳои Ёвон ва Фондарё истеҳсол хоҳанд кард, ду кишвар муштаракан истифода хоҳанд бурд. Вазири энергетикаи Ӯзбекистон гуфт, Ӯзбекистон се сол боз ба сурати мавсимӣ аз Тоҷикистон алакай барқ мегирад, вале на ба қадри дилхоҳ.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард. Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид ва Эмомалӣ Раҳмон Мирзиёевро барои саҳми шоистааш дар рушди равобити ду кишвар ордени Зарринтоҷ, дараҷаи 1 сарфароз гардонд.

Дар даврони Ислом Каримов, Ӯзбекистон шадидан мухолифи бунёди нирӯгоҳҳо дар кишварҳои болооби минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон буд ва чандин сол ба шурӯи сохтмони нирӯгоҳи Роғун сарсахтона мухолифат нишон медод.

хххххххххххххххх

Варзишгари 30-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов шаби 10 июн дар мавсими нави лигаи размандаҳои касбии Professional fight league (PFL)  дар вазни сабук бар рақибаш аз Доғистони Русия Ахмед Алиев пирӯз шуд. Ба варзишгари тоҷик ҳамагӣ 27 сония лозим шуд, то рақибашро ба нокаут фиристода, пирӯзии бечунучаро ба даст биорад.

Алиев ба ин рақобат бо шанси нисбат ба Лоиқ хеле бештари пирӯзӣ ворид шуд, вале алакай дар сонияи 21-ум як зарбаи сахтро сар дод ва 6 сонияи дигар Лоиқ Раҷабов дигар ҳарифашонро чунон танг овард, ки довар маҷбур шуд дар сонияи 27-ум дахолат кунад ва рақобатро қатъ кунад.

Акнун Лоиқ Раҷабов дар ММА 11 пирӯзӣ ва 3 шикаст дорад. Ахмед Алиев 20 пирӯзӣ ва 7 шикаст дошта, баъди мағлуб шудан аз варзишгари тоҷик аз имкони идомаи мубориза барои ҷоизаи асосии PFL  – 1 миллион доллар маҳрум шуд. Лоиқ Раҷабов бошад баракс ба марҳалаи ниманиҳоии мавсими имсола роҳ ёфт ва метавонад бори дигар барои ин як миллион доллар ҷоизаи асосии мавсим муборизаро давом диҳад.

Ёдовар мешавем, соли 2019  варзишгари тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти Гран-прии Professional fight league (PFL) – 2019 дар вазни сабук роҳ ёфт, вале дар финал, ки шаби 1 январи соли 2020 дар толори машҳури “Медисон Сквер Гарден” дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шуд, аз рақибаш аз Бразилия Натан Шулте шикаст хӯрд ва аз як миллион доллар ҷоиза маҳрум гардид.

Ҳоло Лоиқ шанс дорад, ки ин як миллион долларро билохира ба даст биорад!

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990  дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, мактаби №77-ро дар шаҳри Душанбе ва сипас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис ё инженери роҳҳои оҳан хатм кардааст

Соли 2015 Лоиқ Раҷабов ба Олмон рафта, таҳти роҳбарии мураббии зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ҷиддан ба машқу тамрини муҳорибаҳои омехта пардохт. Ӯ дар Олмон 4 камарбанд ба даст оварда, соли 2019 бори аввал дар мусобиқоти лигаи PFL  иштирок кард ва то финали ин мусобиқот роҳ ёфт. Лоиқ Раҷабов оиладор аст ва се фарзанд дорад.

хххххххххххх

Як гуруҳи занони тоҷик аз урдугоҳи Ал-Ҳавли Сурия ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, аз вай хостаанд, ки онҳоро ҳамроҳи кӯдаконашон ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонад. Ин занон ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви созмони террористии ДОИШ ҳастанд, ки аксараш мегӯянд, зери фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи оқибатҳои ин амал ба Сурия рафта, пас аз шикасти ин гуруҳи тундрав инак чанд сол боз бо кӯдакони хурдсолашон дар урдугоҳҳои асирони ҷанг қарор доранд. Шумораи умумии занону кӯдакони тоҷик дар Сурия то 600 нафар гуфта мешавад.

Президенти Тоҷикистон моҳи апрел дар суханрониаш дар Исфара ваъда дод, ки занону кӯдакони тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурия ба Ватан бар хоҳанд гардонд. Ин паёми Эмомалӣ Раҳмон то Сурия низ расидааст ва занони тоҷик дар номаашон менависанд, ки “ин ба мо умед ба ояндаи хуб бахшид”. Занони тоҷик дар номаашон ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин навиштаанд, ки нархи амали шавҳаронашонро акнун якҷо бо кӯдакони хурдсоли худ пардохт карда истодаанд. “Дар интизори бозгашт ба ватан ҳастем ва хоки ватанро болотар аз ҳама чиз медонем. Мо азобе дидем, ки Худо ба касе нишон надиҳад. Намехоҳем фарзандонамон дар ин мулк ояндаи нохуб дошта  бошанд”, – навиштаанд ин занон дар номаашон.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки масъули баргардондани занону кӯдакон аз Сурияву Ироқ низ ҳаст, бидуни овардани кадом санаву замони мушаххас гуфт, “дар ин бора супориши раҳбари давлат аст ва он ҳатман иҷро хоҳад шуд.”

Аммо яке аз муаллифони нома, ки худро Фотима номид, ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол боз ваъдаи бозгаштро мегиранд, вале ҳеч нест, ки амалӣ шавад.

Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, ҳудуди 2 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафараш ба қавле “хонахез” ҳамроҳи аҳли хонаводаҳои худ ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ДОИШ пайвастанд. Вале баъди шикасти ДОИШ сар аз соли 2017 бисёре аз ҷангҷӯёни тоҷик ё кушта шуданд ваё ба асорат афтоданд ва занону кӯдакони онҳо дар он ду кишвари ҷангзада дар ҳоли табоҳе қарор гирифтанд.  

ххххххххххххххххх

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31 май Абдураҳмонова Муборак Азимҷонова, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Синои пойтахтро бо ҷурми одамкушӣ бо бераҳмии махсус ба 16 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Додгоҳ ин занро бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (банди “в”) дар куштани кӯдаки баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, гунаҳкор шинохт.Ин банди қонун барои куштори ноболиғ ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, “05.03.2021 сол тахминан соати 1400 Абдураҳмонова Муборак Азимҷоновна, бо мақсади одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани одами дигар, ки оҷизиаш барои гунаҳгор баръало маълум буд, хурдсол Абдураҳмонов Аҳмад Хусравовичро, санаи таваллудаш 07.06.2014, хонандаи синфи 1-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Кошевой, хонаи 23/1 бурда, аз ҳиссиёти қасду бадбинӣ, хусумат ва ҷанҷоли оилавӣ, ӯро буғӣ намуда, баъдан бо ҳарду дастонаш сари хурдсолро дошта, якчанд маротиба ба девори дохили хона зада ва якчанд маротибаи дигар бо муштонаш ба сару рӯйи хурдсол зарба зада, охиринро ба қатл расонидааст.”

Баъди кушта шудани Аҳмад, ки ҳамагӣ 7 сол дошт, хешовандонаш билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Муборак Абдураҳмонова, зани амаки кӯдаки кушташуда баланд карданд. Аммаи кӯдак гуфта буд,  аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад.

“Дар камераҳо ҳамааш сабт шудааст ва мо дидем, ки вақте ҷиянам аз мактаб меояд, барои харидани маҳсулот ба мағоза медарояд, – гуфт ӯ. – Муборак ӯро ба хонааш даъват мекунад. Даме, ки ҷиянам ба дари хона наздик мешавад, зан зӯран ӯро ба хона дароварда, баъди 10 дақиқа хонаро тарк кард…”

Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки Аҳмад баъди дарсҳо бояд ба хона меомад, лекин он рӯз  барнагашт. Аҳли оила аввал фикр кардаанд, ки ӯ ҳамроҳи бибиааш аст, ки роҳбари синфи писарча  низ буд. Вақте фаҳмиданд, ки Аҳмад дар мактаб нест, хешу табор бо талвоса дар ҷустуҷӯи кӯдак афтодаанд, вале дер шуда буд. Ҷасади Аҳмадро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз хонаи амакаш ёфтанд…

ххххххххххххххххх

Акс аз сомонаи Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар вазни то 90 кило дар навъи варзиши гуштини дзюдоро ба даст овард.

Дар ин бора рӯзи 11 июн дар сомонааш Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳ дар байни 398 дзюдочии ҷаҳон, ки дар вазни -90 кг ҳунарнамоӣ мекунанд, бо 2784 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад. Ӯ бо  чунин натиҷа дар феҳристи дзюдочиёне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат мегиранд, ҷой гирифтааст.

Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон гуфт, боз дастикам се паҳлавони дигари кишвар: Сомон МАҲМАДБЕКОВ ( дар вазни то 73кг), Акмал МУРОДОВ ( то 81кг) ва Темур РАҲИМОВ ( дар ваҳни аз 100кг боло) низ шонси зиёде барои ба даст овардани роҳхати Олимпиада доранд. 

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён инак чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтааст. Аз ин қабл Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 гардида буданд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд, қарор аст,  аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор шавад.

Тоҷикистон соли 2016 аз Олимпиада дар Рио де Жанейро бо як медали тилло баргашт, ки гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овард. Вале мутаассифона, Дилшод Назаров ин дафъа ба далели моҷарои допинг то моҳи сентябри соли 2021 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум карда шудааст ва дар Олимпиадаи Токио иштирок карда наметавонад.

ххххххххххххххххх

Азизбек Фаттоевич Шарипов, раиси собиқи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) вакили собиқи парлумони Тоҷикистон ва раҳбари собиқи Иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.  Азизбек Шарипов дар синни 71 аз олам чашм пӯшид.

Азизбек Шарипов соли 1950 дар деҳаи Маҳмуроди ноҳияи Ленин ба дунё омада, собиқаи кориашро соли 1966 ба ҳайси ҳисобчӣ дар колхози “Роҳатӣ” шурӯъ кардааст. Ӯ солҳои 1977 то 1981 муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ленин ва аз соли 1983 то 1985 муовини раиси Тоҷикматлубот буд. Ӯ аз соли 1985 то 1988 раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ленин ва аз соли 1988 котиби якуми ҳизби коммунисти ин ноҳия ва аз соли 1991 ҳамзамони раиси ноҳияи Ленин буд.

Азизбек Шарипов соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон низ интихоб шуд. Ӯ соли 1992 муовини  вазири кишоварзӣ таъйин шуда, баъдан солҳои зиёд роҳбарии Иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳуриро бар дӯш дошт.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Нимаи дуюми рӯзи 10 июн, тахминан соати 17:20, дар як садама дар Ваҳдат як ҷавони 19-сола ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Маркази  матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Хоҷаев Наҷибулло Содиқович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти Норак ба самти Ваҳдат, дар километри 37-уми шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро дар канори роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Хоҷаев Н.С. ва мусофиронаш Муродзода Юсуфҷони Қутбиддин, соли таваллудаш 2004,  ваРоибов Шаҳбоз Исомуддинович, соли таваллудаш 2002, сокинони шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
“Мутаассифона, мусофири дигари автомашинаи мазкур, Худойдодов Шоҳрух Бобоҷонович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – гуфта мешавад дар хабар.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ яке аз сабабҳои асосии садамаҳои пурқурбонӣ дар роҳҳои  Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

ххххххххххххххххх

Як сокини 51-солаи шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони даст доштан дар дастикам ду мавриди қаллобӣ дар фурӯши хонаҳои навсохт ба маблағи қариб 136 ҳазор доллар (беш аз якуним миллион сомонӣ) дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин мард ҳанӯз чоруним сол пеш аз ду сокини пойтахт барои гирифта додани манзил дар як хонаи навбунёд дар кӯчаи Истаравшан пули калон гирифта, чанд сол боз на ба онҳо хона медиҳад ва на пулашонро бармегардонад.

Маркази  матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 45-солаи сокини ин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 25-уми январи соли 2017 дар кӯчаи Бухорои пойтахт марди 51-солаи сокини шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 58 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи Истаравшан хонаи 2-хуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, бино ба гузориши ВКД,  ҳамин сокини Рӯдакӣ рӯзи 17-уми январи соли 2017 дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 67 ҳазору 690 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи Истаравшан хонаи 2-хуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ин ваъдаашро ҳам то ҳол иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар солҳои охир баробар бо авҷ гирифтани сохтмон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ ҳангоми фурӯши манзилҳо низ афзоиш ёфтааст. Сокинонро нафақат миёнаравҳо, балки баъзан ширкатҳои сохтмонӣ низ фиреб медиҳанд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button