ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 10 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 10 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ИМЗОИ 36 САНАДИ НАВИ ҲАМКОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛИ БОЗДИДИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

ДУЗДИИ МИЛЛИОНҲО АЗ ҲИСОБИ НОНИ ДАҲОНИ АСКАРБАЧАҲОИ ТОҶИК

БОЗДОШТИ ЯК КОРМАНДИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ БАРОИ ФУРӮШИ ЧИПТАИ ДУШАНБЕ – МАСКАВ БО НАРХИ 12 500 СОМОНӢ

РУСИЯ АЗ 10 ИЮН ШУМОРАИ ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМАШ БА ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОНРО АФЗОИШ ДОД

НАБЕРААМ ҲАМ АЗ МОДАР МОНДУ ҲАМ АЗ ЧАШМ… ҚИССАИ ТАЛХИ АНӮШЕРВОН

ДУЗДИИ СОЛ: ҒОРАТИ НИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ САНДУҚИ ОҲАНИНИ ШИРКАТИ “БАХТ”

ФИРЕБ ХӮРДАНИ ПИРАМАРДИ 75-СОЛА АЗ ЛОҲУР ВА ДУЗДИИ ҶАВОНЗАН ДАР ВАРЗОБҚАЛЪА

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 10 июн дар Душанбе дар доираи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 36 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:

– Ду кишвар аз ҷумла зарурати сабти ном ҳангоми равуои шаҳрвандони ба кишварҳои якдигарро аз миён бардоштанд.

– Ҳамин тавр, Ӯзбекистон бунёди ду нирӯгоҳ дар ҳавзаи дарёи Зарафшонро сармоягузорӣ мекунад. Феълан қарордод дар мавриди таъсиси ҷамъияти саҳҳомии муштарак ва анҷоми арзёбии фанни тарҳи ин ду нирӯгоҳ имзо шуд.

-байни Тоҷикистону Ӯзбекистон автобусҳо ба мусофиркашӣ шурӯъ мекунанд.

Шавкат Мирзиёев рӯзи 10 июн бо як сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст, ӯ аз шаҳри Хуҷанд ҳам боздид кунад. Ба шарафи ӯ дар Душанбе консерти “Шоми дӯстӣ” бо иштироки ҳудуди 250 ҳунарманди маъруфи тоҷику ӯзбек доир карда мешавад.

Ин сафари дуюми Мирзиёев ба Тоҷикистон аз замони расиданаш ба раҳбарии Ӯзбекистон дар соли 2016 мебошад. Сафари якуми ӯро,ки соли 2018 анҷом шуд, бисёриҳо таърихӣ меноманд, чунки тамоми гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуд, парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвар аз сар гирифта шуд, низоми виза бекор шуд ва дар умум ба ҷанги сарде, ки  солҳо боз  дар аҳди Ислом Каримов байни Тошканду Душанбе идома дошт, нуқта гузоштанд.

ххххххххххххххххх

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Маҳмадамин Холов, мудири  ширкати “Мушарраф”-ро, ки бо Агентии таъминоти амволи махсус барои таъмини қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрокворӣ ба маблағи қариб дуюним миллион сомонӣ қарордод баста, ҳамагӣ ба маблағи каме бештар аз ним миллион сомонӣ маҳсулот таъмин кардааст, маҳкум кард.

Манбаи ин хабар  – маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон нагуфтааст, ки раиси ширкатро чӣ ҳукме додаанд. Вале додгоҳи ҳарбӣ, бино ба ин манбаъ, Маҳмадамин Холовро бар асоси қисми чоруми моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба азонихудкунӣ ё исрофи маблағҳои давлатӣ ба миқдори бузург гунаҳкор шинохтааст.

Додситонии кулл мегӯяд, “Директори ҶДММ «Мушараф» шаҳрванд Холов Маҳмадамин Юсуфалиевич, дар асоси шартномаи тендерӣ аз 28 августа соли 2020 уҳдадор буд, ки ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2.488.135 сомонӣ маҳсулоти хӯрока таъмин намояд. Тибки талаботи қарордод Агентии мазкур ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда маблағи 1.094.065 сомонӣ арзиши карордодро пешпардохт кардааст.    Аммо, бархилофи талаботи қарордод Холов М.Ю. ба маблағи 556.278 сомонӣ ба анбори Агентии таъминоти амволи махсус маҳсулоти хӯрока ворид намуда, 537.787 сомониро аз они худ карда, ба манфиатҳои шахсиаш истифода намудааст.”

Дар ин асос сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 марта соли 2021 нисбати Холов М.Ю. бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Дар рафти тафтиш зарари расонида шуда, ба маблағи 333.000 сомонӣ барқарор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ сипас ба суд ирсол карда шудааст.

хххххххххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки як корманди фурудгоҳи Душанберо бо ҷурми ба таври сунъӣ боло бурдани нархи фурӯши чиптаҳои парвоз дастгир кардааст.

Маркази матбуоти агентӣ рӯзи 10 июн хабар дод, ки “Маҷидов Шаҳзод Давлатович дар вазифаи нозири муоинаи хадамоти амнияти авиатсионии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз мансаб ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт нархи чиптаҳои ҳавопаймои самти Душанбе – Москваро бо роҳи сунъӣ то маблағи 12500 сомонӣ муайян карда, гарчанде нархи аслии чиптаи мазкур 8550 сомониро ташкил медод, аз шаҳрванд “А” маблағи иловагии 2000 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифта, овардани боқимонда маблағи 10 500 сомониро талаб кард.”

Шаҳзод Маҷидовро дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 10 500 сомонӣ дастгир кардаанд.

Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Шаҳзод Маҷидов бар асоси қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ  бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтиши пешакии парванда идома дорад. Ба корманди ҳамакнун собиқи бахҳи амнияти фурудгоҳи Душанбе бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо  ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ)  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

ххххххххххх

Русия аз 10 июн парвозҳои мунтазамаш бо чанд кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистону Ӯзбекистонро афзоиш дод. Парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Маскав – Душанбе ва Маскав – Тошканд дар ҳафта як маротиба зиёд карда шуданд. Ба навбати худ Тоҷикистону Ӯзбекистон низ метавонанд шумораи парвозҳои мунтазам аз пойтахтҳои худ ба шаҳри Маскавро дар ҳафта як парвоз бештар кунанд. То кунун аз Душанбе ба Маскав ва аз Тошканд ба Маскав ҳафтае ду парвоз анҷом мешуд: якпарвозӣ аз ҷониби ширкатҳои Русия ва якпарвозӣ аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

Ситоди мубориза бо коронавируси Русия дар ин бора рӯзи 31 май қарор баровард. Русия аз 10 июн парвозҳои мунтазам бо Озарбойҷон, Юнон, Арманистон, Қатар, Миср ва Сербистонро низ афзоиш медиҳад.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо байни Тоҷикистону Русия иҷозат дод. Парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Маскавро аз ҷониби Русия ширкати “Ютэйр” ва аз ҷониби Тоҷикистон “Сомон Эйр” анҷом медиҳанд ва ба се ширкати дигари ҳавопаймоии Русия: «Уралские авиалинии», «Сибир» ва «Ямал» ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба фурудгоҳҳои Русия дода шудааст. Боз як ширкати дигари русӣ: «Северний ветер» низ дар ин бозор кор мекард, вале Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май ин ширкатро ба далели ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чиптаҳояш аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ маҳрум кард.

Шумори беҳад зиёди хоҳишмандони сафар ба Русия боиси навбатҳои бузург дар назди авиакассаҳои Тоҷикистон шуд ва ширкатҳо бо истифода аз чунин гармии бозор нархи парвозҳои худро то чанд баробар боло бурданд. Дар натиҷа нархи парвоз ба як тараф аз Тоҷикистон ба Русия то ба ҳадди 1200 -1500 доллар расид. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон маҷбур шуд, ширкатҳои русиро ҳушдор бидиҳад, ки нархҳояшонро пойин биоранд, вагарна аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ маҳрум хоҳанд шуд. Ҳоло ширкатҳо иддао мекунанд, ки чиптаҳои худро бо нархи камтар аз 500 доллар ба фурӯш гузоштаанд. Вале ҳоло ба таври мустақим аз авиакасса харидани чипта дар Тоҷикистон ба як амри муҳол табдил ёфтааст. Ҳаннотон дар бозори сиёҳ як чиптаро бо нархи хеле гаронтар аз нархи расмиаш мефурӯшанд. Нархи чиптаҳои парвоз ба Русия барои як тараф дар бозори сиёҳ аз 700 доллар сар шуда, то ба 1200 доллар мерасад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Ҳусния Носирова дар гуруҳи “Ахбори Тоҷикистон” дар Фейсбук қиссаи талхи наберааш Анӯшервон Боқиевро ба қалам кашидааст.

Рӯзи 23 январ Анӯшервонро, ки тоза барои идомаи таҳсил ба мактаби №12 ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе гузашта буд, ҳамсинфонаш дар саҳни мактаб ба ба замин ғалтонда ба сару рӯяш бо пойҳояшон барф задаанд. Пои як нафаре аз онҳо ба айнаки Анӯшервон расидааст ва дар натиҷа шишаи айнак шикаста, ба чашмаш даромадааст. Директори мактаб, бино ба навиштаи Ҳусния Носирова,  бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят аз падари Анӯшервон хостааст, ки ба милиса даъво накунад, Дар иваз вай ваъда медиҳад, ки тамоми хароҷоти табобату ҷарроҳӣиро ба ӯҳда мегирад.

Баъди ду рӯзи ин ҳодиса аҳволи модари Анӯшервон, ки аз қазияи ба сари ҷигарбандаш омада дар ҷои кораш хабардор шуда, ба қавли мардум талхакаф шуда буд, якбора бад шуд. Ӯ рӯзи 2 феврал дар беморхона вафот кард. “Набераам яку якбора ҳам аз модар монду ҳам аз чашм”, менависад Ҳусния Носирова.

Баъди ҷарроҳии якум, ки аз тарафи директори мактаб маблағгузорӣ карда шуда буд, беҳбудие дида нашуд ва зарурати ҷарроҳии дувум ва сипас сеюму чорум пайдо шуд, вале волидони наврасоне, ки Анӯшервонро ба ин ҳол расонданд, писарони худро бегуноҳ гуфта, дигар аз додани пули идомаи табобати Анӯшервон даст кашиданд. Ба болои ин, дар вақти тафтишот ду гумонбаршавандаи асосӣ аз гумонбар ба ҳайси шоҳид гузаштанд ва, тавре Ҳусния Носирова менависад, “бо шоҳидии ин ду нафар нафари дигаре ки аз лиҳози молӣ камбизоат мебошад ва падари ӯ бемор аст, гунаҳкор шуд. Суд бошад гумонбарро ба 140 соати корҳои ислоҳӣ ҷазо дод.Директори мактаб, ки ҷиноятро рӯйпӯш карданӣ буд, ҷазое нагирифт.”

Ин зан аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки қазияи маъюб кардани набераашро аз нав ва ин дафъа одилона таҳқиқ кунанд, то адолат тантана кунад. “Охир ҳозир солҳои ҷанги 1992 нест ки дар дохили мактаб зада маъюб кунанд ва бо баҳонае ки ин шӯхӣ ва бозӣ буд нафаре ҷавоби ин ҷиноятро нагӯяд ва ӯро дар ҳоли худ монанд”, менависад ӯ.

Ин қисса дар Фейсбук мавҷи вокунишҳоро ба бор овард. Бисёриҳо аз ноадолатии фаровон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳҳои Тоҷикистон интиқод кардаанд. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби демократ дар зери ин матлаб навишт, ки ҷараёни ин масъаларо зери назорат хоҳад гирифт, то чинояткорон ба ҷазои худ бирасанд.

ххххххххххххххххх

Шаби 19 май як гуруҳи ғоратгарон ба таври пинҳонӣ ба  бинои ширкати “Бахт-2016”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор Қодиров Муҳиддин тааллуқ дорад,  ворид шуда, сандуқи оҳанин (сейф) -и ширкатро шикаста ва 472 ҳазор пули нақдро рабудаанд. Дуздон ҳангоми фирор дасту по ва даҳони посбони корхона Хайруллоев Наҷмиддинро, ки мехост пеши роҳашонро бигирад, бо скотч бастаанд ва сипас ба мошин савор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 9 июн дар барномаи телевизиониаш “Ахбори ВКД” хабар дод, ки роҳбарии ин гуруҳро Шукуров Илҳом Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1995,  сокини кӯчаи Хатлони шаҳри Душанбе дар даст дошта, дар ғорати ахир ба ӯ Бадалов Рухшед ва Камолов Нарзулло, соли таваллудашон низ 1995, сокини деҳаи Ғусари Панҷакент ҳамдастӣ кардаанд.

Дар рафти бозпурсӣ роҳбари гуруҳ Илҳом Шукуров иқрор кард, ки шарикони худро ҳам ҳангоми тақсими ғаниматҳои бо роҳи дуздӣ бадастовардашон фиреб додааст ва дар натиҷа ба дигарон ҳангоми тақсимот ҳамагӣ 47-ҳазорӣ расидаасту ба худи ӯ – дар умум 254 ҳазор сомонӣ.

Аъзои гуруҳи дуздон худи ҳамон шаб ба вилояти Суғд фирор карда, аз ҳисоби пули бадастовардаашон дар ивази 82 ҳазор сомонӣ як мошини БМВ ва бо нархи 67 ҳазор сомонӣ як мошини “Мерседес” харидаанд.

Роҳбари ин гуруҳи ҷиноятӣ Илҳом Шукуров ҳамчунин ба он гумонбар мешавад, ки ҳамроҳи Хайруллоев Диловар, соли таваллудаш 1991, рӯзи 27 апрел аз манзили Аҳлиёрова Хайрӣ, сокини шаҳри Ҳисор сандуқи оҳанинро бо ҷавоҳироти зиёд ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ дуздидаанд.

Ба зидди аъзои гуруҳи Илҳом Шукуров бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – моддаи 244 (дуздӣ) ва моддаи 249 (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо барои дуздӣ то 5 соли зиндон ва барои роҳзанӣ то 15 соли пушти панҷара таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

“Митсубиси Паҷеро”. Акс аз бойгонӣ

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба дигар ахбори криминалии рӯз:

Ҷавонзани 25-солаи сокини ҷамоати Варзобқалъа аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони дуздӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, гумон меравад, ки ӯ рӯзи 7 июн бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии як ҷавонзани 24-солаи ҳамдеҳааш шуда, аз онҷо ба маблағи 9 ҳазору 50 сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст. Акнун ба ҷавонзани дастгиршуда бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххх

Сокини 75-солаи ҷамоати Лоҳур ба шуъбаи якуми милисаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардааст, ки ҳанӯз соли 2016 як сокини 32-солаи ҷамоати Лоҳур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”-ро, ки арзишаш 100 ҳазор сомониро ташил медод, бо мақсади таъмир гирифта, бар ивази қарзаш ба шахси дигар додааст.
Инчунин, сокини  31-солаи шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 4 май  бо роҳи фиреб ба боварии сокини 38-солаи пойтахт даромада, мошини боркаши тамғаи “КАМАЗ”-ро 152 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтааст, вале то ҳол пули мошинро надодааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button