ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ТАРАФДОРОНИ ИЗЗАТ АМОН БАЪДИ НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Рӯзи 11 июн дар шаҳри Маскав  як гуруҳи тарафдорони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон футболкаҳои сафед бо акси Иззат Амон ва талаби аз зиндон озод кардани ӯро пӯшида, ба масҷиди воқеъ дар “Проспект Мира” рафтаанд. Дар қисмати пеши ин футболкаҳои рангашон сафед акси Иззат Амон гузошта шуда, бо се забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  “Озодӣ ба Иззат Амон” навишта шуда буд.

Баъди чанде кормандони пулиси Маскав ба масҷиди “Проспект Мира” ҳозир шуда, адвокат Шуҳрат Қудратов ва як фаъоли ҷавон Раҳматулло Ҷалоловро, ки дар тан футболкаҳо бо акси Иззат Амон доштанд, дастгир карда ба шуъбаи пулиси минтақаи Мешанская бурдаанд.

Дар як паёми видеоӣ аз шуъбаи пулис, ки нусхааш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, Шуҳрат Қудратов гуфт, футболкаҳо бо акси Иззат Амонро аз тани ӯву Раҳматулло Ҷалолов бароварда, мусодира кардаанд. Шуҳрат Қудратов гуфт, ки онҳо протоколи тартибдодашударо имзо накарданд, чунки дар он зикр нашуда буд, ки онҳоро бар асоси кадом модда ва ба чӣ айбдор мекунанд.

Дар ин навор адвокат Қудратов намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русияро айбдор кард, ки дар боздошти онҳо даст доранд. Кормандони пулис гӯё гуфтаанд, ки мехостанд Қудратов ва Ҷалоловро озод кунанд, вале аз сафорати Тоҷикистон хостаанд, то онҳоро дар ҳабс нигоҳ доранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин суханони Қудратовро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ як додгоҳ дар Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амон, роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Маскавро бекор кард ва ӯ  рӯзи 25 март ба таври мармуз ғайб зада, ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи аз лиҳози миқёсу домана бесобиқаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Иззат Амон нахустин ҳомии ҳуқуқи тоҷик нест, ки бо чунин усул – лағви шаҳрвандии Русия ва ихроҷ ба Тоҷикистон – аз Русия оварда мешавад.

Дар поёни соли 2017 ҳамин гуна Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талошҳои бенатиҷааш барои баргаштан ба Русия дар моҳи майи соли 2020 ба иллати сактаи қалб дар синни 57 аз олам чашм пӯшид.

Каримҷон Ёров, як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017, вақте хатари ихроҷ болои сараш омад, маҷбур шуд барои тақрибан ним сол худаш тарки Русия кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button