ВидеоҶомеа

00 02, 00 03, 00 10, 11 11, 44 44… БОЗДОШТИ РОНАНДАГОНИ 11 МОШИНИ ГАРОНБАҲО БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ” (11 АКС+ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки бар асоси аксҳои фиристодаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  нисбат ба ронандагони чандин мошини гаронбаҳо бо рақамҳои “крутой” протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Мошинҳои ин ронандагони протоколшуда тамғаҳои “Мерседес”, “Рейнҷ Ровер”, “Лексус”, “Тойота Кемри” ва  “Тойота Прадо” ва танҳо якеаш аз тамғаи нархаш миёнаи “Ҳундай” буда, вале рақамҳои қайди давлатии ин 11 мошине, ки РВКД бо акси ронандагонашон нашр кардааст,  дар ҳақиқат, ба таъбири мардум, “крутой”мебошанд:

 «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1111BU01;

 «Рейнҷ-Ровер»,  рақами қайди давлатиаш 0003DA01;

«Лексус-460», рақами қайди давлатиаш 0010УТ01;

 «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 010МО01;


«Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 0002АТ01;


Тойота-Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 4444УХ01;


«Тойота Прадо», рақами қайди давлатиаш 1070ХА01;

 «Ҳундай», рақами қайди давлатиаш 2007РВ01;


РВКД Душанбе ахиран дар пайи таҳқиқи як видео аз боздошти ронандаи як мошини дигари гаронбаҳо бо рақамҳои “крутой” хабар дода буд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ Х-5» рақамҳои қайди давлатиаш 0002QO01 шаҳрванд Мирзоев Ҷаҳонгир Раҷабович санаи таваллудаш 31.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки ба хариду фурӯши автомашина машғул аст, мебошад. Раҷабовро аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва мошинаш ба ҷаримагоҳи муваққатии РВКД Душанбе дастрас кардаанд. Ӯро дар ниҳоят барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протокол кардаанд ва ҷарима бастаанд.

Автомашинаи гаронарзиш бо рақамҳои воҳиманок нишонаи маърифат нест: Боздошти БМВ Х5 барои бетартибӣ дар роҳ

Натиҷаи расмҳои ирсолнамуда: Ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ҷаримабандӣ гардиданд

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Як қатор шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо мушоҳидаи қоидавайронкунии ронандагон худро бе тараф нагирифта, ҷиҳати баррасӣ ва чораҷӯӣ ҳолатҳои мазкурро аксбардорӣ намуда, тавассути суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт ирсол намудаанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ гузаронида шуда, соҳибони воситаҳои нақлиёти мазкур муайян ва нисбаташон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон):

Ватанов Усмоналӣ Додарович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1111BU01;

Наврӯзов Искандар Гурезалиевич, ронандаи автомашинаи тамғаи «Рейнҷ-Ровер», рақами қайди давлатиаш 0003DA01;


Юсупов Пулод Раҳмоналиевич, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-460», рақами қайди давлатиаш 0010УТ01;


Олимов Меҳроҷиддин Баҳруллоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 010МО01;


Султонов Хуршед Суҳробович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 0002АТ01;


Акрамов Эҳсонҷон Саидмухторович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 4444УХ01;


Шогадоев Субҳон Давлатович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», рақами қайди давлатиаш 1070ХА01;


Ҷононов Бахтиёр Файзиддинович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай», рақами қайди давлатиаш 2007РВ01;

Шарипов Нуралӣ Ҳотамович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 0111РА01;


Қаюмов Аҳмад Анварович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай», рақами қайди давлатиаш 8999КО01;

Маҳмадов Мустафо Назрулоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1101UV01;

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button