ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

НАБЕРААМ ҲАМ АЗ МОДАР МОНДУ ҲАМ АЗ ЧАШМ… ҚИССАИ ТАЛХИ АНӮШЕРВОН

Ҳусния Носирова дар гуруҳи “Ахбори Тоҷикистон” дар Фейсбук қиссаи талхи наберааш Анӯшервон Боқиевро ба қалам кашидааст.

Рӯзи 23 январ Анӯшервонро, ки тоза барои идомаи таҳсил ба мактаби №12 ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе гузашта буд, ҳамсинфонаш дар саҳни мактаб ба ба замин ғалтонда ба сару рӯяш бо пойҳояшон барф задаанд. Пои як нафаре аз онҳо ба айнаки Анӯшервон расидааст ва дар натиҷа шишаи айнак шикаста, ба чашмаш даромадааст. Латукӯбгарон наврасро ҳамон ҷо партофта рафтаанд. Нафаре дигаре омада ӯро бардошта ба назди директор мебарад.

 Директори мактаб, бино ба навиштаи Ҳусния Носирова,  бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят аз падари Анӯшервон хостааст, ки ба милиса даъво накунад, Дар иваз вай ваъда медиҳад, ки тамоми хароҷоти табобату ҷарроҳӣиро ба ӯҳда мегирад.

Баъди ду рӯзи ин ҳодиса аҳволи модари Анӯшервон, ки аз қазияи ба сари ҷигарбандаш омада дар ҷои кораш хабардор шуда, ба қавли мардум талхакаф шуда буд, якбора бад шуд. Мутаъассифона рӯзи 02,02,2021 модараш дар беморхона вафот кард. “Набераам яку якбора ҳам аз модар монду ҳам аз чашм”, менависад Ҳусния Носирова.

Баъди ҷарроҳии якум, ки аз тарафи директори мактаб маблағгузорӣ карда шуда буд, беҳбудие дида нашуд ва зарурати ҷарроҳии дувум ва сипас сеюму чорум пайдо шуд, вале волидони наврасоне, ки Анӯшервонро ба ин ҳол расонданд, писарони худро бегуноҳ гуфта, дигар аз додани пули идомаи табобати Анӯшервон даст кашиданд.

“Баъди ариза ба милитсия навиштан роҳбари синф ба писарам занг зада 6000 сомонӣ ки аз тарафи волидайни нафароне ки дар ин ҷиноят даст доштанд, пешниҳод намуд. Ҳамон ҳам бо мақсади накушодани парвандаи ҷиноятӣ. Агар Анӯшервонро дасташро мешикастанд, ë ин ки пояшро мешикастанд шояд бо ин маблағ табобат карда мешуд лекин барқароркунии биноӣ ҷарроҳию реабилитатсия маблағҳои калонро талаб менамояд. Бо ҳамин сабаб мо ин пешниҳодро рад кардем”, навиштааст модаркалони Анӯшервон.

Ба болои ин, дар вақти тафтишот ду гумонбаршавандаи асосӣ аз гумонбар ба ҳайси шоҳид гузаштанд ва, тавре Ҳусния Носирова менависад, “бо шоҳидии ин ду нафар нафари дигаре ки аз лиҳози молӣ камбизоат мебошад ва падари ӯ бемор аст, гунаҳкор шуд.  Ин ҷиноят дар ҷои ҷамъиятӣ дар мактаб рух дод, аммо тафтишот аз камераҳои назоратӣ ва дигар шоҳидоне ки мумкин дар он ҷо буданд истифода накардааст. Танҳо бо шоҳидии ин ду нафар, ки худ ҳамшариканд, яъне яктош тела медиҳад ва дигаре аз пойҳояш гирифта ба замин меғалтонад ва ҷабрдида онҳоро ҳамчун гумонбар меҳисобад парвандаи ҷиноӣ ба суд равона шуд. Ҳарчанд дар суд хоҳиш кардем ки парванда дубора ба тафтишот баргардонда шавад, аммо суд ҳам танҳо бо шоҳидии ин ду нафари дусту рафиқ қарор қабул намуд ва гумонбарро ба 140 соати корҳои ислоҳӣ ҷазо дод. Ин ҳам бошад бо умеде, ки дар арафаи ҷашни 30 солагии истиқлолият ва қабули авфи тиллоӣ аз ӯ доғи судӣ гирифта шавад.Директори мактаб низ, ки аз аввали ин ҷиноят кӯшиш ба харҷ додааст ки ҳеҷ кас дар бораи ин ҷиноят хабардор нашавад аз хубии писарам истифода бурда, фиребаш додааст, ҷазое ҳам нагирифтааст.

Ин зан аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки қазияи маъюб кардани набераашро аз нав ва ин дафъа одилона таҳқиқ кунанд, то адолат тантана кунад.

“Охир ҳозир солҳои ҷанги 1992 нест ки дар дохили мактаб зада маъюб кунанд ва бо баҳонае ки ин шӯхӣ ва бозӣ буд нафаре ҷавоби ин ҷиноятро нагӯяд ва ӯро дар ҳоли худ монанд”, менависад Ҳусния Носирова.

Ин қисса дар Фейсбук мавҷи вокунишҳоро ба бор овард. Бисёриҳо аз ноадолатии фаровон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳҳои Тоҷикистон интиқод кардаанд. Вале Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби демократ дар зери ин матлаб навишт, ки ҷараёни ин масъаларо зери назорат хоҳад гирифт, то чинояткорон ба ҷазои худ бирасанд: Бо бибии ҷабрдида телефонӣ суҳбат кардем ва ба Маҷлиси намояндагон даъват кардем. Ин масъаларо ман ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон пайгарӣ хоҳам кард ва ҷинояткорон ҷазо хоҳанд гирифт!!!”

Парвиз БокиевАхбори Тоҷикистон-Новости Таджикистана-News of Tajikistan

Салом. Рӯзи 23.01.2021 набераам Боқиев Анӯшервонро дар саҳни мактаби миëнаи рақами 12-и н.И.Сомонӣ. ш.Душанбе, ки ӯ ба наздикӣ ба он мактаб гузашта буд, ҳамсинфонаш ба замин ғалтонда ба сару рӯяш бо пойҳояшон барф задаанд. Пои як нафаре аз онҳо ба айнаки набераам сахт задааст, ки дар натиҷа шишаи он ба чашмаш даромадааст. Ӯро дар он ҷо партофта рафтаанд. Нафаре дигаре омада ӯро бардошта ба назди директор мебарад.

 Директори мактаб бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят аз писарам хостори онро мекунад, ки ба милиса даъво накунад ва ваъда медиҳад, ки тамоми хароҷотҳоро вобаста ба табобату ҷарроҳӣ ба ӯҳда мегирад.

Баъди ду рӯзи ин воқеъа саломатии модари Анӯшервон, ки хабари воқеъаи бо писараш рух додаро дар ҷои кораш фаҳмида буд, якбора бад шуд. Мутаъассифона рӯзи 02,02,2021 модараш дар беморхона вафот кард. Набераам яку якбора ҳам аз модар монду ҳам аз чашм.

Баъди ҷарроҳии якум, ки аз тарафи директори мактаб маблағгузорӣ карда шуда буд, беҳбудие дида нашуд ва зарурияти ҷарроҳии дуввум пайдо шуд. Писарам хост маблағи ин ҷарроҳию табобатро аз волидайни нафароне, ки директори мактаб даъват карда буд, гирад. Аммо ягон падаре ҳозир нашуд. Ва ҳамаи модароне, ки писаронашон ба ин ҷиноят даст доштанд, писарони худро бегуноҳ гуфта аз барқарор кардани саломатии Анӯшервон даст кашиданд. Модари нафаре, ки Анӯшервон ӯро ҳамчун гунаҳкори асосӣ меҳисобад, пешниҳодҳои олиҳиматонаям кард. Ӯ ба Анӯшервон пешниҳод кард, биë (гуманитарний помошда туғурит кунум, фейсбукда партоем ай ҳисоби ҳамин чашмта лечени кун).

Мо хостори гирифтани равғану шакари ëрии башардӯстонаи ташкилотҳои хориҷӣ набудем. Чашми Анӯшервон модарзодӣ набуд, ки аз мардум дар фейсбук ëрӣ талаб намоем. Ва ин пешниҳоди олиҳиматонаи ин модарро рад намудем. Боварии калон дорам, ки фарзанди ӯро зада чашмашро кӯр мекарданд ва ин хел пешниҳодҳои таҳқиромез ба ӯ мекарданд ӯ низ ин пешниҳодҳоро рад мекард.

Се ҷарроҳӣ кардем, локин биноии чашмаш ба ҳолати пештара барнагаштааст. Боз ҷарроҳӣ кардан даркор, лекин маблағи калон лозим аст. Бо ариза ба прокуратура муроҷиат кардем онҳо ба милитсия равон карданд.

Баъди ариза ба милитсия навиштан роҳбари синф ба писарам занг зада 6000 сомонӣ ки аз тарафи волидайни нафароне ки дар ин ҷиноят даст доштанд, пешниҳод намуд. Ҳамон ҳам бо мақсади накушодани парвандаи ҷиноятӣ.

Агар Анӯшервонро дасташро мешикастанд, ë ин ки пояшро мешикастанд шояд бо ин маблағ табобат карда мешуд лекин барқароркунии биноӣ ҷарроҳию реабилитатсия маблағҳои калонро талаб менамояд. Бо ҳамин сабаб мо ин пешниҳодро рад кардем.

Дар вақти тафтишот он ду нафаре ки гумонбар будем, бо чӣ сабаб бошад намедонам аз гумонбар ба ҳайси шоҳид гузаштанд ва бо шоҳидии ин ду нафар нафари дигаре ки аз лиҳози молӣ камбизоат мебошад ва падари ӯ бемор аст, гунаҳкор шуд.

Ин ҷиноят дар ҷои ҷамъиятӣ дар мактаб рух дод, аммо тафтишот аз камераҳои назоратӣ ва дигар шоҳидоне ки мумкин дар он ҷо буданд истифода накардааст. Танҳо бо шоҳидии ин ду нафар, ки худ ҳамшариканд, яъне яктош тела медиҳад ва дигаре аз пойҳояш гирифта ба замин меғалтонад ва ҷабрдида онҳоро ҳамчун гумонбар меҳисобад парвандаи ҷиноӣ ба суд равона шуд.

Ҳарчанд дар суд хоҳиш кардем ки парванда дубора ба тафтишот баргардонда шавад, аммо суд ҳам танҳо бо шоҳидии ин ду нафари дусту рафиқ қарор қабул намуд ва гумонбарро ба 140 соати корҳои ислоҳӣ ҷазо дод. Ин ҳам бошад бо умеде, ки дар арафаи ҷашни 30 солагии истиқлолият ва қабули авфи тиллоӣ аз ӯ доғи судӣ гирифта шавад.

Директори мактаб низ, ки аз аввали ин ҷиноят кӯшиш ба харҷ додааст ки ҳеҷ кас дар бораи ин ҷиноят хабардор нашавад аз хубии писарам истифода бурда, фиребаш додааст, ҷазое ҳам нагирифтааст.

 Тибқи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 33 аз 24 декабри соли 2010 дар қисми 1, сархати 3-юм омадааст, ки суд, судя бояд ҳамагуна масъалаҳоеро, ки дар ҳукм ҳал мегарданд, дар асоси қонун тибқи адолати судӣ ва мувофиқи иродаи ботинии худ, ҳамаҷониба, пурра, холисона мавриди санҷиш қарор дода, ҳамаи ҳолатҳои корро дар маҷмуъ, бе дахолат, мавриди барраси қарор диҳад.

Аммо аз тарафи суди зинаи аввал ин меъëрҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда нашудааст. Аз ҷумла аз аввал набераам ҷабрдида Боқиев А. баëнот додааст, ки ҳамсинфаш, ки пойафзоли ғафси зимистонаи рангаш сиëҳ бо шими зимистонаи рангаш сиëҳи рахҳои сафед дошта ба қисмати рости чашмаш задааст. Аммо ин ҳолат аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ оиди онки ҷои ҳодисаи шуда гузашта дар ягон наворҳои гирду атрофи муассиса оë меафтанд ë не? Агар афтад бо кадом сабаб ин навор гирифта нашудааст, ки мухолифат дар нишондодҳои шоҳидон, ҷабрдида ва судшаванда бартараф карда мешуданд.

Дигар ин ки пойафзоли ғафси зимистонаи рангаш сиëҳ бо шими зимистонаи рангаш сиëҳи рахҳои сафед ба кадоми аз иштирокчиëни ҳодисаи шуда, шоҳидон ë судшаванда таалуқ доштанаш муайян карда нашудааст ва ҳамчун далели шайъи гирифта ва ба парванда ҳамроҳ карда нашудааст. Ҳамзамон иззи пойафзол, ки дар айнак шояд монда бошад ва айнак, ки ҳамчун далел гирифта шудааст барои муайян кардани ин ҳолат мақомоти тафтишоти пешакиро зарур буд, ки экспертизаи судди криминалистии пайшиноси (Трассологи) таъин мекард, ки накардааст, ки ин ҳолатҳо яктарафагии рафти тафтишотро нишон медиҳад.

Ин хулоса низ яке аз далелҳои тасдиқкунандаи аз тарафи ки содир шудани ҷиноятро муайян карда метавонист.

 Ба ин ҳолатҳо ҳам мақомоти тафтишоти пешаки ва ҳам суд аҳамият надода ва танҳо такя ба баëнотҳои шоҳидон ва судшаванда дар рафти тафтишоти пешаки хулосаи айбдориро асос карда ва парвандаи ҷиноятиро ҷамъбаст намудаанд, ки беасос мебошад.

Ҷаноби Олӣ, Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд ки нисбати сағераҳо ғамхор бошанд, нисбати онҳо ноҳақ рафтор накунанд. Аммо нисбати Анӯшервон ки баъди ин кор ва мумкин ки бо сабаби ин ҷиноят бемодар мондааст, корҳои ноҳақ раво мебинанд. Бо талошу ҷонбозиҳои Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳ барқарор шуд. Охир ҳозир солҳои ҷанги 1992 нест ки дар дохили мактаб зада маъюб кунанд ва бо баҳонае ки ин шӯхӣ ва бозӣ буд нафаре ҷавоби ин ҷиноятро нагӯяд ва ӯро дар ҳоли худ монанд. Аз органҳои дахлдор хоҳиш менамоям, ки дар ҳалу фасли одилонаи ин ҷиноят кӯмаки худро расонанд.

 Бо эҳтиром,

Носирова Хусния Шариповна модаркалони 71 солаи ҷабрдида.

https://www.facebook.com/groups/1032208463573885/permalink/3751431388318232

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button