ФИРЕБ ХӮРДАНИ ПИРАМАРДИ 75-СОЛА АЗ ЛОҲУР ВА ДУЗДИИ ҶАВОНЗАН ДАР ВАРЗОБҚАЛЪА

Ҷавонзани 25-солаи сокини ҷамоати Варзобқалъа аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони дуздӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, гумон меравад, ки ӯ рӯзи 7 июн бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии як ҷавонзани 24-солаи ҳамдеҳааш шуда, аз онҷо ба маблағи 9 ҳазору 50 сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст. Акнун ба ҷавонзани дастгиршуда бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
ххххх
Сокини 75-солаи ҷамоати Лоҳур ба шуъбаи якуми милисаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардааст, ки ҳанӯз соли 2016 як сокини 32-солаи ҷамоати Лоҳур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”-ро, ки арзишаш 100 ҳазор сомониро ташил медод, бо мақсади таъмир гирифта, бар ивази қарзаш ба шахси дигар додааст.
Инчунин, сокини 31-солаи шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 4 май бо роҳи фиреб ба боварии сокини 38-солаи пойтахт даромада, мошини боркаши тамғаи “КАМАЗ”-ро 152 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтааст, вале то ҳол пули мошинро надодааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 10 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Боздошт гардидани ҷавонзани 25-сола бо ҷурми дуздии ҷавоҳироти гуногун
Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми июни соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 50-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзобқалъа бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани амалҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза пирамарди 75-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2016 марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”, ки арзишаш 100 ҳазор сомониро ташил медод, бо мақсади таъмир гирифта, ба шахси дигар бар ивази қарзаш додааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Истаравшан, рӯзи 4-уми майи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини пойтахт даромада, автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”-ро ба маблағи 152 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.