ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТаърихТоҷикистон

“АСРОРИ БАҲСҲОИ МАРЗӢ. ВОРУХ”: 47 СОЛИ ҲАВОДИС АЗ “А” ТО “Я”

Ворух каноритарин, аммо бузургтарин занҷири баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон сол ба сол ба сӯи як гусастан аз баданаи таърихии худ – Тоҷикистон пеш рафтааст ва ба як узви муаллақи он табдил шудааст

Қишлоқи Ворух аз 25 маи 1925 дар ҳайати волости Чоркӯҳи ноҳияи Конибодоми вилояти Фарғонаи ҶШС Ӯзбекистон буд. 31 январи 1927 дар ҳайати уезди Қуқанди вилояти Фарғона волости Исфара таъсис ёфт ва совети қишлоқи Ворух шомили он шуд. 6 феврали 1945 аз ҳисоби Исфара райони Шӯроб ташкил шуд, ки совети қишлоқи Ворухро ба ҳайати он дохил карданд. 24 марти соли 1947 райони Шӯроб барҳам хӯрд ва Ворух ба ҳайати райони Исфараи вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ шуд.

30 декабри 1948 Ворух дигарбора ба ноҳияи Конибодом баргашт. 5 январи 1965 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати райони Исфара Шӯрои қишлоқ (ҳоло ҷамоати деҳот)-и Ворух таъсис ёфт.

Масоҳати умумии замини Воруз: 84 458 га. Масофа аз маркази ҷамоат то Душанбе – 468, Хуҷанд – 154 ва Исфара – 44,7 км.

Аҳолӣ: 100% – тоҷик, то 1 январи 2020 – 33 246 нафар, 5583 хоҷагӣ.

Аз се қисмат – Тидон, Ворух ва Майдон ва 20 маҳалла – Сари Дашт, Хушобод, Боғдорӣ, Кӯчаи Боло, Гузар, Кӯчаи Қозӣ, Масҷиди Боло, Сари Қурум, Қишлоқ, Майдон, Сари Канда, Таги Маҳалла, Қалъача, Тоҷикон, А. Раҳимов, Ҷӯи Дам, Кодон, Навобод, Чакак, Лочин иборат аст.

Ворух минтақаи аграрӣ буда, кишоварзон ғалладона, картошка, сабзавот ва маҳсулоти боғдорӣ, аз ҷумла зардолу, себ ва нок тавлид мекунанд…

“Асрори баҳсҳои марзӣ. Ворух”: 47 соли ҳаводис аз “А” то “Я”

Ворух каноритарин, аммо бузургтарин занҷири баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон сол ба сол ба сӯи як гусастан аз баданаи таърихии худ – Тоҷикистон пеш рафтааст ва ба як узви муаллақи он табдил шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Ҳаводиси 47 соле, ки дар атрофи Ворух иттифоқ афтодаанд, аз чор тараф ҷуғрофиёи онро хурд карда, амалан, ба анклав табдил додаанд. Анклавшавии он содда, аммо ногаҳон оғоз шуд.

Соли 1963 деҳқонони колхози “Правда”-и деҳа ба азхудкунии мавзеи 700 – гектараи санглоху беобе шуруъ карданд, ки баъдтар Меҳнатобод ном гирифт. Аввал тариқи канали заминӣ ва сониян бо новаҳои обгузари сунъӣ ба ин замин об оварда, шуруъ ба кишту кор намуданд.

Қирғизҳое, ки дар шафати Ворух зиндагӣ мекарданд ва сокини он ба ҳисоб мерафтанд, аз ин ки ин замини ҳосилхезро тоҷикон соҳибӣ хоҳанд кард, ба шиддат норозӣ шуданд. Онҳо ба шуъбаи милисаи ноҳияи Бодканди вилояти ҳамноми Қирғизистон муроҷиат карда, пойи онҳоро ба ин моҷаро кашиданд.

31 декабри соли 1974 задухӯрд ба миён омад ва милисаҳои қирғиз ба сӯи ворухиён тир кушоданд. Ду тани онҳо – Музаффарҷон Бобоҷонов ва Ҳиҷрониддин Абдураҳимов захмӣ шуданд. Ин аввалин таниши марзӣ миёни тоҷикҳову қирғизҳо буд.

Абдулло Соҳибзода, яке аз сокинони кӯҳансоли Ворух. Акс аз “Спутник”

Қазияро Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти назорат гирифт. 25 январи соли 1975 бо миёнҷигарии ин ниҳод як протоколи комиссияи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид.

Бино ба он, 316 га замин дар ихтиёри Қирғизистон гузошта ва дар ивази он, 282 га замин ба колхози “Правда” аз болои латоки Оқсой, ҳудуди Лочин то Хоҷаи Ғор, барои истифодаи доимӣ дода шуд.

“Ин протокол заминаи анклавсозии Ворухро ба вуҷуд овард ва амалан санади таъсиси деҳаи қирғизии Аксай ё Оқсой мебошад. Қирғизҳо муфт соҳиби замин шуданд. Ба болои ин, ду бошишгоҳи собиқ колхози “Правда”, зиёда аз 300 бех дарахти мева дар ихтиёри онҳо қарор дода шуд. Соли 1975 дар ду тарафи роҳи Исфара-Ворух онҳо ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ карданд. Он сол охирин қирғиз аттестати мактаби Ворухро гирифт ва аввалин сокини Оқсой соҳиби шаҳодатномаи таваллуди Қирғизистон шуд. Ҳоло дар ин деҳа ҳудуди 2,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд”, – гуфт Абдулло Соҳибзода, омӯзгори кӯҳансоли Ворух ва шоҳиди он ҳаводис.

27 январи ҳамон сол дар чойхонаи “Дӯстӣ”, ки дар ин қаламрав аз сӯи ворухиён сохта шуда буд ва акнун ба қирғизҳо тааллуқ мегирифт, як оши оштӣ низ ташкил шуд, аммо маҳз он рӯз тухми танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои даҳсолаҳо кошта шуд.

Бақай

Тоҷикистон соли 1986 дар 400 гектари боқимонда тарҳи бунёди шаҳраки Бумиён ё Тоҷиконро оғоз кард. Қирғизҳои Оқсой ба ин тарҳ низ эътироз карданд. Апрели соли 1987 раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон Изатулло Ҳаёев ба Ворух омад ва қарор шуд, ки боз 17 гектар замин аз поёни латоки Меҳнатобод ба қирғизҳо дода шавад. Дар ин ҳудуд баъдтар деҳаи дигари қирғизӣ – Бақай ба вуҷуд омад.

“Яке аз даъвоҳои қирғизҳо имрӯзҳо ин аст, ки роҳи маҳаллаи Тоҷикон дар ҳудуди онҳо ҷойгир аст. Аммо ин роҳ ҳамон соли 1986 сохта, соли 1987 ҳамон 17 гектар замин бар ивазаш дода шудааст”, – гуфт Абдулло Соҳибзода.

Акси садо

13 июли соли 1989 дар деҳаи Октябр (ҳоло Хоҷаи Аъло) бар сари об муноқиша бархост. Ҳудуди ду ҳазор ворухӣ ба кӯмаки онҳо ба роҳ афтоданд. Аммо дар ҳудуди Оқсой мошинҳои онҳо сангборон шуда, ба сӯяшон аз силоҳҳои шикорӣ оташ кушода шуд. 14 нафар ҷароҳат гирифтанд. Оқсойиҳо роҳи Исфара-Ворухро бастанд. Дар Ворух ва Чоркӯҳ қуюди шабгардӣ эълон шуд.

Дар пайи ин ҳаводис бо сарварии Ваҳҳоб Воҳидов, муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият таъсис ёфт, аммо кораш ба ҷое нарасид, зеро чунин комиссия дар Қирғизистон ташкил наёфт. Масъала ба Шӯрои Олии СССР вогузор шуд.

Моҳи июни соли 1990 Комиссияи давлатии ҳалли муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки онро Сафаралӣ Кенҷаев, он замон раиси Кумитаи назоратии иҷрои санадҳои қабулкардаи Президенти Тоҷикистон, раҳбарӣ мекард. Ҳамон сол ҳайате аз ин комиссия ба сессияи Шӯрои Олии СССР рафт. Аммо ин сессия даъвои ҷонибҳоро шунида, ҳарфе амалӣ назад ва ба роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод намуд, ки ин масъаларо миёни худ ҳаллу фасл кунанд.

Комиссияи паритетии ҳар ду тараф соли 1989 чанд ҳуҷҷатеро омода кард, ки радду бадалҳоеро дар мавриди обу замин дарбар мегирифт, аммо аз сӯи ягон ҷониб пазируфта нашуд ва ҳам Совети Миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ онҳоро тасдиқ накард. Шӯрои Олии СССР ва ин комиссияҳо ҳеҷ дарк намекарданд, ки чӣ дардисареро барои ин ду кишвар ба мерос мегузоранд.

Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрду дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ сар зад ва масъалаи марз то соли 2001 таймаут гирифт.

Пас аз 12 сол

Моҳи апрели соли 2001 қирғизҳо дар мавзеи Бедак посгоҳи марзӣ гузошта, мардуми Ворухро нагузоштанд, ки ба заминҳои корами худ рафта, кор кунанд. Моҳи май миёни онҳо сангандозӣ ба вуқуъ пайваста, 7 ворухӣ ҷароҳат бардошт.

Он замон Муҳаммад Ҷаъфаров, фармондеҳи вақти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба ин мавзеъ омад ва посгоҳи қирғизҳоро аз Бедак ба 2,5 км болотар ба марзи Қирғизистон кӯчонд. Аммо қирғизҳо баъди чанд муддат дигарбора дар ҷои аввала – марзи Тоҷикистон барқарор карданд.

“Ин аввалин марзбонон буданд, ки омаданд ва ба сари худ марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян карданд. Пас аз омадани онҳо мардуми Ворух аз дастрасӣ ба чарогоҳҳои мавзеҳои Лару Заминон ва Шахи Сафед маҳрум шуданд”, – мегӯяд Абдуллоҳ Соҳибзода.

Аммо ин ҳодиса Комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистонро, ки соли 2001 ба кор шуруъ кард, такон дод. Ин комиссия то соли 2013 аз 987,6 км марзи давлатии ду кишвар 519,9 км-и онро дар баландкуҳҳо таъйин ва аломатгузорӣ кард. Аммо бақия 467,7 км умдатан миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон доғу баҳсӣ боқӣ монданд.

Як сокини кӯҳансоли Ворух. Акс аз “Спутник”

Қурбонии аввалин

Моҳи апрели соли 2013 як давраи ҷадид, аммо шадидтари муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ шуд. Он замон теъдоде аз сокинони деҳаи Оқсой дар ҳолати мастӣ роҳи Исфара-Ворухро масдуд карданд. Дар пайи ин миёни онҳо ва сокинони Ворух сангандозӣ ба вуқуъ пайваст ва 11 ворухӣ захмҳои гуногун бардоштанд.

Декабри ҳамон сол боз айни ҳолат ба вуқуъ пайваста, роҳ баста шуд. Аз он ба баъд роҳбандиҳо ба як воқеияти ин минтақа ё “мӯд” табдил ёфтанд.

10 июли соли 2014 дар мавзеи Бедак, вақте сокинон бо шинонидани қубурҳои об аз дарёи Карафшин машғул буданд, ҳудуди 15 марзбони қирғиз омада, аз онҳо тақозо карданд, ки аз ин кор даст кашанд, зеро ин ҳудуди Қирғизистон аст.

Аммо вақте ба мухолифати сокинони Бедак дучор омаданд, ба сӯи онҳо аз автомати “Калашников” тир кушода шуд. Дар пайи ин Сафоиддин Шаропови 36 – сола, сокини Бедак кушта, 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

“Марзбонони қирғиз пас аз он, ки дар берун аз маҳаллаҳо ҷой пои худро мустаҳкам карданд ва пушти постгоҳҳои худро заминҳои собити Қирғизистон меҳисобиданд, акнун вориди маҳаллаҳо шуданд.Пас аз ин ҳодиса роҳи мавзеҳои Пули Офтобрӯя, Сари Чашма ва Кех барои чорвои Ворух баста шуд. Дар умум, аз 24 ҳазор гектар чарогоҳи Ворух, 22 ҳазор гектари он дар ихтиёри қирғизҳо қарор гирифт”, – гуфт Абдулло Соҳибзода.

Роҳи анклавсоз

Кори заминҳо, зоҳиран, ба поён расид, ҳарфи роҳ ба миён омад. Роҳи “Бодканд – Оқсой – Тамдиқ”, як тарҳе, ки амалан Ворухро ба анклав табдил медод, соли 2018 дар як шароити ғайрирасмӣ рӯнамо гардид.

Он замон бо 500 ҳазор сомонӣ сармоягузории Бунёди Оғохон дар маҳаллаи Тоҷикон (Бумиён) тарҳи лӯлаи об рӯи даст гирифта шуд, ки норизоиятии қирғизҳоро ба бор овард. 15 сентябри ҳамон сол Соатбек Аноров, раиси ҷамоати Оқсой ба ин маҳалла омада, даъвои ҷолиберо пеш овард.

“Вай гуфт, мо ба чоҳи оби Шумо коре надорем, аз ин об хоҳ-нохоҳ мо ҳам рӯзе истифода мебарем. Аммо барои мо як баҳона лозим буд, то ки сохтмони роҳро оғоз намоем. Ин роҳ нақшаи ҳукумати Қирғизистон аст. Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ё намехоҳад мо ин роҳро месозем, тавре ки Президенти шумо дар вақти сохтмони нақби Анзоб гуфта буд, ки мо нақбро бо нохунҳоямон ҳам бошад месозем, мо низ бо нохунҳоямон ин роҳро месозем”, – қисса мекунад Нарзулло Обидов, сокини Ворух, ки дар саҳна ҳузур дошт.

Раиси ҷамоати Оқсой беҳуда намегуфт. Қирғизистон моҳи марти соли 2019 дар канори маҳаллаи Заҳматобод бе огоҳӣ ба роҳсозӣ шуруъ кард. Ҳаволии соати 12 – и 13 март ҳудуди 20 сокини ҷамоати деҳоти Ворух пеши роҳи техникаи кории Қирғизистонро гирифтанд.

Дар пайи ин марзбонони қирғиз ба маҳалли ҳодиса омада, аз силоҳ ба болои сару пеши пои тоҷикон тир холӣ карданд. Баъдтар бо даъвати Эркин Ҷолчиев, муовини раиси ҷамоати Оқсой, ҳудуди 45 нафар омада, ба сангандозӣ шуруъ карданд.

Қирғизҳо он рӯз ба хонаи Афзал Болтаев, сокини Тоҷикон, ҳамла бурда, чанд чӯби болопӯши хонаи ӯро санг зада, шикастанд. Сокинони Тоҷикон ба ёрии Болтаев рафтанд. Боз сангандозиҳои мутақобил сар шуд.

Дар ин сангпартоиҳо дар Тоҷикон 25 ворухӣ ҷароҳат гирифтанд. Аммо бегоҳи ҳамон рӯз ҳудуди 100 қирғизи ҷавони ҷомадоре, ки аз Оқсой набуданд, вориди саҳна шуда, боз ба сангпартоӣ сар карданд.

“Садои тир баромад. Расоиддин Тешаев (1982), яке аз ҷавонони фаъоли деҳаи Тоҷикон, ҳадафи тири снайпер қарор гирифта, ба шаҳодат расид. Ноболиғ Ансориддин Ҳайдаров (2003) низ аз тири автомат захмӣ шуд. Ду нафари дигар ҳам захм бардоштанд. Ғайр аз ин се мошини сабукрав ва як хонаи истиқоматӣ низ зарари ҷиддӣ дид”, – қисса мекунад Нарзулло Обидов.

Ҳамон рӯз танишҳо бо миёнҷигарии мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканд фурӯ нишонда шуданд, аммо ҷанҷолҳои марзӣ поён наёфтанд.

“Пешвоз”

Ҳатто қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жеенбеков ба Воруху Оқсой (27 июли соли 2019) низ ин иттифоқоти ногувор пеш омаданд.

22 июл қирғизҳо заминро кофта, дар ҳудуди Тоҷикони Ворух навиштаҷоти “Оқсой” ва парчами кишварашонро насб карданд. Ин эътирози сокинони Тоҷиконро ба вуҷуд овард ва миёни онҳову оқсоиҳо сангпартоӣ ба вуқӯъ пайваст.

Қирғизҳо аз силоҳ истифода бурданд ва сокини ҷамоати Ворух Ҷалол Қараев (1967) – ро ба ҳалокат расонда, 3 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд. Дар пайи сангпартоӣ 7 нафари дигар ҳам ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ҳамон рӯз ҳам роҳи Исфара-Ворух баста шуд, то ин ки боз мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканд дахолат накарданд.

Пас аз президентҳо

Аммо сафари роҳбарони ду давлат ва тавофуқоти онҳо, ки баҳсҳои марзӣ бояд дар сатҳи комиссияи байниҳукуматӣ ва аз роҳи қонуниву мутамаддин ҳал шаванд, кора накард.

15 сентябри соли 2019 қирғизҳо барои сохтани як посгоҳи марзӣ миёни Воруху Исфара техникаву маводи сохтмонӣ оварданд, ки талоше барои комилан ба анклав табдил ёфтани Ворух ва хилофи созишномаи соли 2014 миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки сохтмони ҳар гуна иншоотро дар қаламрави баҳсӣ манъ мекард.

16 сентябр дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ қирғизҳо барои сохтани ду иншоот қуму шағал оварданд, ки эътирози мардумро ба бор овард. Нерӯҳои низомии Қирғизистон бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон даргир шуданд, ки дар пайи он як подполковник ва ду сарбози тоҷик ба шаҳодат расиданд.

Ҳодисаҳои ҷолиб

11 октябри 2019 марзбонони қирғиз дар мавзеи баҳсии Пули Офтобрӯя Боисҷон Бобосангинов ва Дилшод Каримов, сокинони Ворухро бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марзи давлатӣ” ва “истифодаи ғайриқонунии силоҳи шикорӣ” боздошт намуда, даҳони онҳоро бо скоч бастанд ва 30-35 км пиёда ба дидбонгоҳи Тамдиқ, сипас деҳаи Қапчиғайи ноҳияи Бодканд бурданд.

Бино ба шаҳодати онҳо, онҳоро кормандони амнияти Қирғизистон маҷбур мекунанд, ки номи шикорчиён, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷамоати деҳоти Ворухро фош кунанд.

Он ду нафар 26 шабонарӯз дар ҳабс буданд. Ниҳоят бо қарори суди ноҳияи Бодканди Қирғизистон бо ҷурми “ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатӣ” ва “истифодаи ғайриқонунии силоҳи шикорӣ” ҳар якро 220 ҳазор сом, баробар ба 38 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, туфангҳои шикориашонро мусодира намуданд.

Идораи ҷамоати Ворух. Акс аз “Спутник”

18 ноябри 2019 раиси ҷамоати Оқсой Соатбек Аноров дар вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Тоҷикон гуфт, трансфарматоре, ки гузоштани он то таъйин шудани хати марз мавқуф гузошта шуда буд, насб мешавад.

19 ноябри 2019 марзбонони Қирғизистон бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати Оқсой Эркин Золчиев 55 бех дарахти меваи 40-45 солаи сокини маҳаллаи Заҳматобод Ҳафизат Бобоеваро, ки ҳанӯз падараш Абдуназир Бобоев шинонда буд, бе ягон огоҳӣ бурида, ба мошини боркаш бор карда бурданд.

Ҳамон рӯз раиси ҷамоати Оқсой Соатбек Аноров ба маҳаллаи Тоҷикон омада, гуфт, ки 3 сар гови сокинони Оқсой ба тарафи ҷамоати деҳоти Ворух гузашта гум шудааст. Дар асл, ба қавли сокинони Оқсой, як сар гов гум шуда буд. Қабл аз ин 56 сар гови сокинони ҷамоати деҳоти Ворухро марзбонони қирғиз бурда, дигар барнагардонида буданд.

22 ноябри 2019 бо супориши муовини раиси ноҳияи Бодканд Талай Иброҳимов дар роҳи Исфара-Ворух (дар назди посгоҳи марзии Қирғизистон) аз ду тараф аломатҳои роҳи таваққуфро гузоштанд. Ин ба маънои асосӣ кардани роҳи Бодканд – Оқсой ва дуюмдараҷа будани роҳи таърихии Исфара-Ворух, ҳамзамон хилофи созишномаи соли 2014 буд.

Бархӯрди охирин

Ворух аз даргириҳои 29 апрел, ки дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара шуруъ шуда, то Овчиқалъачаву Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доман густурд, дар канор намонд.

Қирғизистон аз роҳи Самарқандак зиёда аз 60 техникаи вазнин ва 500 афсару сарбози худро вориди Оқсой кард. Онҳо бо иттифоқи сокинони Оқсой хонаҳои маҳаллаҳои наздимарзиро мавриди тирборон қарор доданд, ки дар пайи он 5 нафар захмӣ ва 15 хона тахриб шуданд.

“Ҳудуди 5300 нафар сокини маҳаллаҳои Тоҷикон, Сангтӯда, Ширин, Заҳматобод, Лочин ва Ҷӯи Дами ҷамоати Ворух, ба шумули кӯдакон, занон ва мӯйсафедон ба ҷойҳои бехавф интиқол ёфтанд. Дар мавзеҳои Пули Офтобрӯ, Кех ва маҳаллаи Майдон зиёда аз 50 сар чорвои калони шохдор аз тири силоҳи қирғизҳо кушта шуданд”, – қисса мекунад Абдулло Соҳибзода.

То оташбаси бегоҳи 30 апрел роҳи Исфара – Ворух баста, барқи ҷамоат аз сӯи қирғизҳо қатъ шуда буд.

47 сол

Ҳамин тавр, тайи 47 соли баҳсҳои марзӣ се сокини Ворух кушта, даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Бино ба шаҳодати сокинони Ворух, хисороти пулию молии ин солҳо ҳисоб нашудааст.

“Маълум нест, ҳазинаи садҳо мошини сабукрав, ки дар роҳи Исфара-Ворух аз санги қирғизҳо тахриб шуданд, чӣ қадар аст. Зиёда аз 1000 сар чорвои калони шохдор кушта ё ба сирқат рафтанд, ки ҳатто як сар ҳам ҷуброн нашудааст. Вақте роҳи ворухиён ба чарогоҳҳо баста шуд, мардум чорвои худро фурӯхтанд ва саршумори чорвои ҷамоат поин омад. Аз зарари маънавӣ намегӯем”, – мегӯяд Абдуллоҳ Соҳибзода.

Пули мавзеи Тангии Куҳна – рамзи анклав набудани Ворух, ки аз ҳисоби собиқ колхози “Правда” сохта шуда буд, ҳоло таҳти назорати қирғизҳост. Дар умум атрофи Ворух бо ҳазорон гектар чарогоҳу заминҳои кишт мунтазири таъйин ва аломатгузориянд. Ворух имрӯз амалан дар анклав монда, роҳи мустақили васл бо бақияи Тоҷикистонро надорад.

Маълумот дар бораи Ворух

Қишлоқи Ворух аз 25 маи 1925 дар ҳайати волости Чоркӯҳи ноҳияи Конибодоми вилояти Фарғонаи ҶШС Ӯзбекистон буд. 31 январи 1927 дар ҳайати уезди Қуқанди вилояти Фарғона волости Исфара таъсис ёфт ва совети қишлоқи Ворух шомили он шуд. 6 феврали 1945 аз ҳисоби Исфара райони Шӯроб ташкил шуд, ки совети қишлоқи Ворухро ба ҳайати он дохил карданд. 24 марти соли 1947 райони Шӯроб барҳам хӯрд ва Ворух ба ҳайати райони Исфараи вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ шуд.

30 декабри 1948 Ворух дигарбора ба ноҳияи Конибодом баргашт. 5 январи 1965 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати райони Исфара Шӯрои қишлоқ (ҳоло ҷамоати деҳот)-и Ворух таъсис ёфт.

Ҷамоати деҳоти Ворух 10,1%-и майдони умумии Исфараро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии замин: 84458 га. Масофа аз маркази ҷамоат то Душанбе – 468, Хуҷанд – 154 ва Исфара – 44,7 км.

Аҳолӣ: 100% – тоҷик, ба 1 январи 2020 – 33246 нафар, 5583 хоҷагӣ.

Аз се қисмат – Тидон, Ворух ва Майдон ва 20 маҳалла – Сари Дашт, Хушобод, Боғдорӣ, Кӯчаи Боло, Гузар, Кӯчаи Қозӣ, Масҷиди Боло, Сари Қурум, Қишлоқ, Майдон, Сари Канда, Таги Маҳалла, Қалъача, Тоҷикон, А. Раҳимов, Ҷӯи Дам, Кодон, Навобод, Чакак, Лочин иборат аст.

Ворух минтақаи аграрӣ буда, кишоварзон ғалладона, картошка, сабзавот ва маҳсулоти боғдорӣ, аз ҷумла зардолу, себ ва нок тавлид мекунанд. 85%-и маҳсулот коркард намешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button