ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕОИ НОДИРИ БОЗИИ БАЧАҲОИ БАБРИ БАРФИЕ, КИ АЗ ТОҶИКИСТОН БА СИБИР БУРДАНД

Мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенский Русия видеои нодири бозии бачаҳои бабри барфиро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки ду бабрбача дар домани кӯҳ бо якдигар ва бо модарашон бозӣ мекунанд, ҷастухез доранд ва якдигарро мехоянду хору мол мекунанд.

Дар ин мамнӯъгоҳ ҳамагӣ як сар бабри барфӣ бо лақаби Ихтиандр боқӣ монда буд ва соли 2018 дар чорчӯби барномаи барқарор кардани ин навъи ҳайвони дар ҳоли нобудӣ як ҷуфт бабри барфиро аз Тоҷикистон ба инҷо оварданд. Бабри наринаро дар поёни декабри соли 2018 ва бабри модинаро моҳи марти соли 2019 ба ҷангал сар доданд. Комёбии барнома аз он вобаста буд, ки оё бабрҳо дар Саяно-Шушенский  насли нав ба дунё меоранд ё на? Соли 2020 бабри модина дугоник таваллуд кард. Вале рӯшан нест, ки аз бабри наринаи ҳамроҳаш аз Тоҷикистон овардашуда ваё аз Ихтиандр.

Кормандони мамнӯъгоҳ, ки ҳаракати ҳайвонотро тавассути шабакаи дастгоҳҳои аксбардориву наворгирӣ назорат мекунанд, мушоҳида карданд, ки Ихтиандр ба минатқаи марказии маҳалли сукунаташ бабри модинаро роҳ додааст, вале бабри наринаи аз Тоҷикистон овардашударо ҳамчун рақиби хуб ба қисмати ҷанубии мамнӯъгоҳ танг кардааст.

Кормандони мамнӯъгоҳ видеои бозикунии бачаҳои бабрро як сабти нодир мешуморанд.

“Бабри барфӣ як навъи ҳайвони канораҷӯст ва аз ин рӯ, навори дар шароити табии зисташон бо якдигар ва бо модарашон бозӣ кардани бабрбачаҳо ба сари худ видеои зеле нодир аст. Аз тарафи дигар, бабри барфӣ ҳайвони бештар шабгард аст ва онҳоро рӯзона ва бо чунин сифати баланд сабт кардан ками дар кам муяссар мешавад ва ин арзиши видеои сабтшударо боз ҳам меафзояд “, – гуфтаанд ба  хабаргузории ТАСС  дар мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенский.

То поёни соли 2019 дар Русия ҳамагӣ 65 сар бабри барфӣ боқӣ монда, саршумори ин навъи ҳайвон дар саросари дунё чизе бештар аз 3 ҳазор сар гуфта мешавад. Шумори дақиқи бабрҳои барфиро муайян кардан мушкил аст, чунки онҳо дар минтақаҳои касногузари кӯҳистон ба сар мебаранд. Ин як навъи хеле кам омӯхташудаи ҳайвонот аз синфи гурбашаклҳои бузург мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button