ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

МУҲОҶИРИ ТОҶИК РУСТАМ ЗАМОНОВ ТАВОНИСТ ДУ ДАФЪА ҲУКМИ ДЕПОРТАТСИЯАШ АЗ РУСИЯРО БЕКОР КУНАД

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия, рӯзи 8 июн шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, падари ду фарзанд Замонов Рустам Шаҳобовичро озод кард. Ҳамин додгоҳ рӯзи 19 май ҳукми ихроҷи Рустам Замонов аз Русияро бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва “ҳамдастӣ” ба ҳизби феълан дар  Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) бароварда буд.

Нусхаи қарори нави додго дар дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ҳаст.

Худи Рустам Замонов дар як тамоси кӯтоҳ бо “Бомдод” тасдиқ қард, ки шоми 8 июн аз толори додгоҳ озодаш карданд. “Ман аз қарори додгоҳ розиам, чунки адолат тантана кард ва номи неки ман барқарор шуд. Иттиҳоми “ҳамдастӣ бо ҲНИТ” ҳам аз тарафи адвокати ман ва ин дафъа аз тарафи додгоҳ низ қатъиян рад кард шуд. Ман хушҳолам аз ин ки озод шудам ва тавонистам ба дӯстони сершуморам дар Уфа исбот кунам, ки ман ягон рабте на ба ҲНИТ, на ба экстремизм ё терроризм надорам, балки қурбони туҳмат шуда будам”, – гуфт Рустам Замонов.

Дар қарори наваш аз 8 июн бо имзои судя Тухбатуллина Л.Х. додгоҳи ноҳияи Калинин Рустам Замоновро дигарбора дар вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия гунаҳкор шинохт, вале танҳо дар як маврид, ки ӯ худро дар суроғаи ноҳияи  Иглинский, ҷамъияти боғдорӣ (СНТ)и «Луговой» сабти ном карда, дар амал онҷо зиндагӣ надошт. Тибқи қонунҳои Русия шаҳрвандони хориҷӣ бояд фақат ва фақат дар суроғае, ки сабти ном шудаанд, зиндагӣ кунанд.

Вале додгоҳ ин дафъа Рустам Замоновро танҳо ба маблағи 2 ҳазор рубл ҷарима баст. Дар ҳукм дақиқан гуфта шудааст, ки ҶАРИМА БИДУНИ БЕРУН КАРДАН АЗ ҚАЛАМРАВИ ФР.

Ёдовар мешавем, тибқи қарори аввали ҳамин додгоҳ аз 19 май Рустам Замонов бояд аз Русия берун карда мешуд ва барои ҳамин ӯро дар боздоштгоҳи муҳоҷироне, ки бояд аз Русия ихроҷ карда шаванд, маҳкам карда буданд.

Вале Додгоҳи олии Ҷумҳурии Бошқирдистон ин қарори додгоҳи ноҳиявиро напазируфт ва парвандаи муҳоҷири тоҷикро дигарбора ба додгоҳи ноҳияи Калинин фиристод.

Судя Тухбатуллина Л.Х. дар қарори худ боз ҳам фаротар рафта, бо як таъбири барои додгоҳҳои Русия имрӯза хеле нодир хулосаи ФСБ дар бораи гӯё ба ҲНИТ ҳамдастӣ кардани Рустам Замоновро беасос хондааст.

Дар ҳукми додгоҳ дар ин бора гуфта мешавад: «Тибқи иттилои раёсати ФСБ Русия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон, дар мавриди Замонов Р.Ш. маълумот дар бораи кумаку ҳамдастиаш ба аъзои созмони террористиву экстремистии “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон” ба даст омадааст.

Ва аммо додгоҳ ба ин даъвои фавқуззикр бо назари интиқодӣ нигоҳ мекунад, чунки он бо маълумоти кофӣ, мумкин ва қобили таваҷҷуҳ таҳким дода нашудааст, тарафҳо ҳам дар бораи ба парванда ҳамроҳ кардани ин маълумот дархост надодаанд.”

Рустам Замонов – зодаи деҳаи Чуқураки ноҳияи Ҳисор соли 1998, вақте ҳамагӣ 13 сол дошт, ба Уфа ба мардикорӣ омада, инак 23 сол боз дар ҳаминҷо кору зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бори охирин соли 2010, вақте падараш аз дунё гузашт ба Тоҷикистон рафта буд. Рустам Замонов соли 2011 дар Уфа ба ҳамватанаш Ф. Абдиева издивоҷ кард ва онҳо соҳиби ду фарзанд шудаанд.

Ӯ ҳамроҳи бародараш Азим Замонов дар бозори Садовий дар ноҳияи  Орджоникидзеи шаҳри Уфа меваву сабзавот савдо мекард. Бародари ӯро моҳи апрели соли 2021 ба Тоҷикистон ихроҷ карданд, вале ҳукми ихроҷи Рустам Замоновро инак бори дуюм аст, ки Додгоҳи олии Бошқирдистон бекор мекунад.

Худи Рустам Замонов ва ҳамин тавр, наздикони ӯ ва намояндагони ҲНИТ ҳар навъ ҳамкорӣ ё робитаи ӯро бо ин ҳизби оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ рад карда буданд.

Мақомоти амниятии Русия гоҳо барои осонтар ба даст овардани ҳукми ихроҷи ин ё он нафар аз иттиҳомоти терроризму экстремизм истифода мебаранд, чунки фармони Путин ихроҷи муҳоҷиронро дар давраи пандемия манъ кардааст, ило агар таҳдиде барои амнияти Русия ба бор биоранд. Зоҳиран, мақомот барои дилпурӣ ба ҳукми Рустам Замонов низ ба зидди ӯ аз иттиҳоми “ҳамдастӣ бо ҲНИТ”  истифода бурданд, вале ин ҷавони тоҷик ба чунин “говсуд” розӣ нашуд ва тавонист ду дафъа тавассути Додгоҳи олии Бошқирдистон ҳукми ихроҷи худро бекор кунад. Дафъаи дуюм мақомот иттиҳоми ҳавоии “ҳамдастӣ бо ҲНИТ”-ро дар муқобили ин ҷавон сарсахти тоҷик дигар аз ҷайбашон берун набароварданд.

Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар соли 2015 манъ шуд. Баъди он роҳбарони ҳизб изҳор доштанд, ки ба хотири амнияти аъзо ва тарафдоронашон тамоми фаъолиятҳояшонро дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои СНГ қатъ мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар солҳои охир даҳҳо нафар аз тарафдорони ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои оппозитсияи тоҷик дар кишварҳои СНГ, бештар аз ҳама дар Русия дастгир ва ба Тоҷикистон супурда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button