ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ЯК СОКИНИ ҲИСОР, КИ БА БАДАХЛОҚӢ НИСБАТ БА КӮДАКОН АЙБДОР МЕШУД, БАЪДИ 4 СОЛИ ФИРОР ДАР ҚАЗОҚИСТОН БА ДАСТ АФТОДААСТ

Дар ҷараёни амалиёти “Мигрант” (“Муҳоҷир”) дар шаҳри АлмаАтои Қазоқистон М. ном шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисорро, ки аз соли 2017 аз ҷониби ШВКД шаҳри Ҳисор барои содир кардани ҷинояти сангин – бадахлоқии шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуда буд, дастгир кардаанд.

Асхат Бутунчинов, сардори хадамоти муҳоҷирати департаменти пулиси АлмаАто  ба хабарнигорон гуфт: “М., шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 26солаи шаҳри Ҳисор, ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дастгир гардида, ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд. Маълум шуд, ки ӯ аз соли 2017 аз ҷониби мақомоти милисаи Ҳисор барои содир кардани ҷинояти бадахлоқӣ нисбат ба кӯдакон бар асоси қисми дуюми моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад. Масъалаи истирдоди ӯ тибқи созишномаҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.”

Тафсилоти дигар оварда нашудааст. Пулис ва мақомоти муҳоҷирати АлмаАто аз ифшои исми шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.

Қисми дуюми моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, агар аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаҳои тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад, ҳамчун ҷазо аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Амалиёти “Муҳоҷир” дар саросари Қазоқистон 7 июн оғоз ёфта, то 16 июн давом мекунад. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкор кардани мавридҳои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират  аз ҳадафҳои аслии ин амалиёт ном бурда мешаванд.

Пулиси вилояти Қустанай хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти “Муҳоҷир” дар ин вилоят як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистонро пайдо карданд, ки 7 сол боз бидуни ягон санад дар инҷо зиндагӣ мекард. Пулис якҷо бо бунёди ҷамъиятии «Дамиту» асноди ин муҳоҷири тоҷикро барқарор кардаанд. Ӯ бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош маҳкум ба ихроҷ аз қаламрави Қазоқистон шудааст ва кормандони пулиси Қустанай ин шаҳрванди тоҷикро барои ихроҷ ба Ватанаш ба мақомоти марзбонӣ супурдаанд.

Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари бузурги мизбони муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Бино ба ҳисобҳо, дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button