ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 9 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 9 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ДАР РУСИЯ ДУ МУҲОҶИР БА САРИ ЯК МУҲОҶИРИ ДИГАР БЕНЗИН РЕХТА, ӮРО ОТАШ ЗАДААНД

ЯК СОКИНИ ҲИСОР, КИ БА БАДАХЛОҚӢ НИСБАТ БА КӮДАКОН АЙБДОР МЕШУД, БАЪДИ 4 СОЛИ ФИРОР ДАР ҚАЗОҚИСТОН БА ДАСТ АФТОДААСТ

МУҲОҶИРИ ТОҶИК ТАВОНИСТ ҲУКМИ ДЕПОРТАТСИЯАШРО ДУ ДАФЪА БЕКОР КУНАД

ДЕПУТАТИ ҚИРҒИЗ БА ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР АЗ ТОҶИКИСТОН АЙБДОР МЕШАВАД

НАҶОТИ ДУ МОДАР БО 7 КӮДАКИ ДАР ЛИФТ ДАРМОНДА

ДАР ТОҶИКИСТОН АМАЛИЁТИ “БАЧАҲО” ИДОМА ДОРАД

ҚАРЗДОР БУД… ОДАМКУШӢ ДАР БОЗОРИ КӮЛОБ

ВИДЕОИ НОДИРИ БОЗИИ БАЧАҲОИ БАБРИ БАРФИЕ, КИ АЗ ТОҶИКИСТОН БА СИБИР БУРДАНД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Пулиси вилояти Ленингради Русия аз боздошти ду нафари гумонбар ба сӯзондани як муҳоҷир дар шаҳраки Александрово, воқеъ дар канори Пушкино хабар дод. Ин ҳодиса шаби 5 ба 6 июн рӯй дод ва кормандони пулиси шаҳри Пушкино алакай рӯзи 7 июн дар деҳаи Веревои ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград як шаҳрванди 27-солаи Модова ва як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро дастгир карданд. Ин ду нафар ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 5 ба 6 июн дар шаҳраки Александрово ба хонае, ки дар он чанд муҳоҷир зиндагӣ доштанду дар як сохтмон кор мекарданд, ҳамла оварда, дар ҷараёни муноқиша ба сару рӯи як шаҳрванди 42-солаи Ӯзбекистон бензин рехта, ӯро оташ задаанд.

Сабаби чунин муносибати бераҳмонаи онҳо нисбат ба ин муҳоҷир ҳанӯз рӯшан нест.

Бино ба хабарҳо, ҷабрдида бо сару рӯи сӯхта аз ҷои ҳодиса фирор карда, худро то шоҳроҳи Киевское расондааст. Дар инҷо иттифоқан ӯро як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба мошинаш савор карда, то бемористон расондааст. Ӯ ба пулис нақл кардааст, ки шоҳиди ин муҳоҷирро оташ задани ду нафари ношинос шудааст.

Муҳоҷири ҷабрдидаро ба  далели вазнини будани вазъи саломатиаш аз бемористони маҳаллӣ бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Санкт Петербург ба номи Ҷанелидзе интиқол додаанд. Бар асоси натиҷаҳои тахшиси табибон, сару рӯ, гардан, дастону пойҳои муҳоҷири ӯзбек сӯхта, дар қисмати ҷоғаш захми бурида дида мешавад ва як пораи гӯшашро низ буридаанд.

Нисбат ба ду нафари дастгиршуда бо иттиҳоми “қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҳардуро феълан барои ду рӯз боздошт кардаанд  ва ба ИВС андохтаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Пушкино ҳоло масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани шаҳрвандони Молдова ва Тоҷикистонро баррасӣ доранд. Ба онҳо бар асоси моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххх

Дар ҷараёни амалиёти “Мигрант” (“Муҳоҷир”) дар шаҳри АлмаАтои Қазоқистон М. ном шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисорро, ки аз соли 2017 аз ҷониби ШВКД шаҳри Ҳисор барои содир кардани ҷинояти сангин – бадахлоқии шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуда буд, дастгир кардаанд.

Асхат Бутунчинов, сардори хадамоти муҳоҷирати департаменти пулиси АлмаАто  ба хабарнигорон гуфт: “М., шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 26солаи шаҳри Ҳисор, ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дастгир гардида, ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд. Маълум шуд, ки ӯ аз соли 2017 аз ҷониби мақомоти милисаи Ҳисор барои содир кардани ҷинояти бадахлоқӣ нисбат ба кӯдакон бар асоси қисми дуюми моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад. Масъалаи истирдоди ӯ тибқи созишномаҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.”

Қисми дуюми моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, агар аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаҳои тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад, ҳамчун ҷазо аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Амалиёти “Муҳоҷир” дар саросари Қазоқистон 7 июн оғоз ёфта, то 16 июн давом мекунад.

Пулиси вилояти Қустанай хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти “Муҳоҷир” дар ин вилоят як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистонро пайдо карданд, ки 7 сол боз бидуни ягон санад дар инҷо зиндагӣ мекард. Пулис якҷо бо бунёди ҷамъиятии «Дамиту» асноди ин муҳоҷири тоҷикро барқарор кардаанд. Ӯ бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош маҳкум ба ихроҷ аз қаламрави Қазоқистон шудааст ва кормандони пулиси Қустанай ин шаҳрванди тоҷикро барои ихроҷ ба Ватанаш ба мақомоти марзбонӣ супурдаанд.

Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари бузурги мизбони муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Бино ба ҳисобҳо, дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

ххххххххххххх

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия, рӯзи 8 июн шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, падари ду фарзанд Замонов Рустам Шаҳобовичро озод кард. Ҳамин додгоҳ рӯзи 19 май ҳукми ихроҷи Рустам Замонов аз Русияро бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва “ҳамдастӣ” ба ҳизби феълан дар  Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) бароварда буд.

Худи Рустам Замонов дар як тамоси кӯтоҳ бо “Бомдод” тасдиқ қард, ки шоми 8 июн озодаш карданд. “Ман аз қарори додгоҳ розиам, чунки тавонистам исбот кунам, ки ман ягон рабте на ба ҲНИТ, на ба экстремизм ё терроризм надорам, балки қурбони туҳмат шудам”, – гуфт ӯ.

Дар қарори наваш додгоҳи ноҳияи Калинин Рустам Замоновро дигарбора дар вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия гунаҳкор шинохт, вале танҳо ба инки ӯ дар ҷое ки сабти ном дошт, зиндагӣ намекард. Вале додгоҳ ин дафъа Рустам Замоновро танҳо 2 ҳазор рубл ҷарима баст. Дар ҳукм дақиқан гуфта шудааст, ки ҶАРИМА БИДУНИ БЕРУН КАРДАН АЗ ҚАЛАМРАВИ ФР.

Ёдовар мешавем, тибқи қарори аввали ҳамин додгоҳ аз 19 май Рустам Замонов бояд аз Русия берун карда мешуд ва ӯро дар боздоштгоҳи муҳоҷирон маҳкам карда буданд.

Вале Додгоҳи олии Ҷумҳурии Бошқирдистон ин қарори додгоҳи ноҳиявиро напазируфт ва парвандаи муҳоҷири тоҷикро дигарбора ба додгоҳи ноҳияи Калинин фиристод.

Судя Тухбатуллина Л.Х. дар қарори худ боз ҳам фаротар рафта, бо як таъбири барои додгоҳҳои Русия имрӯза хеле нодир хулосаи ФСБ дар бораи гӯё ба ҲНИТ ҳамдастӣ кардани Рустам Замоновро беасос хонд. Додрас гуфт, “додгоҳ ба ин даъво бо назари интиқодӣ нигоҳ мекунад, чунки он бо маълумоти кофӣ, мумкин ва қобили таваҷҷуҳ таҳким дода нашудааст.”

Рустам Замонов – зодаи деҳаи Чуқураки ноҳияи Ҳисор соли 1998, вақте ҳамагӣ 13 сол дошт, ба Уфа ба мардикорӣ омада, инак 23 сол боз дар ҳаминҷо кору зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бори охирин соли 2010, вақте падараш аз дунё гузашт ба Тоҷикистон рафта буд. Рустам Замонов соли 2011 дар Уфа ба ҳамватанаш Ф. Абдиева издивоҷ кард ва онҳо соҳиби ду фарзанд шудаанд.

Ӯ дар бозори Садовий дар ноҳияи  Орджоникидзеи шаҳри Уфа меваву сабзавот савдо мекард.

ххххххххххххххххх

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 7 июн О.М.Б., як вакили кенеш ё маҷлиси ноҳяи Қадамҷойи вилояти Бодканд ва бародари ӯро бо иттиҳоми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дастгир кардаанд. Аз онҳо ҳангоми боздошт беш аз 50 кило маводи мухаддир ва ҳудуди 240 ҳазор доллар пули нақд ёфт ва мусодира шудааст.

КДАМ гуфт, вакили ноҳияи Қадамҷойро бо бародараш рӯзи 7 июн замоне дастгир карданд, ки онҳо ба фурӯши як миқдори бузурги маводи мухаддир бо ҳадафи минбаъд бо роҳи қочоқ ба Ӯзбекистон фиристодани он машғул буданд. Ҳангоми кофтуков аз мошини ин ду бародар ва манзилҳои онҳо 37,5 кило банг, 9 кило афюн, 4 кило ҳашиш, як мил силоҳи бидуни санад, 232 ҳазор доллари Амрико, 42,3 миллион сӯми ӯзбекӣ (муодили тақрибан 4 ҳазор долларҒ ва 106 ҳазор соми қирғизӣ (ҳудуди 1250 доллар) пайдо кардаанд. Ҳамроҳи онҳо боз ду шарики эҳтимолиашон — О. К. М. ва О. К. А. низ дастгир шудаанд.

КДАМ Қирғизистон гуфт, ҳоло барои муайян кардани ташкилкунандаи ин масири қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди афюн, ҳашиш ва ҳероини дунё, қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира мешавад ва садҳо нафар бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мешаванд.

хххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаби 9 июн тавонистаанд ду модарро бо 7 тифли аз 6 то 14-сола беосеб наҷот диҳанд.  Ин 9 нафар дар як лифт дар шаҳри Турсунзода дармонда буданд ва барои онҳо наҷотбахшонро аз Душанбе фиристодаанд, – хабар дод КҲФ.

Бино ба иттилоияи ин ниҳод, шаби 8 ба 9 июн ба шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода хабар расид, ки дар як хонаи баландошёнаи касабаи №4 лифт ба сабабҳои техникӣ аз кор мондаву дар дохили он 9 нафар, ки 7 нафарашон кӯдакон ва 2 нафари дигар модарони онҳо буданд, руст мондаанд.

Ин хабар соати 23:00 расид ва дастаи зудамал фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Фасли тобистон ва ҳавои гарм дохили лифтро гармтару нафасгир мекунад. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон фавран аз пайи кор шуданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус зарфи 5 дақиқа лифтро боз карданд ва дармондагонро аз он берун оварданд. 

Ду модари 35-сола бо тифлонашон, ки аз 6 то 14 сол доштанд, беосеб наҷот дода шуданд.

Сабаби руст мондани лифт эҳтимолан аз меъёр зиёд савор шудани сокинон буд, –  гуфта мешавад дар хабар.

ххххххххххххххххх

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садамаҳо бо иштироки ноболиғон аз 5 то 15 июни соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад.
БДА аз ронандагон, падару модарон, омӯзгорони мактабҳои миёнаву мураббиёни муассисаҳои томактабӣ хостааст, ки  худашон низ талаботи қоидаҳои ҳаракат дар poҳpo риоя карда, бa кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракатро бифаҳмонанд ва риояи ҳатмии онҳоро талаб  кунанд. “Шаҳрвандони азиз! Ҳаёти худ ва фарзандонатонро дар роҳ зери хатар нагузоред!” – мегӯяд БДА дар муроҷиатномааш ба мардум.

Ҳарсол дар Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Як бахши аъзами қурбониёни садамаҳоро ноболиғон, аз ҷумла кӯдакон ташкил медиҳанд, ки аз сад гулашон як гулашон ҳам ношукуфта, ғӯррамарг мешаванд.

ххххххххххххххххх

Бозори “Саховат” дар шаҳри Кӯлоб. Акс аз Азия Плюс

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Як сокини 32-солаи  шаҳри Кӯлоб бо гумони одамкушӣ дастгир  шудааст. ВКД гуфт, рхзи 7 июн, соати 15:30, дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб як ҷавони  25-солаи сокини Кӯлоб, ки гумонбаршаванда аз ӯ қарздор будааст, аз вай баргардондани пулашро талаб кардааст. Дар заминаи пули қарз байни онҳо ҷанҷол сар мезанад ва гумонбаршаванда ба қафаси синаи ҷабрдида як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Ба зидди марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххх

Асри 7 июн, тахминан соати 19:00, як ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод, бо ҳамдеҳаи 23-солааш ҷанҷол карда, ӯро як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Инчунин, сокини 30-солаи ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки соати якуними шаби 6 июн, дар назди пули кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт дар ҳолати мастӣ марди 35-солаи сокини ҷамоати Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро  латту кӯб карда, бо санг ба сараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдидаро бо осеби вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

ххххххххххх

Як ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ шаби 3 июн, тахминан соати 22:00, дар  хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё сохта, хонаро ба як ҷуфти 20-сола, ҳарду сокинони пойтахт иҷора дода, аз онҳо 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ  шоми 4 июн, тахминан соати 20:00, ба ҷавони 22 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони ноҳияҳои Темурмалик ва Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё намуда, аз онҳо низ 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Ӯ бо айни шева асри 7 июн, тахминан соати 18:00, аз ҷавони 23 ва ҷавонзани 23-солаи ҳарду сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ дар манзилаш 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ба ин ҷавон барои ташкили фоҳишахона ҷарима ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххх

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милиса ҷинояти дуздии 146 ҷуфт пойафзолро дар бозори “Корвон” ошкор кардаанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД, рӯзи 3 июн шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи марбут ба сокини 36-солаи шаҳри Душанбе дар бозори “Корвон”  146 ҷуфт пойафзолро ба маблағи 4 ҳазору 965 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Соҳиби бор дар ин хусус ба ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ин ҷинояти дуздиро як ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии “Ҳасан” ва “Ҳусейн” ном шахсон содир намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 48-солаи сокини ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муроҷиат намудааст, ки 26-уми апрели соли 2021, ҳангоми дар автобуси хатсайри №18, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 10 ҳазор сомонӣ, 2 корти бонкии «Амонатбонк», 2 соати дастӣ ва як чароғак (фонарик) дошт,  дуздида, ба ӯ ба маблағи 10 ҳазору 200 сомонӣ зарар расондаанд.

Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят як ҷавони 24-солаи сокини пойтахт  дастгир шудааст.

ххххххххххххххххх

Ва дар поёни барнома як гузориши ҷолиб:

Мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенский Русия видеои нодири бозии бачаҳои бабри барфиро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки ду бабрбача дар домани кӯҳ бо якдигар ва бо модарашон бозӣ мекунанд, ҷастухез доранд ва якдигарро мехоянду хору мол мекунанд.

Дар ин мамнӯъгоҳ ҳамагӣ як сар бабри барфӣ бо лақаби Ихтиандр боқӣ монда буд ва соли 2018 дар чорчӯби барномаи барқарор кардани ин навъи ҳайвони дар ҳоли нобудӣ як ҷуфт бабри барфиро аз Тоҷикистон ба инҷо оварданд. Бабри наринаро дар поёни декабри соли 2018 ва бабри модинаро моҳи марти соли 2019 ба ҷангал сар доданд. Комёбии барнома аз он вобаста буд, ки оё бабрҳо дар Саяно-Шушенский  насли нав ба дунё меоранд ё на? Соли 2020 бабри модина дугоник таваллуд кард. Вале рӯшан нест, ки аз бабри наринаи ҳамроҳаш аз Тоҷикистон овардашуда ваё аз Ихтиандр.

Кормандони мамнӯъгоҳ, ки ҳаракати ҳайвонотро тавассути шабакаи дастгоҳҳои аксбардориву наворгирӣ назорат мекунанд, мушоҳида карданд, ки Ихтиандр ба минатқаи марказии маҳалли сукунаташ бабри модинаро роҳ додааст, вале бабри наринаи аз Тоҷикистон овардашударо ҳамчун рақиби хуб ба қисмати ҷанубии мамнӯъгоҳ танг кардааст.

Кормандони мамнӯъгоҳ видеои бозикунии бачаҳои бабрро як сабти нодир мешуморанд.

“Бабри барфӣ як навъи ҳайвони канораҷӯст ва аз ин рӯ, навори дар шароити табии зисташон бо якдигар ва бо модарашон бозӣ кардани бабрбачаҳо ба сари худ видеои хеле нодир аст”, – гуфтаанд дар мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенский.

То поёни соли 2019 дар Русия ҳамагӣ 65 сар бабри барфӣ боқӣ монда, саршумори ин навъи ҳайвон дар саросари дунё чизе бештар аз 3 ҳазор сар гуфта мешавад. Шумори дақиқи бабрҳои барфиро муайян кардан мушкил аст, чунки онҳо дар минтақаҳои касногузари кӯҳистон ба сар мебаранд. Ин як навъи хеле кам омӯхташудаи ҳайвонот аз синфи гурбашаклҳои бузург мебошад.

ххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button