ВидеоТоҷикистон

ДУЗДИИ СОЛ: ҒОРАТИ НИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ САНДУҚИ ОҲАНИНИ ШИРКАТИ “БАХТ” (ВИДЕО)

Шаби 19 май як гуруҳи дуздони бо асбоби буррандаву шиканадае, чун лому табар мусаллаҳ ба таври пинҳонӣ ба  бинои ширкати “Бахт-2016”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор Қодиров Муҳиддин тааллуқ дорад,  ворид шуда, сандуқи оҳанин (сейф) -и ширкатро шикаста ва 472 ҳазор пули нақдро рабудаанд.

Дуздон ҳангоми фирор дасту по ва даҳони посбони корхона Хайруллоев Наҷмиддинро, ки садои онҳоро шунида, мехост пеши роҳашонро бигирад, бо скотч бастаанд ва сипас ба мошин савор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 9 июн дар барномаи телевизиониаш “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони ШВКД-1 ноҳияи Сино тавонистанд ин ҷиноятро дар муддати кӯтоҳ ошкор ва ҳамаи дастандаркорони ин дуздии асрро дастгир кунанд.

Ба гуфтаи мақомот, роҳбарии ин гуруҳро Шукуров Илҳом Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1995,  сокини кӯчаи Хатлони шаҳри Душанбе дар даст дошта, дар дуздии қариб ним миллион сомонӣ аз сейфи ширкати “Бахт-2016” ба ӯ Бадалов Рухшед ва Камолов Нарзулло, соли таваллудашон низ 1995, сокини деҳаи Ғусари Панҷакент ҳамдастӣ кардаанд.

Дар рафти бозпурсӣ роҳбари гуруҳ Илҳом Шукуров иқрор кард, ки шарикони худро ҳам ҳангоми тақсими ғаниматҳои бо роҳи дуздӣ бадастовардашон фиреб додааст:

Сейфро кушодем, аз дарунаш пул баромад. Вақти гирифта баромадан қаровул бедор шуд. Қаровулро даромадем, бастем бо скотч. Баромада рафтем. Мошин дар лаби роҳ истодагӣ буд. Дар мошин нишастему рафтем ба тарафи Хуҷанд

 –Он маблағро чандсӯмӣ байни худ тақсим кардед?

– 170 ҳазорашро ман худам гирифта будам баҷоӣ. 208 ҳазори дигарашро 47-ҳазорӣ тақсим кардем. Ба ман 67 ҳазор расид…

Аъзои гуруҳи дуздон худи ҳамон шаб ба вилояти Суғд фирор карда, аз ҳисоби пули бадастовардаашон дар ивази 82 ҳазор сомонӣ як мошини БМВ ва бо нархи 67 ҳазор сомонӣ як мошини “Мерседес” харидаанд. Ҳоло ин ду мошинро кормандони милиса ҳамчун далели шайъӣ ба ҳабс гирифтаанд.

Роҳбари ин гуруҳи ҷиноятӣ Илҳом Шукуров ҳамчунин ба он гумонбар мешавад, ки ҳамроҳи Хайруллоев Диловар, соли таваллудаш 1991, рӯзи 27 апрел аз манзили Аҳлиёрова Хайрӣ, сокини шаҳри Ҳисор сандуқи оҳанини ӯро бо ҷавоҳироти зиёд ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ дуздидаанд.

Ба зидди аъзои гуруҳи Илҳом Шукуров бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – моддаи 244 (дуздӣ) ва моддаи 249 (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо барои дуздӣ то 5 соли зиндон ва барои роҳзанӣ то 15 соли пушти панҷара таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button