ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТОҶИКИСТОН АМАЛИЁТИ “БАЧАҲО” ИДОМА ДОРАД

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садамаҳо бо иштироки ноболиғон аз 5 то 15 июни соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад.
БДА аз ронандагон, падару модарон, омӯзгорони мактабҳои миёнаву мураббиёни муассисаҳои томактабӣ хостааст, ки  худашон низ талаботи қоидаҳои ҳаракат дар poҳpo риоя карда, бa кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракатро бифаҳмонанд ва риояи ҳатмии онҳоро талаб  кунанд. “Шаҳрвандони азиз! Ҳаёти худ ва фарзандонатонро дар роҳ зери хатар нагузоред!” – мегӯяд БДА дар муроҷиатномааш ба мардум.

Ҳарсол дар Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Як бахши аъзами қурбониёни садамаҳоро ноболиғон, аз ҷумла кӯдакон ташкил медиҳанд, ки аз сад гулашон як гулашон ҳам ношукуфта, ғӯррамарг мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button