ВидеоМуҳоҷирон

ДАР РУСИЯ ДУ МУҲОҶИР БА САРУ РӮИ ЯК МУҲОҶИРИ ДИГАР БЕНЗИН РЕХТА, ӮРО ОТАШ ЗАДААНД

Пулиси вилояти Ленингради Русия аз боздошти ду нафари гумонбар ба сӯзондани як муҳоҷир дар шаҳраки Александрово, воқеъ дар канори Пушкино хабар дод. Ин ҳодиса шаби 5 ба 6 июн рӯй дод ва кормандони пулиси шаҳри Пушкино алакай рӯзи 7 июн дар деҳаи Веревои ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград як шаҳрванди 27-солаи Модова ва як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро дастгир карданд. Ин ду нафар ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 5 ба 6 июн дар шаҳраки Александрово ба хонае, ки дар он чанд муҳоҷир зиндагӣ доштанду дар як сохтмон кор мекарданд, ҳамла оварда, дар ҷараёни муноқиша ба сару рӯи як шаҳрванди 42-солаи Ӯзбекистон бензин рехта, ӯро оташ задаанд.

Сабаби чунин муносибати бераҳмонаи онҳо нисбат ба ин муҳоҷир ҳанӯз рӯшан нест.

Бино ба хабарҳо, ҷабрдида бо сару рӯи сӯхта аз ҷои ҳодиса фирор карда, худро то шоҳроҳи Киевское расондааст. Дар инҷо иттифоқан ӯро як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба мошинаш савор карда, то бемористон расондааст. Ӯ ба пулис нақл кардааст, ки шоҳиди ин муҳоҷирро оташ задани ду нафари ношинос шудааст.

Муҳоҷири ҷабрдидаро ба  далели вазнини будани вазъи саломатиаш аз бемористони маҳаллӣ бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Санкт Петербург ба номи Ҷанелидзе интиқол додаанд. Бар асоси натиҷаҳои тахшиси табибон, сару рӯ, гардан, дастону пойҳои муҳоҷири ӯзбек сӯхта, дар қисмати ҷоғаш захми бурида дида мешавад ва як пораи гӯшашро низ буридаанд.

Нисбат ба ду нафари дастгиршуда бо иттиҳоми “қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҳардуро феълан барои ду рӯз боздошт кардаанд  ва ба ИВС андохтаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Пушкино ҳоло масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани шаҳрвандони Молдова ва Тоҷикистонро баррасӣ доранд. Ба онҳо бар асоси моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button