ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

НАҶОТИ ДУ КӮДАК АЗ МАРГИ НОГУЗИР ДАР СИРДАРЁ (3 АКС)

Рӯзи 7 июн наҷотбахшони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд аз марги ду кӯдаки 10 ва 14-сола  дар Сирдарё ҷилавгирӣ кардаанд.  Наҷотбахшон ин ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар ҳоле наҷот дода, аз об берун оварданд, ки онҳо ҳангоми оббозӣ дар як макони барои оббозӣ мамнӯъ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ғарқ шуданд.

Ба ин ду кӯдак ёрии аввалияи тиббӣ расондаанд. Онҳо аз рафтан ба бемористон даст кашидаанд.

Аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 40 нафар ғарқ шудаанд, ки тақрибан нисфи ин қурбониёнро ноболиғони то синни 16 ташкил медиҳанд.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо мақсади санҷишу тафтиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ба баргузории рейдҳои профилактикӣ дар маконҳои  оббозӣ дар саросари кишвар сар кардааст. Дар ҷараёни ин рейдҳо дар шаҳри Душанбе алакай сатҳи омодагӣ ба қабули истироҳаткунандагон дар кӯлҳои Душанбе, Варзоб, Чорбоғ ва Ҷавонӣ санҷида шуда,  дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Турсунзода кормандони КҲФ ба истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро фаҳмондаанд ва ҳамчунин нишон додаанд, ки ба нафарони ғарқшуда чӣ гуна бояд кумаки аввалия расонанд. 

Кормандони Кумита дар ҷараёни роҳандозии корҳои табилиғотӣ ба истироҳаткунандагон фаҳмониданд, ки ҳатман бояд дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат аст, бисёр бодиққату ҳушёр бошанд ва кулли қоидаҳои оббозиро риоя кунанд.  

“Албатта, нигарониҳо ҷо доранд. Аксари касоне, ки барои истироҳат ба соҳили обҳо дар ин фасли гарм мераванд, одитарин қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд. Яке аз сабабҳои аслии ғарқ шудани одамон дар мавсими оббозӣ ин шиноварӣ дар ҷойҳоест, ки таҷҳизонида нашудаанд, яъне ба сабабҳое барои оббозӣ манъ мебошанд. Ва иллати дигар беназорат гузоштани бачаҳо дар соҳили обҳост. Вақте бача беназорат монду дид, ки ҳама худро ба об мезананд, аз куҷо медонад, ки об хатар дорад?”- гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Ин ниҳод бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки ҳангоми истироҳат дар лаби об танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст. Дар маконҳое, ки об маҷрои тез дорад, аслан шиноварӣ мумкин нест, бахусус барои касоне, ки на ҳамаи қоидаҳои оббозиро медонанд.

Ҳангоми сархушӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ низ оббозӣ қатъиян манъ аст, – ҳушдор додааст КҲФ.

Наврасон ва кӯдакон бояд ҳатман ҳамроҳ бо калонсолон вориди тафреҳгоҳҳо шаванд. Танҳо ҳатто наздик шудани онҳо ба об иҷозат нест.  Оморҳои ахир ҳикоятгари онанд, ки аз ҳама бештар дар ин мавсим кӯдакону наврасон ғарқ мешаванд.

АГАР ШУМО ШОҲИДИ ЯГОН ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ШУДЕД, ФОҶЕАРО МУШОҲИДА КАРДЕД ВА Ё ХУД ДАР ҲОЛИ НОГУВОРЕ МОНДЕД, ПАС ҲАТМАН БА ХАДАМОТИ КУМАКИ ФАВРӢ БО ШУМОРАИ “112” ВА Ё БО ТЕЛЕФОНИ 93 880 28 19 ХАБАР ДИҲЕД.

Манбаъ: сомонаи КҲФ Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button