ВидеоТаърихФарҳангЧеҳраҳо

ЗИҲӢ, МАРДИ БАНОМУС! ОСОРХОНАИ МИРЗОШОҲИ АКОБИР (5 АКС)

Журналист Аҳмадшоҳи Комилзода дар пайи сафараш ба ноҳияи Рашт хабар дод, ки сохтмони осорхонаи таърихи водии Рашт, ки боғдори шинохтаи сокини деҳаи Ҷафр Мирзошоҳи Акобир чандин сол боз дар пайи сохтанаш аст, дар ҳоли анҷомёбист.

Мирзошоҳи Акобир, ба навиштаи Аҳмадшоҳи Комилзода, ёдгориҳои зиёди таърихиро гирд оварда, аз солҳои 80 ба ин тараф барои дарёфти ёрӣ барои бунёди осорхона дар шаҳри Душанбе ба даҳҳо созмону ташкилоти дохилию хориҷӣ сар зад, вале ҳеч яке дасти мадад дароз накард.

 Дар ин байн боғи нодири ботаникие, ки Мирзошоҳи Акобир бунёд карда буд, бо шарофати кашфиёти беназираш дар парвариши дарахтони мевадори мутобиқ ба шароити машҳур шуд.

“Дар паҳлӯи ин ёдгориҳои беназири осорхонааш, ки дар тӯли солҳои зиёд аз деҳкадаҳои дуру наздики ин водӣ ҷамъоварӣ шудаанд, таваҷҷуҳи мардумро ба сӯйи худ кашид. Дигар ҳар меҳмони дохилию хориҷӣ дар Рашт ба дидани боғистон ва осорхонаи Мирзошоҳ, ки дуртар аз шаҳри Ғарм дар канори шоҳроҳи Душанбе-Лахш қарор дорад, меояд”, – менависад Комилзода.

Дар тӯли ин солҳо чандин тан аз сарварон, мақомдорон, сармоядорон, масъулони дохилию хориҷӣ борҳо аз боғу осорхонаи сохтаи Мирзошоҳи Акобир дидан карда, барояш бо ҳавсалаи фаровон ваъдаи ёрӣ медоданд, вале касе барои пешрафти ин кори хайр даст болои даст нагузошт.

Аҳмадшоҳ Комилзода менависад, “Мирзошоҳ рӯҳан шикаста нашуд, умедро аз даст надод, фарзандонаш ба камол расиданд, бародаронаш ба ёрӣ омаданд. Шахсони ҷудогона, касоне аз номи баъзе сохторҳо ҳамеша садди роҳаш мешуданд ва шояд бишаванд. Аммо ӯ худ барои бунёди бинои осорхона парвариши ниҳолҳои нодир ва фурӯши онҳоро ба роҳ монд. Зарра-зарра пул ҷамъ овард, масолеҳи сохтмон харид, усто овард ва дар тӯли ин солҳо сохтмони бинои осорхонаро ба анҷом расонд.”

Муаллиф меафзояд, “Мирзошоҳ истеъдод, таҳаммул, нигоҳи борики дидгоҳи ҳунарӣ, диди баланди назокати осор ва ҳунар, садоқат ба ҳунари офариданро дорад ва аз ҳунари шеъру тарона, мусиқӣ низ хуб бархурдор аст. Боғашро бо ниҳолу чаманзор, дарахтони ғайримаъмулӣ тарзе оростааст, ки он як чаманистони беназирро мемонад. Ва дар канори он як бинои хуштарҳи яккатози осорхона дар бағали боғистону чаманзорони деҳаи Ҷафри мисли нигинест дар миёни сарвистону чаманзорони ин диёр. Акнун, ҳар касе ба Ғарм меояд, хурду бузург ба дидани ин бозёфти беназири домани кӯҳҳои осмонбӯс, ки бо ҳиммату талош ва бурдборию азхудгузаштани Мирзошоҳ офарин мехонад. Зиҳӣ марди баномус ва ватандори асил!

Дар воқеъ, зиҳӣ, Мирзошоҳи Акобир! Зи некон боғ мемонад! Ва ҳам осорхона!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button