ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ УРГУТИ ӮЗБЕКИСТОН МАКТАБИ НАВ СОХТ (ВИДЕО)

Шабакаи телевизиони давлатии “Ӯзбекистон24” дар арафаи сафари навбатии президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бо нашри як гузориши нимсоатӣ хабар дод, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд як мактаби нави муосири сеқабата сохтааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон ин мактаби навро бо тамоми ашёи лозими дарсӣ, аз ҷумла бо синфҳои компютерӣ низ таъмин кардааст. Дар мактаби нав дар як баст метавонанд то 500 хонанда таҳсил кунанд.

Моҳи марти соли 2018, дар ҷараёни нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон. ҲУКУМАТИ Ӯзбекистон ваъда дод, ки ҳамчун аломати дӯстӣ дар Тоҷикистон як мактаби нав месозад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷавоб гуфт, дар Ӯзбекистон як мактаб ва як кӯдакистон бино мекунад.

Мактабе, ки Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон сохт, моҳи сентябри соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 10 то 12 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. Қарор аст, ки дар ҷараёни ин сафар Мирзиёев ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хуҷанд ҳам боздид кунанд.

Дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд як силсила созишномаҳои нав ба имзо бирасанд, ки якеаш аз ҷумла дар бораи кушодани хатҳои автобус байни ду кишвари ҳамсоя аст.

Дар арафаи сафари Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон ба созишномаи дуҷонибае имзо гузошт, ки бар асоси он,  шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафарҳои кӯтоҳмуддат ба кишварҳои якдигар аз зарурати сабти ном халос мешаванд. Бовар меравад, ки ин сабукӣ равуоро байни ду кишвар боз ҳам бештар хоҳад кард.

Ин алакай дуюмин сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баъди расиданаш ба қудрат дар соли 2018 ва дубора гарм шудани муносибатҳои Тошканду Душанбе баъди ду даҳсолаи “ҷанги сард” дар даврони раёсати Ислом Каримов мебошад.

Сафари якуми Мирзиёевро аксар таърихӣ номида буданд, чунки дар рӯзҳои он сафар тамоми гузаргоҳҳои солҳо  боз баста дар марзи ду кишвар кушода шуданд, парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд, режими виза, ки Каримов ҷорӣ карда буд, бекор шуд ва мардум имкони сафар ба кишвари ҳамсояро ба даст оварданд, савдо байни ду кишвар аз нав ҷон гирифт.

Мактаби наве ки Тоҷикистон дар ноҳияи Ургут сохт

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button