
Тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври нӯҳуми марҳалаи дуюми мусобиқоти интихобӣ барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 гуруҳи F (Осиё) дар шаҳри Осакаи Япония аз тими мизбон бо ҳисоби бузурги 1:4 шикаст хӯрд. Ягона голи дастаи Тоҷикистонро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 9 зад.
Дар бозии дигари гуруҳи F Қирғизистон аз Муғулистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Япония, ки дар ин гуруҳ дастаи аз ҳама бақувват ба ҳисоб меравад, бо 21 хол аз 7 бозӣ дар садри ҷадвал қарор дорад. Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар ҷои дуюм аст ва дар охирин бозиаш рӯзи 15 июн бо Мянма вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ низ дар Осакаи Япония баргузор мешавад.
Бо вуҷуди шикасташ аз Япония, дастаи Тоҷикистон ҳанӯз шанси гирифтани роҳхатти дуюмро аз гуруҳи гуруҳи F аз даст надодааст. Вале чунин шансро ҳамаи 4 дастаи боқимонда дар ин гуруҳ (ба ҷуз аз Япония, ки алакай ҷои якум ва роҳхатти аввалро ба худ ихтисос додааст) доранд.
Чемпионати ҷаҳон-2022
Мусобиқоти интихобӣ. Марҳалаи дуюм
Гуруҳи «F». Даври 9-ум
Осака, Япония
Япония – Тоҷикистон – 4:1
Голҳо: Кёго Фурухаси, 6 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 9 (1:1). Такуми Минамино, 40 (2:1). Кэнто Ҳасимото, 51 (3:1). Ҳаяо Кавабэ, 71 (4:1).
Қирғизистон – Муғулистон – 0:1
Гуруҳи F
Ҷой | Дастаҳо | Бозӣ | Ғалаба | Мусовӣ | Бохт | Голҳо | ± | Хол |
1 | Япония | 7 | 7 | 0 | 0 | 41 − 1 | +40 | 21 |
2 | Тоҷикистон | 7 | 3 | 1 | 3 | 10 − 12 | −2 | 10 |
3 | Қирғизистон | 6 | 2 | 1 | 3 | 10 − 6 | +4 | 7 |
4 | Мянма | 6 | 2 | 0 | 4 | 5 − 23 | −18 | 6 |
5 | Муғулистон | 8 | 2 | 0 | 6 | 3 − 27 | −24 | 6 |
Tajikistan Football Federation
Усмон Тошев: «Не хватило концентрации в опорной зоне»
Главный тренер национальной сборной Таджикистана Усмон Тошев прокомментировал итоги матча отборочного турнира чемпионата мира-2022 против сборной Японии (1:4), который прошёл сегодня, 7 июня, в Осаке.